Ду рӯз пас аз инфиҷор дар Пешовар, вазири хориҷаи Толибон хитоб ба мақомоти Покистон гуфт “барфи боми хонаи худро бар боми дигарон наандозед.”
Амирхон Мутақӣ афзуд Исломобод бояд мушкилоташро дар хонаи худ ҷустуҷӯ кунад.
Пештар, вазири дифоъи Покистон гуфта буд, ки аз хоки Афғонистон алайҳи Покистон истифода мешавад.
Ҳамлаи инфиҷории рӯзи душанбе дар масҷиде дар Пешавар даҳҳо кушта ва захмӣ барҷой гузошт.
Таҳрики Толибони Покистон, ки ба гуфтаи мақомҳои Покистон дар хоки Афғонистон ба сар мебаранд, масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифт. Таҳрики Толибони Покистон гуфта ин ҳамларо дар посух ба кушта шудани Холид Хуросонӣ, фармондеҳи ин гурӯҳ анҷом додааст.
Хоҷа Осиф, вазири дифоъи Покистон пас аз ин инфиҷор гуфт хоки Афғонистон алайҳи Покистон истифода мешавад ва Кобул ва Исломобод бояд барои шикасти терроризм бо ҳам кор кунанд.
Тибқи гузоришҳое, ки мунташир шуда, шумори қурбониёни ҳамлаи интиҳории рӯзи душанбе дар Пешавар ба 100 нафар расидааст.
Вазири хориҷаи Толибон рӯзи чаҳоршанбе аз мақомоти Покистон хост дар мавриди инфиҷор дар масҷиди Пешавар таҳқиқ кунанд. Ў таъкид кард имкон надорад, ки як фарди интиҳорӣ, як бомби кӯчак ё бушкаи мамлув аз маводи мунфаҷира то ин андоза тахриб кунад.
Амирхон Мутақӣ гуфт: “мо дар бист соли гузашта ҷилиқаи интиҳорӣ, бомб ё бушкаро надидем, ки сақфи масҷидро низ мунфаҷир кунад ва садҳо захмӣ барҷой бигузорад.”
Толибон дар ду даҳаи гузашта инфиҷорҳои густурдаро анҷом дода ва масъулияти шуморе аз ин ҳамалотро низ бар ӯҳда гирифтааст.
Амирхон Мутақӣ аз мақомоти Покистон хост ангушти интиқодро рӯйи Афғонистон баланд накунанд.
У фзуд: “агар шумо мегӯед, ки Афғонистон маркази терроризм аст, инро низ мегӯед, ки терроризм марз надорад. Агар терроризм дар Афғонистон мебуд, ба Тоҷикистон, Туркманистон, Эрон, Чин ва дар дигар кишварҳо ҳам густариш пайдо мекард.”
Пас аз тасаллути Толибон бар Афғонистон, шуморе аз мақомоти покистонӣ гуфтанд, ки мухолифони мусаллаҳи ин кишвар ба Афғонистон паноҳ бурдаанд.
Вазири хориҷаи Толибон мегӯяд имрӯз Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя дар амният ҳастанд ва ин баёнгари он аст, ки терроризм дар Афғонистон нест. Ин мақоми Толибон аз Покистон хост ба ҷой интиқод, ҳамкорӣ кунанд.