Рубрики Хабарҳо

Дар панҷ моҳ таваррум аз 5% гузашт

Таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-майи соли равон 5,4 дар садро ташкил додааст.

Тавре Агентии омори назди ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, маҳсулоти хӯрокворӣ дар ин давра 10,6 дар сад, маҳсулоти ғайриозуқа ва хизматрасониҳои пулакӣ, баръакс, мутаносибан 0,2 ва 0,9 дар сад арзон шуданд.

Аз ҳама гарон: лимӯ — 3,1 маротиба, сирпиёз — 2,5 маротиба, картошка — 1,7 маротиба, лӯбиё — 51,9 дар сад, орди гандум — 22,9 дар сад, ярмаи — 22,6 дар сад, макарон — 20 дар сад ва бештар аз он ба фурӯш баромадаанд.

Дар баробари ин, Агентӣ қайд мекунад, ки нархи бодиринг 68,5 дар сад, пиёз 31,2 дар сад, шир ва мурғ 5,8 дар сад, помидор 0,5 дар сад коҳиш ёфтааст.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта сатҳи таваррум дар ҷумҳурӣ 8 дар сад буд.

Бонки миллии Тоҷикистон тасмим дорад, ки дар охири сол таваррумро дар сатҳи 7 дар сад нигоҳ дорад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *