Рубрики Хабарҳо

Олмон консулгариҳои Русияро мебандад

Давлати Олмон тасмим гирифтааст аз панҷ консулгари Русия чаҳортояшро таътил кунад. Вазорати хориҷаи Русия мегӯяд ба ин «иқдоми ғайридӯстона» посухи муносиб хоҳад дод. Гуфта мешавад консулгари Русия дар шаҳри Бонн ба фаъолияташ идома медиҳад. 

Маскав дар вокуниш ба тасмими таътили чаҳор консулгарии Русия дар Олмон, Берлинро ба “посухи муносиб” таҳдид кард. Вазорати хориҷаи Русия дар баёнияе гуфт: “набояд фикр кунанд, ки ин ицдоми носанҷида бидуни вокуниши мутаносиб боқӣ мемонад.” 

Дар ин баёния таъкид мешавад, ки коҳиши ҳузури консулии Русия дар Олмон, иқдоме бо ҳадаф тахриби муносибот ду кишвар талаққӣ мешавад: “Берлин дар ин сиёсати душманона ба бероҳа хоҳад рафт ва масъулияти комил тирагии муносибот дутарафа бар ӯҳдаи ӯст.” 

Олмон рӯзи чаҳоршанбе, 31 май эълом кард, чаҳор консулгарии Русия дар ин кишварро мебандад ва танҳо як сарконсулгарӣ ва сафорати Русия имкони фаъолият дар ин кишварро хоҳанд дошт. Ин тасмим ба навбати худ, вокунише буд ба эъломи Маскав мабнӣ бар ин, ки бисёре мақомоти олмонӣ бояд Русияро тарк кунанд. 

Маскав маҳдудитҳое барои шумори коркунон дастгоҳи дипломосӣ ва марказҳои фарҳангии Олмон дар Русия дар назар гирифта ва гуфтааст аз аввали июн, шумори кормандон бояд на бештар аз 350 нафар бошад. 

Русия дар шаҳрҳои Франктфурт, Гамбург, Лейпзиг, Мюнхен ва Бонн, консулгарӣ дорад. Давлати Олмон мушаххас накардааст, ки кадоме аз ин панҷ марказ ба фаъолият идома хоҳанд дод ва ба гуфтаи сухангӯи вазорат хориҷа дар Берлин, Русия худаш дар ин замина тасмим мегирад. Ҳоло Маскав мегӯяд сарконсулгарии шаҳри Бонн ба кораш идома хоҳад дод. 

Маскав дар ҳоле Берлинро ба иқдоми ғайрдӯстона муттаҳам карда, ки дар ташдиди таниш пешқадам шуда буд. Сухангӯи вазорат хориҷа Олмон эълом кард, ки тасмими Маскав барои коҳиши кормандони дипломатик ва фарҳангии Олмон ба 350 нафар, давлати федералро водошт то сарконсулгариҳои ин кишвар дар Калининград, Екатеринбург ва Новсибирискро ро таътил кунад. 

Маскав як моҳ қабл низ беш аз 40 дипломати олмониро ихроҷ карда буд. 

Тасмими ахири Русия ҳамчунин шомил садҳо корманди олмонӣ аз ҷумлаи дипломатҳо, омӯзгорон ва коркунон муассисаи Гёте низ мешавад, ки бояд ин кишварро тарк кунанд. Бар ин асос, илова бар хадамоти дипломатик, бахшҳои фарҳангӣ ва омӯзишӣ низ таҳт таъсир қарор мегиранд. Аз ҷумла шуғлҳои марбут ба мактаби олмонӣ дар Маскав ва муассисаи фарҳангии Гёте.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *