Рубрики Хабарҳо

Шурӯъи озодсозии зиндониён тибқи Қонун ”Дар бораи афв”

Озодсозии зиндониён тибқи қонун “Дар бораи афв”, ки рӯзи ҷумъа парлумон тасвиб кард ва аз тарафи раисҷумҳур билофосила имзо гардид, шурӯъ шуд. Субҳи имрӯз 27 октябр ҳудуди 800 зиндонӣ аз муассисаи ислоҳотии 3/13 воқеъ дар ноҳияи Ёвон якбора озод шуданд. 

Тиқби иттилоъи як манбаъ аз Сарраёсати муассисаҳои иҷрои ҷазои Вазорати адлия, шумори дақиқи озодшудагон аз зиндони Ёвон 794 нафар будааст. Ҳамаи онҳо то ин дақиқаҳо ба хонааҳояшон расидаанд ва ҳамроҳ бо хонаводаҳояшон қарор доранд. 

Дар муассисаи ислоҳотии 3/13 ҳудуди 1100 нафар қарор доштанд ва ҳоло ҳамагӣ ҳудуди 300 нафар, ки ба қонуни афв ворид нашудаанд, боқӣ монданд. Яъне ҳудуди 73 дарсади маҳбусони ин зиндон озод шуда, онқо ҳамагӣ 27 дарсад боқӣ мондаанд. Ба гуфтаи манбаъи Паём, озодсозии якбораи ин миқдори бузурги маҳбусон дар як рӯзро кормандони собиқадори ин ниҳод ҳам ёд надоранд. 

Яке аз маҳбусони озодшуда, ки баъди 2,5 соли зиндон чанд соат пеш ба хонааш баргаштааст, ба Паём гуфт, суръати иҷрои қонун дар зиндони Ёвон барои маҳбусон ғайримунтазир буд. “Ҳама фикр мекарданд, ки озодсозӣ зина ба зина давоми ду моҳ анҷом мешавад. Вале дирӯз ба мо хабар доданд, ки пагоҳ ба озодӣ мебароем. Мо албатта то замоне, ки амр карданд чизҳоямонро ҷамъ кунем ва саф ороста ба назди дарвоза бурданду онро боз краданд, бовар накардем” – гуфт ин маҳбуси аллакай собиқ. 

Манбаъ аз Сарраёсати муассисаҳои иҷрои ҷазо гуфт, ки чунин озодсозии якбораи маҳбусон пагоҳ дар яке аз зиндонҳои Хуҷанд дар назар аст.

Бештари коршиносон ба ин назар буданд, ки қонуни афв маъракаи бузурги ришваситонӣ барои мақомот мегардад ва онҳо аз аксари зиндониён барои ворид кардани номҳояшон ба рӯйхати афв ришва талаб хоҳанд кард. Аммо чунин нашуд. Собиқ маҳбус ҳам, ки бо Паём сӯҳбат кард гуфт, ки ҳолатҳои талаби ришва дар зиндони Ёвон ба чашм нарасидааст.  

Тибқи иттлоъи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, аз зиндони мазкур яке аз рӯҳониёни маъруфи кишвар домулло Нӯъмонхон низ (дар акс) озод шудааст.     

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *