Рубрики Хабарҳо

Илон Маск: ҳудуди сад дастгоҳи интернети моҳвораӣ дар Эрон фаъол шудааст

Илон Маск, раиси ширкати Спейс Икс мегӯяд ҳудуди сад дастгоҳи Старлинк, ироакунандаи хадамоти интернети моҳвораӣ дар Эрон фаъол шудааст. 

Маск дар моҳи сентябр эълом кард, ки ин дастгоҳҳо ба унвони бахше аз кумакҳои Амрико, барои густариши озодии интернет ва гардиши иттилооти озод дар Эрон фаъол мешавад. 

Ҷумҳурии Исломии Эрон аз нахустин рӯзҳои оғози эътирозоти саросарӣ дар Эрон маҳдудиятҳои шадиде дар заминаи дастрасӣ ба интернет вазъ кардааст. 

Дар ҳоли ҳозир, шаҳрвандони Эрон барои дастрасӣ ба интернет бо сонсури густурда мувоҷиҳанд ва ҳукумат дар пайи эътирозотҳо интернетро қатъ мекунад. 

Дастгоҳи Старлинк ин имконро ба эрониён медиҳад, ки аз садди маҳдудиятҳои вазъшудаи ҳукуматӣ убур кунанд ва ба интернет ва бархе аз шабакаҳои иҷтимоӣ дастрасӣ пайдо кунанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *