Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон дар гуфтугӯи мустақим бо мардум дар арафаи Рӯзи зиндониёни сиёсӣ, ки 16 сентябр эълон шудааст, ба масъалаи зиндониёни сиёсӣ пардохт. Ӯ ҳамчунин режими Раҳмонро бо режимҳои худкомаи дигар, Маҳмуди Ғазнавӣ ва Фиръавн муқоиса кард.
Ин ҳам мухтасари гуфтаҳои раҳбари ПМТ, ки “Паём” ҷамъоварӣ кард:
Иртиботи пайвастаи фикрӣ, маънавӣ ва сиёсӣ байни муборизин андешамандон, раҳбарони сиёсӣ ва миллат вуҷуд надорад. Гоҳе пайдо ва ҳатто қавӣ мешавад, аммо дар сатҳи баҳсҳо ва ҷанҷолу танқиди якдигар боқӣ меомонанд ва кор то пайдо кардани роҳҳали миллӣ барои ин ё он масоили, ки бардошта ва баҳс мешаванд, пайдо намешаванд.
Мо бояд равандеро оғоз кунем, ки як гуфтугӯи миллӣ дар сатҳи андешамандон, рӯшанфикрон оғоз шавад ва соҳибони фикру андешаи миллӣ бояд ба ин натиҷа бирасанд, ки бо ин миллат чи бояд кард ва кадом роҳҳалҳо мавҷуданд, ки миллати тоҷик аз ин вазъият берун биёяд.
Ин баҳсҳо бояд пайваста бошанд ва хеле муҳим аст, ки миллат моро ҳамроҳӣ кунад. То муборизин ва раҳбарони сиёсӣ мутмаъин бошанд, ки миллат милллатест, ки месазад барояш талош кард.
Яке аз мавзӯъҳои хеле муҳим мавзӯъи зиндониёни сиёсӣ аст. Чаро 16 сентябр рӯзи зиндониёни сиёсӣ эълон шуд? “Ман эътиқод дорам, ки ин рӯз танҳо рӯзи ҳабси як гурӯҳ аъзои ҲНИТ ва бастани ин ҳизб набуд. Балки рӯзи воридшавии Тоҷикистон ба як марҳалаи нави таърихии худаш буд: ба марҳалаи торикӣ, диктотурӣ, доштани “пешво”, ки барои як миллат воқеъан айб аст, марҳалаи суқути ҳамарӯза дар ҳама соҳаҳо.
Бархе муборизон вақте рӯйхати зиндониёни сиёсиро нашр мекунанд, аз зиндониёни наҳзатӣ фаромӯш мекунанд. Мо ҳақ надорем зиндониёни сиёсиро ба кӯчаву маҳаллаву ноҳия ва ҳизбу гурӯҳу миллату дину қавмиятҳо ҷудо кунем. Зиндонии сиёсӣ зиндонии сиёсӣ аст. Ҳар касе, ки барои фикр, мавқеъ ва андешаҳои сиёсиаш ва барои тарс додани мардум зиндонӣ шудааст зиндонии сиёсӣ аст.
Ҳеҷ кас дар Тоҷикистон кафолат надорад, ки як рӯз худаш ё яке аз наздиконаш зиндонии сиёсӣ нашавад. Ҳатто Рамазон Раҳимзода, Саймумин Ятимов, Юсуф Раҳмон худи Эмомалӣ Раҳмон ё Рустами Эмомалӣ.
Вазъи зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон шояд, ба истиснои Корияи Шимоливу Туркманистон, бадтар аз ҳама дар ҷаҳон бошад. Белорусҳо даъво доранд, ки вазъи зиндониҳои сиёсии онҳо бадтар аз Тоҷикистон ва кишварҳои дигар аст, аммо онҷо сиёсиҳо ҳади аксар 10-15 сол ҳукм мегиранд ва танҳо як нафар, ки номзад ба раёсатҷумҳурӣ буд 20 сол гирифт. 10-15 сол дар Тоҷикистон барои блогеру лайкмонҳо медиҳанд. Аммо сиёсиюни тоҷик ҳукми абад мегиранд ва режим ҳар касеро, ки дар зиндон ҳам будани ӯ ба назараш хатар дорад, мекушад ва аз байн мебарад. Барои мисол Мирзо Зиёев, Маҳмадназар Солеҳов ва дигарон.
Дар Эрон ҳам, ки зиндониёни сиёсӣ кам нестанд, ба зиндонбонҳо 5 рақами телефонро муаррифӣ мекунанд ва чанд дақиқаи муайян бо ҳамаи онҳо сӯҳбат мекунанд. Онҳо ҳамчунин ҳақ доранд, ки боз ин рақамҳоро ҳар гоҳ хостанд иваз кунанд.
Маҳмадрӯзӣ Искандаровро барои як мусоҳиба аз дохили зиндон ба ШИЗО бурданд. Раҳматуллоҳи Раҷаб, Зубайдуллоҳи Розиқ ва чанд нафари дигар ба раисҷумҳур нома навиштанд. Онҳоро ба ШИЗО бурданд, шиканҷа карданд. Имрӯз ҳеҷ нафаре аз наздикони зиндониёни сиёсӣ ҷуръати пурсидан аз вазъи зиндониёну ҳарф задан дар бораи онҳоро надоранд.
Чанд рӯз пеш бо як сиёсатмадори афғонистонӣ сӯҳбат доштам, пурсидам “шумо чанд зиндонии сиёсӣ доред?” Каме фикр карду гуфт, ки “надорем”. Толибон баъд аз он ки ҳукумтаро гирифтанд, то имрӯз ҳеҷ касеро барои мавқеъи сиёсиаш зиндонӣ накарданд.
Вазъ дар Тоҷикистон ба ҳаде бад аст, ки на дар низоми комунистӣ, на дар низоми динии Толибон то ба ин ҳад нест. Аслан низоми Тоҷикистон маълум нест чи низомӣ аст. Як низоми хамелеони баҳампечидаи номуайян. Ба бадтарин низом дар минтақа табдил мешавад ва вазъи зиндониёни сиёсии мо низ бадтарин дар муқоиса бо кишварҳои дигар аст.
Зиндониён кай озод мешаванд?
Аз лиҳозӣ ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва дипломатӣ шояд кор накарда бошад ва натавонад кор карда. Парвандаи зиндониёни сиёсии мо то баландтарин сатҳ дар ҷаҳон, ки имкон дорад — Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони милал рафт ва қарор ҳам содир шуд. Тамоми созмонҳои ҳуқуқи башар, созмонҳои байналмилалӣ ва созмонҳое, ки Тоҷикистон худаш узв аст, мисли СММ, САҲА ва даҳҳо созмонҳои дигар, ҳама гуфтанд, ки зиндониёни сиёсии тоҷик бегуноҳанд. Ин натиҷаи кори мухолифин, фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандӣ, хешу табор, ҳама дар маҷмӯъ аст. Аммо дидем, ки ин кофӣ нест. Раҳмон бо ин онҳоро озод намекунад.
То рӯзе, ки Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамин хонавода сари қудрат ҳаст, зиндониёни сиёсии мо озод нахоҳанд шуд. Дар авохир баъзе созмонҳои байналмилал ва кишварҳои абарқудрат бо ҳукумати Тоҷикистон гуфтугӯ карда истодаанд, ки як ё ду нафар аз зиндониёни сиёсиро ҳам озод кунанд. Шояд муваффақ шаванд, шояд на. Аммо чуноне, ки мегӯянд, “бо як гул баҳор намешавад”.
Роҳи ҳал озод кардани як-ду нафар, бурдани парвандаҳо ба созмонҳои байналмилал нест. Роҳи ҳал яктост — дур кардани Эмомалӣ Раҳмон ва хонаводааш аз қудрат. Аммо кай он рӯз фаро хоҳад расид?
Посух ин аст, ки ин ба Кабирӣ, ба Паймони Миллии Тоҷикистон ва ба гурӯҳҳои мубориз рабт надорад. Ин ба шумо рабт дорад — ба ба фард фарди ин миллат ба хонаводаҳои зиндониёни сиёсӣ, ба ҳар яки мову шумо. Ҳеҷ кас фикр накунад, ки “ман корманди ҳукуматам, тоҷирам, рӯзноманигорам, ба сиёсат коре надорам, ба ман чӣ рабт дорад?” На дӯсти азиз, ба ту ҳам рабт дорад. Агар ҳамин хел идома ёбад, рӯзе дари туро ҳам мекӯбанд.
Вақте инҳоро мебинам, мегӯям хуш ба ҳоли Маҳмуди Ғазнавӣ ва подшоҳони дигаре, ки дар замони Саъдиву Ҳофизу Носири Хисрав ва Убайди Зоконӣ буданд. Онҳо дар баробари Эмомалӣ Раҳмон аслан ба чойкашӣ ҳам намерасанд. Ҳатто Фиръавн, ки достонаш забонзада асту дар Қуръон ҳам зикр шудааст, дар пеши Раҳмон ҳеҷ аст. Фиръавн ҳазрати Юсуфро ҳашт сол зиндонӣ кард, аммо ӯ аз онҷо баромаду боз вазир ва азизи Миср шуд.
Навори ин гуфтугӯро инҷо бубинед: