Categories Хабарҳо

Мавҷи эътирозот дар Қирғизистон аз сар гирифта шуд

Дар Бишкек ва минтақаҳои дигари Қирғизистон намоишҳои эътирозӣ дирӯз 7 октябр дубора шурӯъ шуд.

Дирӯз чоршанбе ҳазорҳо эътирозгар дар муқобили бинои ҳукумат ва майдони марказии Ала-Тоо дар Бишкек ҷамъ омада, ба ташкили ҳукумати нав аз ҳисоби сиёсатмадорони нав даъват карданд. Онҳо талаб намуданд, ки Тилек Токтогазиев сарвазир шавад.

Ин дар ҳолест, ки порлумон рӯзи 6-уми октябр ба ин мақом номзадии Содир Ҷапаровро пешниҳод кард. Ҷапаров дар зиндон буд. Ӯро шаби 5 ба 6-уми октябр озод карданд.

Матбуоти Қирғизистон навишт, тасмими пешбарии Ҷапаров ба мансаби нахуствазир як гурӯҳи мардумро ба хашм овард ва издиҳом ба меҳмонхонае, ки дар онҷо вакилон ҷаласа мекарданд, ҳамла намуд. Содир Ҷапаров маҷбур шуд, аз дари паси бино фирор кунад.

Шӯрои мардумии ҳамоҳангсоз, ки ба таври худхонда аз ҷониби чанд ҳизби мухолифи ҳукумат ташкил шудааст, рӯзи 7-уми октябр гуфт, ҳукумати Ҷапаровро эътироф намекунад ва раҳбарии ниҳодҳои давлатиро ба дасти худ гирифта, порлумонро пароканда мекунад.

Вазъият дар Қирғизистон баъди он печида шуд, ки Комиссияи марказии интихобот рӯзи 5-уми октябр гуфт, дар интихоботи рӯзи якшанбе (4-уми октябр) чаҳор ҳизби рӯ ба ҳукумат баранда шуданд.

Мухолифон ба нишони эътироз ба натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ ба майдонҳо рехтанд ва бинои ҳукумату порлумон ва Кумитаи давлатии амнияти миллиро “ишғол карданд”. Онҳо гуфтанд, дар интихобот тақаллуби зиёд ва харидани овози раъйдиҳандаҳо сурат гирифтааст.

Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон рӯзи 6-уми октябр натиҷаҳои интихоботро бекор кард ва нахуствазиру мақомҳои дигари баландпояи ҳукуматӣ низ ба истеъфо рафтанд.

Нозирони байналмилалии интихобот ҳам гуфтанд, ки ин масъала мавриди нигаронии онҳо мебошад. Дар ҷараёни задухӯрди эътирозгарон бо пулис як ҷавони 19-сола кушта шуд ва садҳо нафар захмӣ гардиданд.

Ҳаводиси ахир дар Қирғизистон дар ҳоле босуръат тағйир меёбад, ки бебандубории сиёсӣ барои ин кишвар таҷрибаи нав нест. Дар давоми 15 соли гузашта дар натиҷаи эътирозҳо ду президент аз қудрат барканор шудаанд.

Русия, ки як ҳампаймони деринаи Қирғизистон аст, аз эътирозҳо дар ин кишвар изҳори нигаронӣ кардааст. Дар қаламрави Қирғизистон, ки ҳамчунин бо Чин марз дорад, пойгоҳи низомии ҳавоии Русия ҷойгир аст.

Эътирозгарон рӯзи 7-уми октябр гуфтанд, ки онҳо аз созмонҳои ҷавонон намояндагӣ мекунанд ва талабашон ин аст, ки «сиёсатмадорони кӯҳнаи фасодзада» аз ҳукумат дар канор биистанд. «Кӯҳнаҳо бояд бираванд».

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *