Рубрики Хабарҳо

Оё воқеъан Вашингтон дар ҳамлаи Исроил ба Эрон даст надошт?

Се ҳамлаи ҳавоии ахир алайҳи аҳдофи Эрон, ки дар камтар аз 48 соат рух дод ба Исроил нисбат дода шудааст. Яке аз он, ҳадаф дар дохили Эрон мавриди исобат қарор гирифт, ки як маркази тавлиди силоҳ дар Исфаҳон буд. Баъд ҳам корвонҳои таслиҳотии Эрон ду бор дар хоки Сурия ва дар наздикии марзи ин кишвар бо Ироқ мавриди ҳамла қарор гирифтанд. 

Расонаҳо ҳамла дар хоки Эронро бештар мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд, ки дар он аз паҳподи интиҳорӣ истифода шуда буд. Аммо бар асоси таҳлиле, ки аз сӯи веб-сайти хабарии “Haaretz” мунташир шуда, ин ҳамла ва ду ҳамлаи ҳавоии густурда ба корвонҳои таслиҳотӣ нишон медиҳад, ки Исроил дар ҳоли афзоиши фаъолиятҳои худ алайҳи Эрон аст, ки сарфан ба мубориза бо барномаи ҳастаии ин кишвар низ маҳдуд намешавад. 

Бар асоси ин таҳлил, ин сиёсат аз замони давлати пешини Исроил оғоз ва ба шакли мухталифе иҷро шудааст: аз яксу харобкориҳо ва террорҳо дар дохили Эрон дар иртибот бо барномаи ҳастаии ин кишвар, ва аз сӯи дигар талош барои ҷилавгирӣ аз тавзеъи силоҳ тавассути Теҳрон дар миёни созмонҳои террористӣ ва чирикии фаъол дар саросари Ховари Миёна ва ҷилавгирӣ аз эҷоди пойгоҳҳои низомии Эрон дар кишварҳои дигар. 

Дар давраи нахуствазирии Нафтали Бенет, тасмим гирифта шуд, ки ҷудоии байни ин ду раванд “ҳазф” шавад. Ба ҳамин далел соли гузашта расонаҳои хориҷӣ дасти кам се ҳамлаи Исроилро алайҳи аҳдофе дар дохили Эрон гузориш карданд, ки ҳамаи онҳо ҳам муртабит бо фаъолиятҳои ҳастаӣ набудааст. Яке аз онҳо ҳамлаи паҳподӣ, дигаре ҳамлаи ҳавопаймоии бидуни сарнишин “Мултиратор” ва севуми ҳам террор будааст. 

Шанбеи гузашта як корхонаи тавлиди таслиҳот дар Исфаҳон тавассути паҳподҳои интиҳорӣ мунфаҷир шуд. Ин ҳамлаи печида, ки эҳтимолан ба ҳузури нерӯҳои дар дохили Эрон ниёз дошта, дар ҳоле рух дод, ки кобинаи амниятии Исроил дар Тел-Авив ташкили ҷаласа дода буд. 

Албатта ин ҷаласа барои тасмимгирӣ дар мавриди вокуниш ба кушта шудани ҳафт ғайринизомӣ тавассути як марди мусаллаҳи фаластинӣ дар маҳаллаи “Нава Окуф”-и Иерусалим дар асри рӯзи гузаштаи он баргузор шуда буд, аммо тибқи маъмул, амалиёти амниятии Исроил ба арсаҳои дигар ҳамбаст пайдо кард ва якшанбе ва душанбе мошинҳои борари Эрон дар хоки Сурия ҳадаф қарор гирифтанд. 

“Haaretz” дар тавзеҳи ҳамла ба корвони мошинҳо ду фарзияро матраҳ кардааст: фарзияи аввал ин ки ҳадаф аз ин ҳамалот ҷилавгирӣ аз қочоқи таслиҳот будааст. Мақсади ниҳоии ин борҳо Ҳизбуллоҳи Лубнон гуфта мешавад, ки ба мушакҳои ҳидоятшавндаи дақиқ ва системҳои дифоъии ҳавоии пешрафтаи Эрон ниёз дорад. Дувумин фарзия ҳам, сирфан амалӣ кардани сареъи як тасмим будааст. Тасмим барои задани мошинҳои борбари Эрон он ҳам барои ду дафъа. 

Ба ин тартиб Исроил ба Эрон сигнал медиҳад, ки аз густариш ва ташдиди рӯёрӯии низомӣ ҳаросе надорад. 

Ваҷҳи дигар дар ин ҷанги “пайғом ва пасғом”, ҷониби амрикоии он аст. Ду ҳамлаи аввал замоне анҷом шуд, ки Уилям Брёнс, раиси CIO дар Исроил ҳузур дошт. Севумин ҳамла ҳам каме қабл аз вуруди Энтони Блинкен иттифоқ афтод. Баъд аз вуруди Блинкен, вақте хабарнигорон дар бораи ин ҳамалот савол карданд, ӯ ҷавоб дод, ки чизе барои изофа кардан надорад. Бо ин ҳол ӯ бар тааҳҳуди Иёлоти муттаҳида ба ҳифзи амнияти Исроил таъкид кард. 

Дар таҳлили “Haaretz” ҳамчунин омадааст: дар ҳоле, ки Иёлоти муттаҳида ин ҳамалотро анҷом надода, аммо хеле сахт аст, ки бовар шавад давлати ҷадиди Исроил бомбаборони аҳдофи Эронро бидуни ҳамоҳангии қаблӣ бо Иёлоти муттаҳида анҷом додааст. 

Илова бар ин ҳам, бояд гуфт, ки ин се ҳамла чанд рӯз пас аз поёни манёврҳои ҳавоии муштарак бо ҳузури теъдоди зиёде аз нерӯҳои амрикоӣ, ки бархе аз онҳо дар хоки Исроил мустақар ҳастанд, сурат гирифтааст. 

Тамоми ин иқдомот ба Эрон нишон медиҳад, ки Иёлоти муттаҳида ва Исроил то ҳадди зиёде бо ҳам ҳамоҳанг ҳастанд. Аммо бо ин ҳол хабаре аз ҳамлаи қарибулвуқуъи Иёлоти муттаҳида ва Исроил ба сайтҳои ҳастаии Эрон вуҷуд надорад. 

Бо ин ҳол, тамоюли Иёлоти муттаҳида барои манёврҳои муштарак ва худдорӣ аз маҳкум кардани ҳамалоти Исроил, нишондиҳандаи сиёсати феълии давлати Байден аст: барои ниятҳо ва токтикҳояш Исроилро наздики худ нигаҳ медорад, ба ин умед, ки Амрико ба моҷароҷӯйиҳои ғайризарурӣ кашонда нашавад ва аз тарафи дигар дар баробари ибтикороти Исроил дар муқобили Эрон сабурӣ мекунад. 

Эрон ҳам Исроилро масъули ҳамалоти ахир медонад ва тибқи маъмул таҳдид ба интиқомҷӯйиро матраҳ ва ба таври мушаххас эҳтимоли зарба задан ба киштиҳои исроилиро ба миён овардааст. 

Дар ҳар сурат возеҳ аст, ки Эрон қасд дорад ба ҳаводиси ахир вокуниш нишон диҳад. Ин ҷанг дар ҷабҳаҳои мухталиф ва бо абзорҳои мухталиф идома хоҳад дошт, аммо зоҳиран шиддати он нисбатан камтар аз гузашта хоҳад буд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *