9-уми сентябри соли 2025 шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯзон хоҳад шуд.
Ба гуфтаи Шоҳин Самадӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ба муносибати 34-солагии Истиқлоли давлатӣ шаршараи Ниагара 9-уми сентябри соли 2025, соати 07:00 (бо вақти Душанбе), 8-уми сентябр, соати 22:00 (бо вақти Ню-Йорк) бо рангҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯзон хоҳад шуд.
Дар баробари фурӯзон гардидани Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушакпаронии ҷолиб низ пешкаш карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки солҳои 2023 ва 2024 низ ба муносибати Истиқлоли давлатӣ шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯзон гардида буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube