Рубрики Хабарҳо

Фаъолони боздоштшуда ба истиснои як донишҷӯдухтар раҳо шуданд

Фаъолони ҷамъоварии имзо алайҳи болоравии қимати интернет, ки аз тарафи шӯъбаи 4-уми ВКД боздошт шуда буданд, ба ҷуз як донишҷӯдухтар раҳо шуданд. Аммо ҷамъоварии  имзо ба поён расид.

Пулис ба фаъолон таҳдид кардааст, ки дар сурати идомаи ҷамъоварии имзо, алайҳашон парвандаи ҷиноӣ боз хоҳад шуд.

Манбаъ аз зикри номи донишҷӯдухтари дар идораи пулис қарордошта худдорӣ кард ва гуфт, ки фаъолони дигар кӯшиш доранд ӯро озод кунанд.

Ёдовар мешавем, субҳи имрӯз кормандони шӯъбаи 4-уми Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон субҳи имрӯз ба яке аз толорҳои ҳусни Душанбе омада тамоми ҳуҷҷатҳои он, аз ҷумла варақаи ҷамъоварии имзо алайҳи боло бурдани қимати интернетро мусодира карданд. Кормандон ва муштариёни толор боздошт шуданд ва пулис аз онҳо хост ташкулкунандагони ин маъракаро номбар кунанд.

Созмони ҳуқуқи башар  бо нашри изҳороте дар ин бора хабар дода, онро хилофи тамоми қонунҳои Тоҷикистон ва санадҳои байналмиллалие номид, ки кишвар эътироф кардааст,.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *