Дар шаҳри Кӯлоб бозори пас аз баҳсҳои чандрӯза байни шаҳрдорӣ ва тоҷирон, бозори фурӯши таҷҳизоти техникии “Лола” баста шуд. Фаъолияти бозор, бо вуҷуди эътирози тоҷирони он, бо қарори раиси ин шаҳр боздошта шудааст.
Тибқи иттилоъи Радиои Озодӣ, дар мӯҳр ва қароре, ки рӯи он часпонда шудааст, гуфта мешавад, ки “Дар асоси қарори раиси шаҳри Кӯлоб аз 22 маи соли 2023 № 208 фаъолияти Маркази савдои “Лола” аз санаи 25 маи соли 2023 то анҷоми азнавсозӣ боздошта шудааст”. Маълум нест, ки оё ин бозор баъди анҷоми корҳои азнавсозӣ дубора ба кор идома хоҳад кард ё на.
Соҳибкорони ин бозори таҷҳизоти техникӣ аз он ки ба истилоҳ ҷои гарми онҳо хунук мешавад, розӣ нестанд. Шаҳрдорӣ аз чанд ҳафта пеш онҳоро барои кор дар бозори нави воқеъ дар қисмати дигари шаҳри Кӯлоб ташвиқ мекунад. Баъзе аз тоҷирон иддао мекунанд, ки он ба наздикони раиси шаҳр тааллуқ дорад. Дар ҳукумати Кӯлоб инро рад карданд.
Рӯзи 25-уми май Манучеҳр Асозода, муовини раиси Кӯлоб гуфт, “шароити бозори нав беҳтар аст. Агар дар ин бозор аз 100 то 150 нафар ҷо шавад, дар бозори нав то 400 тоҷир метавонад савдо кунад.”
Мақомдорони шаҳр дар шарҳи расмии худ мегӯянд, ки мушкили “Лола” дар ҷавобгӯ набуданаш ба талаботи шаҳрсозӣ ва танбашавии мошинҳо дар таваққуфгоҳи воқеъ дар даромадгоҳи бозор аст, чун ҳаракатро ба дохили шаҳр мушкил мекунад. Тоҷирон дар наворе, ки фиристодаанд, бо нишон додани истодгоҳи мошинҳо мегӯянд, ин танҳо баҳона аст барои кӯчондани маҷбурии онҳо.
Рӯзи 25 май даҳҳо тоҷир дар ҳудуди бозор ҷамъ омаданд. Мухолифони баста шудани бозор, ки ин маконро чун ҷои даромади муҳими худ ва оилаашон медонанд, ба ин ақидаанд, ки зарурате барои кӯч додани онҳо вуҷуд надорад. Маркази савдои “Лола”, ки як бозори марказиву одатшудаи сокинони маҳаллӣ мебошад, ҳанӯз аз охири солҳои шӯравӣ фаъол аст.
Як мояи норозигии дӯкондорон ин аст, ки имкони харидани ҷойро дар бозори нав надоранд.