Сафари Доналд Туск, раҳбари Шӯрои Аврупо ба Тоҷикистон, ки ҳам ҳукумат ва ҳам мухолифин аз он интизориҳое доштанд, тақрибан ҷабҳаи назаррасе надошт, агар “муштаракоти Лаҳистону Тоҷикистон”-и ӯро сарфи назар кунем. Ва бардоштани садд аз интернетро, ки ба мардум имкон дод ду рӯз ба шабакаҳои иҷтимоӣ бидуни VPN ворид шаванд.
Баробари расидан ба Душанбе ва пешвозаш аз тарафи вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддини Муҳриддин дар фурӯдгоҳ. раҳбари Шӯрои Аврупо роҳ сӯи Бадахшон пеш гирифт, то бо вазъи пиряхҳои Помир шинос шавад. Бо ин парвозаш ба самти кӯҳҳо, ӯ, мешавад гуфт, ба авлавиёти сафараш ишора кард.
Дар вохӯриаш бо раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки “Тоҷикистон шарики муҳими ИА аст”. Ӯ рӯи ин ҳарфаш дар ҳам бо забони тоҷикӣ истод ва навишт » Хушнудам аз сафар ба Душанбе. Тоҷикистон шарики муҳими Иттиҳоди Аврупост. Бо сафари худ инро таъкид карданӣ ҳастам».
Раҳбари Шӯрои ИА ба ҳуқуқи башар ишора кард, аммо бисёр умумӣ. Мухолифин интизор доштанд Туск вазъи бади ҳуқуқи башар ва озодии байн дар кишварро бо Раҳмон баррасӣ хоҳад кард, аммо чунин нашуд. Танҳо ишорае дошт, ки гуфт “ҳадафи олии ҳар сиёсатмадор таъмини амният, ҳуқуқи инсон ва озодиҳост. Барои расидан ба ҳадафҳо қувват, мардонагӣ ва хоҳиш лозим аст”.
Интизориҳои ҳукумат ҳам бароварда нашуданд. Албатта масъалаи пайвастани Тоҷикистон ба Барномаи идғоми иқтисодии Иттиҳоди Аврупо (GSP+) баҳс шуд ва Доналд Туск ваъда кард масъаларо пайгирӣ кунад. Аммо, аввалан пайвастан ба ин барнома аз кӯшишҳои худи Тоҷикистон, бахусус ислоҳоти иқтисодӣ дар кишвар бештар вобаста аст, ки аз пайгирии раҳбари Шӯрои ИА. Сониян, ҳатто дар сурати пайвастан ба ин барнома низ, Тоҷикистон чизе барои содирот ба Аврупо надорад. Ҳатто меваҳои “биҳиштии” Тоҷикистон наметавонанд дар бозори Аврупо бо ҳазорҳо пешниҳоди кишварҳои дигар рақобат кунанд.
Аммо танҳо ҳамин, ки раҳбари Шӯрои ИА ҳарфе дар бораи нақзи саросарии ҳуқуқи башар дар кишвар, озодии баён ва шиканҷаи маҳбусон дар зиндонҳо назад, гузашти бузурге барои ҳукумат буд.
Доналд Туск дар нишасти хабариаш ба умимияти Тоҷикистон ва ватанаш Лаҳистон ишора карда гуфт, ки “байни Тоҷикистону Лаҳистон дар ончӣ ба мубориза барои озодӣ дахл дорад, умумиятҳои зиёде мавҷуд аст”. Ин меҳрубонии ӯ наметавонад ҳукуматро хушҳол кунад — ҳеҷ нафаре дар ин ҳукумат, сар аз Эмомалӣ Раҳмон, барои озодӣ мубориза накардааст. Баръакс, ин намояндагони Фронти халқӣ, ки 27 сол ҳукумат меронанд, авоили солҳои 90 зери парчами сурхи Шӯравӣ барои барқарории он меҷангиданд.
Чанд соат қабл аз сафари Туск, мақомот маҳдудияти баъзе сойтҳо ва шабакаҳои иҷтимоиро, ки даҳ рӯз боз идома мекард, бардоштанд. Зоҳиран ба суоли раҳбари Шӯрои Аврупо дар бораи маҳдудияти сойтҳо омодагӣ гирифтанд. Корбарон бозшавии сойтҳо ва шабакаҳои иҷтимоиро чун нафаси ҳавои тоза қабул карданд ва ҳоло бо рафтани Туск бо нигаронӣ мунтазиранд, ки кай шабакаҳо аз нав баста мешаванд. Баъзеҳо ҳатто савол гузоштаанд, ки “Туск ҳолӣ нарафт?”
Фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандӣ ҳам, ки одат карда буданд мақомоти баландпояи аврупоӣ ҳамеша зимни сафарҳояшон бо онҳо мулоқот мекунад, ноком монданд. Раҳбари Шӯрои Аврупо аз онҳо ҳатто ёд накард.
Дар турнеи осиёимиёнагии раҳбари Шӯрои Аврупо сафар ба Ӯзбекистону Қазоқистон ҳам дар назар аст. Танҳо баъди анҷоми силсиласафараш мешавад хулосагирӣ кард, ки раҳбари Шӯрои Аврупо дар Осиёи Марказӣ чӣ меҷуст.
Аммо, ҳини сафараш ба Тоҷикистон Доналд Туск қоидаи хуби дипломатияро риоя кард: ҳарчанд касеро хурсанд ҳам карда натавонист, кӯшид ҳеҷ касро наранҷонад.