Рубрики Хабарҳо

Анҷоми парвози чартерии иловагӣ аз Русия ба Тоҷикистон

Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии паҳншавии COVID-19 бо мақсади овардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Федератсияи Русия аз 9 то 31 октябр соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон  107 парвози чартерии иловагӣ анҷом дода мешавад.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, парвозҳо аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»  ва дар мувофиқат бо ҷониби Русия иҷро карда мешаванд.

Гуфта мешавад, шаҳрвандоне, ки ба Ватан бармегарданд, бояд бо худ маълумотнома дар бораи мубтало набудан ба коронавирус (COVID-19), ки тавассути санҷиш бо усули вокуниши занҷиравии полимеразӣ (PCR) гирифта шудааст, ва на дертар аз 96 соат (4 шабонарӯз) қабл аз омадан ба Тоҷикистон омода гардидааст, дошта бошанд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотномаи мазкур озод мебошанд.

Рӯйхати шаҳрвандони Тоҷикистон барои дохил кардан ба парвозҳои чартерӣ аз ҷониби комиссияҳои махсус, ки дар назди Сафорат ва консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар Русия фаъолият мекунанд, тартиб дода мешавад.

Ҳамзамон афзалият ба гурӯҳҳои осебпазири шаҳрвандон, пеш аз ҳама беморон, занони дорои кӯдакони хурдсол, пиронсолон, донишҷӯён, инчунин шахсоне, ки қаблан ба Русия бо сафари хизматӣ рафтаанд, дода мешавад.

Зикр мегардад, ки ҳамватанон метавонанд дархостҳои худро барои бозгашт ба Ватан ба тарзи электронӣ ба имейли charter-russia@mfa.tj барои баррасии комиссияҳои зикршуда фиристанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *