Умед Ҷайҳонӣ, забоншиноси тоҷик хабар додааст ӯро аз тарҳи роҳандозикардааш “Вожаҷӯ” берун кардаанд. Ӯ дар як навиштааш дар саҳифаи интернетии худ даъво дорад, ки ҳамкораш Искандар Рафиев тарҳи ӯро азхуд кардааст ва аз корбарон суол мекунад, ки оё салоҳ аст Рафиевро ба додгоҳ кашад.
“…Порсол фарҳанги интернетии «Вожаҷӯ»-ро роҳандозӣ карда будем. Чанде пас бо дархости Кумитаи забону истилоҳот, ки аз Вазорати дифоъ супориш гирифта буд, вожаҳоеро барои ҷойгузинии истилоҳоту дараҷаҳои низомӣ ёфтаву сохтаву пешниҳод кардем. Дар он замон, ки ман даргири ин кор будам, ҳамкорам бино бар қароре, ки дода будем, бояд мадхалҳои «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» ва дигар фарҳангҳоеро, ки ману дигар ҳамкорон барояш дода будем, дар фарҳанги интернетии «Вожаҷӯ» боргузорӣ мекард то сипас ман онро саросар вироиш кунам. Ҳам боргузорӣ ва ҳам вироиш коре душвор ва замонбар ҳастанд. Вай корашро анҷом дод, вале маро аз виросторӣ барканор кард”, навиштааст Ҷайҳонӣ.
Ӯ амалкарди ҳамкорашро дуздии моликияти зеҳнӣ ва ноҷавонмардӣ хонда, аз корбарони “Вожаҷӯ” маслиҳат пурсидааст, ки чӣ кор кунад:
“Ҳарчанд Искандарро ба ҳаллу фасли ин қазия аз тариқи гуфтугӯ фаро хондам, напазируфт ва худамро муттаҳам ба канорагирӣ аз тарҳ кард. Чорае ҷуз кашидани ин қазия ба додгоҳ намемонад. Аммо пеш аз он ки дар ин бора тасмим бигирам, аз шумо, ҳамвандони гиромӣ, ки дар воқеъ соҳиби аслии фарҳанги интернетии «Вожаҷӯ» ҳастед, машварат мехоҳам… Аммо хиёнат ба ҳампаймон ва дуздӣ бояд муҷозот шавад. Шумо чи маслиҳат медиҳед: қазияро додгоҳӣ кунам ё накунам?”
Дар посух ба суоли Паём дар мавриди қазия, Умед Ҷайҳонӣ гуфт
“Қарор бар ин буд, ки ҳама вожаҳоро ворид кунанд то ман яксара ҳамаро ғалатҳоро ислоҳ кунам.Ҳоло мегӯяд гӯё ки ман фарҳангро вироиш намекардаам”.
Ба суоли мо дар бораи ин ки оё гуфтугӯ натиҷае надодааст, Ҷайҳонӣ гуфт, Рафиев “аз гуфтугӯ мегурезад. Хаёл карда, ки мо коргар ҳастему вай корфармо”.
Мутаассифона Паём натавонист Искандар Рафиевро пайдо кунад, то посухи ӯро ҳам бигирад. Дар сурати гирифтани посухаш, ҳаминҷо нашр мешавад.
Саҳифаи фейсбукии Умед Ҷайҳонӣ