Рубрики Хабарҳо

Дар Петербург ду хоҳари ноболиғи тоҷик ғарқ шуданд

Ду духтари ноболиғи зодаи Тоҷикистон дар Санкт- Петербург ғарқ шуданд.

Тибқи иттилоъи Кумитаи тафтишотии Русия ноболиғон хоҳарон буда, яке 12 ва дигарӣ 14 сол доштаанд.

Манбаъ меафзояд, ҷасади онҳо аз ҳавзи Николский дар минтақаи Петродворсов аз об берун оварда шуд.

«Дар мавриди пайдо шудани ҷасади ду духтари 12 ва 14-сола парвандаи ҷиноӣ аз рӯи қисми 3 моддаи 109-и Кодекси ҷиноии Русия (сабаби марг аз беэҳтиётӣ) боз шудааст», — омадааст дар хабари манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, РИА Новости маълум намудааст, ки хоҳарон ҳамроҳ бо падар, модаркалон ва бародари 4 — солаи худ ба ҳавз рафтаанд.

«Тибқи маълумоти муқаддамотӣ, духтарон ҳамроҳи падарашон ба оббозӣ рафта, модаркалони онҳо ҳамроҳи бародарашон дар соҳил мондааст. Ин оила аз Тоҷикистон кӯч бастааст», афзуд манбаъ.

Гуфта мешавад, додситонии Санкт-Петербург тафтишоти ин парвандаи ҷиноиро таҳти назорати худ гирифт.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *