Рубрики Хабарҳо

Сафари Блинкен ба Арабистон дар рӯзи бозкушоии сафорати Эрон дар ин кишвар

Сафорати Эрон дар Арабистон ба таври расмӣ бозкушоӣ шудааст. Ин таҳаввул ба думболи тавофуқи ду кишвар барои азсаргирии равобит сурат гирифтааст. 

Носир Канъонӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон, пештар дар ҷамъи хабарнигорон гуфта буд, ки сафорати Ҷумҳурии Исломӣ дар Риёз ва сарконсулгарии Эрон дар Ҷидда, сешанбе ва чаҳоршанбе (6 ва 7 июн) бозкушоӣ мешавад. 

Ҳамзамон имрӯз расонаҳои Эрон гузориш додаанд, ки сафири Эрон дар маҳалли сафоратхонаи ин кишвар дар Маскат, пойтахти Уммон, мизбони сафирони Арабистон, Кувайт ва Ироқ аст. Уммон яке аз кишварҳое буда, ки ҳамвора ба унвони ҷуғрофиёи миёнҷигарӣ дар равобит Эрон бо рақибони минтақаӣ ва фароминтақавиаш нақш бозӣ кардааст. 

Сафирони Эрон ва Арабистон дар ҳоле дар Уммон дидор кардаанд, ки Алӣ Наҷафӣ, сафир Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Маскат, чанде пеш ва баъд аз тавофуқи Эрон ва Арабистон барои азсаргирии муносиботи дипломатик бо Абдуллоҳ ибни Съуд ал-Анзӣ, сафири Арабистони Саудӣ дар Уммон ва дар маҳалли сафорати Эрон дар Маскат дидор ва гуфтугӯ карда буд. 

Пештар ва дар остонаи ин бозкушоӣ гузориш шуда буд, ки Энтони Блинкен, вазир умури хориҷаи Америка, барои сафари серӯза озими Ҷидда шудааст. 

Сафар Блинкен ба Арабистон бозтоби густурдае дар расонаҳои байналмилалӣ доштааст аз ҷумла хабаргузории Фаронса дар гузорише навишта вазири умури хориҷаи Амрико дар замоне озими Риёз шуда, ки иттиҳодҳо ва эътилофҳо дар Ховари Миёна ба суръат дар ҳоли тағйиранд. Ин хабаргузорӣ нуқтаи авҷи ин тағйиротро оддисозии равобити Эрон ва Арабистон — ду рақиб ва қутби минтақаӣ дар Ховари Миёна тавсиф карда, ки бо миёнҷигарии Чин ба вуқӯъ пайваст. 

Даниел Бенаим,  дастёри вазири хориҷаи Амрико пеш аз сафари Блинкен ба хабаргузории Фаронса гуфт, ки “кори зиёде дорем, ки дар ҳоли анҷоми он ҳастем”. 

Аз сӯи дигар, вуруди вазири хориҷаи Амрико ба Арабистон дар авҷи ихтилофи Эрон бо Ғарб бар сари барномаи ҳастаии ин кишвар аст. Амрико ва муттаҳидонаш ҳамчунин аз Эрон ба хотири сиёсатҳои хориҷӣ ва тавсеаи барномаи мушакӣ ва низомиаш, Эронро мавриди интиқод қарор додаанд. Дар муқобил Эрон, ки акнун равобити наздиктаре бо Русия ва Чин дорад, Ғарбро ба адами анҷоми тааҳҳудоташ муттаҳам мекунад. 

Равобити Арабистон ва Амрико пас аз қатли Ҷамол Хошқҷӣ дар соли 2018 муташанниҷ шуд. Дар як соли гузашта пас аз он ки Арабистон бузургтарин содиркунандаи нафти ҷаҳон аз талоши Амрико барои коҳиши қимати нафт пас аз ҳамлаи Русия ба Укроин ҳимоят накард, муҷаддадан равобити диплмотики ин ду муттаҳиди қадимиро печидатар кард. Ин дар ҳоле аст, ки Николас Мадуро, раисҷумҳури Венесуэла ва аз дигар содиркунандагони умдаи нафт, ки кишвараш мавриди таҳрими Амрика қарор дорад ба тозагӣ ба Арабистон рафта буд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *