Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо тасвиби қонуни нави мубориза бо терроризм иҷозатномаи таъсиси ниҳоди муқобила бо таблиғоти афкори гуруҳҳои террористӣ ва ифротӣ дар фазои маҷозиро барои идораҳои амниятӣ ва интизомӣ содир кард.
Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода, намояндаи Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон ҳангоми баррасии ин тарҳ гуфтааст, ки зарурати таъсиси чунин ниҳоде аз сӯи Додситонии кул, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазоратҳои умури дохила ва адлияи ин кишвар ироа шудааст.
Холмуҳаммадзода таъкид кардааст, ки ситоди махсусе ба ин манзур дар Додситонии кулли Тоҷикистон таъсис мешавад, ки масъулияти ҳамоҳангии тамомии идораҳои амниятӣ ва интизомиро барои муқобила бо таблиғоти афкори гуруҳҳои террористӣ ва ифротӣ дар фазои маҷозӣ бар уҳда хоҳад дошт.
Мушаххас кардани ашхос ва гуруҳҳои фаол дар заминаи ҷазби ҷавонон ба гуруҳҳои террористӣ аз ҷумла гурӯҳи ҷангҷӯи Давлати исломӣ ва ҷалби онон ба минтақаҳои даргириҳои мусаллаҳона дар хориҷ аз Тоҷикистон аз вазифаҳои ин ниҳод аст. Дар Тоҷикистон бар асоси ҳукми додгоҳи олии ин кишвар 18 созмон ва гуруҳ аз ҷумла гурӯҳи ҷангҷӯи Давлати исломӣ, Толибон, Ҳаракати исломии Узбакистон, Ҳизби исломии Туркистони шарқӣ, Ҳизби таҳрир, гуруҳи Салафия, Алқоида, Ҷабҳатулнасра, Ихвонулмуслимин, лашкари Таиба, Ҷамоати исломии Покистон, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Гуруҳи 24, Паймони миллӣ, Гуруҳи таблиғи ҷамоат, Тоҷикистони озод, Ансоруллоҳ, Шоҳидони Яҳуво ва чанд созмони дигар, террористӣ ва ифротӣ эълом ва фаолияти онон дар кишвар мамнуъ шудааст.