Рубрики Pressa

САҲИФАҲОИ IRS ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ


Онҳо ба тавсеаву тақвияти робита бо мардум ва ҳалли бетаъхири мушкилот мусоидат намуданд

Аз рӯзе, ки ҷомеаи башарӣ арзи вуҷуд дорад, талабот ба роҳ пайдо шудааст. Маҳз тавассути роҳ инсон ба манзили мақсуд расида, тиҷорату саёҳат ривоҷ меёбад.

Замоне, ки Тоҷикистони азизи мо соҳибистиқлол гардид, миёни вилоятҳои он тамоми сол имкони рафтуомади озод вуҷуд надошт. Масалан, барои дар фасли зимистон ба шимоли мамлакат рафтан тавассути кишвари ҳамсоя масофаи зиёдеро тай кардан лозим меомад. Ин вақту маблағи бисёрро талаб мекард. Хушбахтона, роҳбарияти ҷумҳурӣ чораи фаврӣ андешида, бо ҷалби сармоягузории хориҷӣ аз пайи азнавсозии роҳе шуд, ки тавассути он робитаи шимолу ҷануби кишвар тамоми сол таъмин гардид. Намуна ва натиҷаи барҷастаи ин раванд роҳи Душанбе-Чаноқ маҳсуб мешавад, ки дар ҷумҳурӣ аз ҷумлаи роҳҳои ҷавобгӯ ба  меъёрҳои байналмилалист.

Бунёди роҳ як тарафи масъала асту нигоҳ доштани он идомаи мантиқии ин раванд ва дар сурати амалӣ нагаштан вайрон гаштани роҳ аз эҳтимол дур нест. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти нақши боризи роҳ ва бо мақсади дар ҳолати хуб нигоҳ доштани он ба хулоса омад, ки механизми инноватсиониро аз рӯйи низоми толлингӣ дар хизматрасонӣ ва идоракунии роҳи Душанбе-Чаноқ мавриди амал қарор диҳад ва тибқи шартномаи консессионӣ нигоҳдории шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ ба зиммаи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шуд.

Харидории техникаву механизмҳои пуриқтидори замонавӣ, тавсеаи таъмиру таҷдиди роҳ, таъсиси корхонаҳои истеҳсоли асфалт, мавриди истифода қарор гирифтани плазаҳои нав, коҳиш ёфтани шумораи плазаҳо ва ғайра аз ибтикороте мебошанд, ки нигоҳбони боэътимоди роҳи мавриди назар – IRS амалӣ намудааст.

Дар баробари омилҳои зикршуда, мардум аз зебову назаррабо будани роҳ, ки ба шарофати хатҳои уфуқӣ имконпазир гардидааст, изҳори қаноатмандӣ мекунанд. Мавҷудияти чунин хат яке аз талаботи асосии бахши роҳсозӣ буда, саҳми хатҳои уфуқӣ дар таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт бориз аст ва роҳро зебову назаррабо менамояд.

Биноан, кормандони филиали Ширкат масъалаи мазкурро мунтазам мадди назар қарор дода, фаъолияти худро дар робита ба кашидани чунин хатҳо тавсеа бахшидаанд. Солҳои охир, дар заминаи тадбирандешиҳои саривақтӣ аз ҷониби кормандони филиали Ширкат дар масофаи садҳо километр хатҳои уфуқӣ аз нав кашида шуданд.

Чанде пеш, баъд аз анҷом ёфтани марҳилаи асфалтхобонӣ, кашидани чунин хат дар масири Душанбе-Чаноқ шуруъ гардид. Муҳим он аст, ки ин иқдом бо истифода аз ранги босифат ва тавассути техникаи замонавӣ амалӣ шуда, кафолати муддати зиёд беосеб монданаш таъмин аст.

Чун сухан дар бораи IRS равад, пеш аз ҳама, бояд мадди назар дошта бошем, ки фаъолияти он бо мақсади таҳкими ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ роҳандозӣ шудааст. Аксарият хуб медонанд, ки нигоҳдории роҳ осон нест ва хароҷоти бениҳоят зиёд дорад. Мантиқан пулакӣ шудани роҳ низ ба хотири сарфа намудани маблағҳои буҷети давлат ва минбаъд равона намудани он ба самтҳои дигар, аз ҷумла пардохти қарз амалӣ шудааст. Ба ибораи дигар, дар заминаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ ин вазифа (нигоҳдории роҳ) ба зиммаи дувумӣ вогузор гардид. Мехоҳам як нуктаи муҳимро таъкид намоям, ки пули барои истифодаи роҳ пардохтнамудаи аҳолӣ барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳ, беҳтар намудани инфрасохтори нигоҳдории он ва харидории техникаву механизмҳои замонавӣ харҷ мешавад. Дар давоми 16  сол собит шуд, ки пулакӣ кардани ин роҳ тадбири оқилона буда, пеш аз ҳама, барои беҳдошти ҳолати роҳи стратегии кишвар дахл дорад.

Бамаврид аст аз саҳифаҳои филиали Ширкат дар шабакаҳои иҷтимоӣ ёдовар шавем, ки баҳри тавсеаву тақвияти робита бо мардум саҳми арзанда доранд. Маҳз тавассути саҳифаҳои IRS дар шабакаҳои мазкур ронандагону мусофирон назару пешниҳоди худро оид ба нигоҳдориву хизматрасонии роҳи Душанбе-Чаноқ баён намуда истодааанд. Қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш аст, ки вобаста ба ҳар як эроду пешниҳод бетаъхир тадбирандешӣ шуда, дар ин замина мушкилот сари вақт бартараф мегарданд. Масъулини IRS аз он ифтихорманданд, ки таваҷҷуҳи шаҳрвандон ба саҳифаҳои мазкур рӯзафзун буда, ронандагону мусофирон ба фаъолияти филиали Ширкат бетафовут нестанд.  Аҳолӣ дар баробари баҳои баланд додан ба корҳои амалишуда, ҳамчунин, эроду пешниҳоди худро ироа менамоянд, ки ҳатман ва фаврӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Аз ҷумла, тавассути саҳифаҳои зикршуда пешниҳод гардида буд, ки дар масири мазкур хатҳои уфуқӣ аз нав кашида шаванд. Пешниҳоди мазкур дар муддати кӯтоҳ амалӣ шуда, рӯзҳои охир дар масофаи зиёд чунин хат кашида шуд. Роҳбарияти филиали Ширкат таъкид намуданд, ки ин кор минбаъд низ идома хоҳад ёфт.

Бобоҷони НЕЪМАТУЛЛО

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *