Ба назар мерасад тахриби сарбанди Каховка ба дасти укроиниҳо бо таваҷҷуҳ ба шароити набард дар ҷабҳаҳои ҷанг ва ваъдаи Киев барои анҷоми зиддиҳамлаи бузург дар манотиқи ҷануби шарқӣ ва шарқи ин кишвар барои бозпас гирифтани манотиқи ишғолӣ наметавонад барои Киев манофеъи бузурге дар пай дошта бошад.
Сарбанд ва нерӯгоҳи обии Каховка дар ҷануби Укроин дар нахустин соатҳои бомдоди рӯзи сешанбе, шашуми июн бар асари инфиҷоре, ки маншаъи он ҳанӯз мушаххас нашуда тахриб шуд.
Маншаъ ва омили аслии тахриби сарбанди Каховка ҳанӯз мушаххас нашуда ва ду тарафи ҷанг дар Укроин ҳар як дигареро ба даст доштан дар он муттаҳам мекунанд.
Он чи аз тасовири мунташиршуда пайдост инфиҷор пушти сарбанд ва дар сохтмони нерӯгоҳи обии баонпайваста бахши бузурге аз ин сохтмонро тахриб кардааст.
Илова бар нигаронӣ нисбат ба паёмадҳои зистмуҳитии тахриби сарбанди Каховка, ки ҷорӣ шудани сел дар манотиқи мушриф ба он ва ихтилол дар амалкард ё ҳатто хатраҳои ғайри қобили пешбинӣ аз қатъи як манбаъи хунуккунанда барои нерӯгоҳи ҳастаии Запороже аз ҷумлаи онҳо аст, тарҳи ду пурсиши муҳим дар бораи аҳамияти ин сарбанд ва нафъбарандаи аслӣ аз тахриби он ба назар лозим ва зарурӣ меояд.
Контроли сарбанд дар дасти кист?
Ин сад дар қаламрави таҳти контроли Русия дар наздикии шаҳри бузурги Херсон воқеъ шудааст.
Нерӯҳои русӣ Херсонро дар марти 2022 тасарруф карданд, аммо низомиёни укроинӣ ноябри соли гузашта бо як зиддиҳамлаи муваффақ ин шаҳрро бозпас гирифтанд ва нерӯҳои русӣ пас аз ин ҳамла ба самти каронаи ҷанубии рӯдхонаи Днепро ақибнишинӣ карданд.
Русия ҳамчунон контроли бештари қаламрави каронаҳои ҷанубӣ дар поёноби сарбандро дар ихтиёр дорад, дар ҳоле, ки Укроин манотиқи шимоли рӯдхонаро контрол мекунад.
Аҳамияти сарбанди Каховка дар чист?
Ин сарбанд бо баландии 30 метр ва дарозии 3,2 километр соли 1956 бар рӯйи рӯдхонаи Днепро ба унвони бахше аз нерӯгоҳи барқи обии Каховка сохта шуд.
Каховка оби бахшҳои васеъе аз ҷануби шарқии Укроин ва ҳамчунин шибҳиҷазираи Крими Укроинро, ки Русия замимаи хоки худ кард, таъмин мекунад.
Оби мавриди истифода барои хунуксозии зарурии шаш реактори нерӯгоҳи Запороже, бузургтарин таъсисоти ҳастаии Аврупо ва ҳамчунин хунуксозии сӯхти масрафӣ ва генераторҳои изтирории нерӯгоҳ, ки ҳангоми қатъи барқ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд аз махзани ҳамин сарбанд таъмин мешавад.
Кадом тараф ҷанг аз тахриби сарбанди Каховка суд мебарад?
Тахриби сарбанди Каховка бо таваҷҷуҳ ба шароити набард дар ҷабҳаҳои ҷанг ва ваъдаи Укроин барои анҷоми зиддиҳамлаи бузург дар манотиқи ҷанубишарқӣ ва шарқи ин кишвар ба манзури бозпас гирифтани манотиқи ишғолӣ наметавонад барои Киев манофеъи бузурге ба ҳамроҳ дошта бошад.
Таваҷҷуҳ ба ҳамин як нукта кофист то иттиҳоми матраҳ аз сӯи Киев мабнӣ бар даст доштани Русия дар инфиҷори сарбанди Каховка мӯҳтамалтар ба назар ояд, эҳтимоле, ки ҳанӯз ҳеҷ марҷаъи мустақил онро таъйид ё рад накардааст.
Барои сиҳатсанҷии ин мавзӯъи кофӣ аст ба он чи дар гузориши “Нюзвик” ба нақл аз як мушовири аршади вазорати дифоъи Укроин омадааст, таваҷҷуҳ кард.
Ба гуфтаи ин мақоми аршади низомӣ тахриби сади “Новокаховка” дар дарёи Днепро воқеъ дар ҷануби Укроин амалан ба ҳар умеде мабнӣ бар ин ки нирӯҳои таҳти амри Киев қодир ба анҷоми ҳамлаи муваффақиятомезе дар саросари оброҳ бошанд, поён медиҳад.
Ин дарё бахше аз хатти муқаддам миёни неруҳои укроинӣ ва ишғолгарони Русияро ташкил медиҳад. Ба наҳве, ки неруҳои укроинӣ дар шаҳр Херсон ва соҳилҳои ғарбии он ва русҳо дар шарқи он сангар гирифтаанд.
Бо фарзи ин ки Русия пушти ин моҷаро бошад ду нуктаи муҳим матраҳ мешавад: Нахуст паёмадҳои зиёнборе, ки тахриби ин сад ба унвони муҳимтарин таъминкунанда оби масрафии нимҷазираи Крим (минтақа замимашуда ба хок Русия дар сол 2014) барои сокинон ин минтақа дорад ва дувум нафъи эҳтимолие, ки Кремл бо таҳти таъсир қарор додани манотиқи ҷанубишарқи ба воситаи селобҳои вайронгари ношӣ аз тахриби садд аз он баҳраманд хоҳад шуд.
Таҷдиди қувваҳо ва ҷилавгирӣ аз пешравии неруҳои укроинӣ дар ҷанубишарқ
Русия бо дар назар гирифтан чунин эҳтимоле, мақомоти укроинӣ ва низомиёни ин кишварро барои муддате даргири воқеа хоҳад кард ва ба навъе зимни ҷилавгирӣ ва ё ба таъхир андохтани зиддиҳамалоти ваъдадодашудаи укроин, ки бахше аз он ба тозагӣ дар ҷануби Донетск ва атрофи шаҳри Баҳмут анҷом шуд, ба неруҳои худ барои амалиёти оянда истироҳат медиҳад.
Бо мӯҳтамал донистани чунин сенариё, бояд ин нуктаро дар назар дошт, ки Маскав барои дастёбӣ ба ҳадафҳои низомии пешбинишуда пас аз тахриби садди Каховка, зиёнҳо ва паёмадҳои хисоратбори ин садама барои минтақаи таҳти ишғоли худ дар нимҷазираи Кримро фидо кардааст.
Ин нуктаро низ бояд афзуд, ки бо тахриби комили неругоҳи обии пушти садди Каховка бахши умдае аз манотиқи Укроин аз ҷумла манотиқи ҷануб ва ҷанубишарқӣ эҳтимолан аз дастрасӣ ба барқ маҳрум мешаванд.
Херсон бахше аз хатти муқаддам яке аз маконҳои дарназаргирифташуда барои зиддиҳамлаҳои эҳтимолии баҳор ва тобистони имсол аз сӯи Укроин буд.
Андрей Загороднюк, ки аз соли 2019 то 2020 вазири дифоъи Укроин буд ва акнуни симати мушовир дар вазорати дифоъи ин кишварро бар ӯҳда дорад, ба “Нюзвик” гуфтааст, ки ҳамлаи обӣ-хокӣ дар тӯли дарё акнун аз барнома хориҷ шудааст.
Ин мушовири низомии Киев дар идома тасреҳ кард бо таваҷҷуҳ ба тахриби садди Каховка “убур аз дарёи Днепро дар ин минтақа ба таври қобили таваҷҷуҳе ғайримумкин ва ҳатто анҷоми амалиёт дар кулл он минтақа бисёр душвор хоҳад шуд.”
Вай тахриби ин садро “терроризми маҳз” хонд ва афзуд, ки Маскав масъулияти ин фоҷиаро бар ӯҳда нахоҳад гирифт. Мушовири вазорати дифоъи Укроин сипас таъкид кард: “мунфаҷир кардани садд барои сӯи дигар бурдани таваҷҷуҳҳо, барҳам задани тамаркуз аз зиддиҳамлаҳо ва ҷилавгирӣ аз убури неруҳои укроинӣ аз Днепро сурат гирифтааст.”
Киев артиши Русияро масъули ин фоҷеа медонад ва Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин неруҳои ишғолгарро “террорист” хондааст.
Ба гузориши “Нюзвик” Киев пештар ҳушдор дода буд, ки русҳо саддро мингузорӣ кардаанд, то дар сурати пешравии бештари сарбозони укроинӣ онро тахриб кунанд.
Мақомоти мансуби Кремл дар минтақаи ишғолӣ иддао кардаанд, ки ин сад бомдоди рӯзи сешанбе ҳадафи ҳамалоти мушакии неруҳои Украинии қарор гирифтааст.