Ҷанг дар Укроин дар ҳоле идома дорад, ки тарс аз эҳтимоли ҳамла бо силоҳҳои химиёвӣ аз сӯи нерӯҳои Русия шиддат гирифтааст.
Гарчи Зеленский ин эҳтимолро матраҳ кард бидуни ин ки таъйид кунад, ки оё ин иттифоқ рух додааст ё на, аммо Ҷон Кёрби, сухангӯи вазорати дифоъи Амрико дар баёния гуфт, ки Пентагон ба диққат чандин иддаои мабнӣ бар истифода Русия аз силоҳи химиёвӣ дар бандари Мариуполи Укроинро зер назар дорад. Вай бо ин ҳол гуфт, ки дар ҳоли ҳозир наметавонанд чунин иддаоеро таъйид кунанд ва ба назорати дақиқи авзоъ идома медиҳанд.
Ҷанг дар Укроин дар ҳоле идома дорад, ки тарс аз эҳтимоли ҳамла бо силоҳҳои химиёвӣ аз сӯи нерӯҳои Русия шиддат гирифтааст. Ҷо Байден, раисҷумҳури Иёлоти муттаҳида барои нахустин бор куштори ғайри низомиён дар ин кишварро бо унвони наслкушӣ тавсиф кард. Путин мегӯяд қатли оми Буча, моҷарои сохтагӣ ва ҷаълӣ аст.
Охирин таҳаввулоти ҷанги Укроин дар таърихи сешанбе 12 апрелро дар ин сафҳа пайгирӣ кунед:
12.04.2022 23:59
Байден барои нахустин бор аз “наслкушӣ” дар Укроин сухан гуфт
Ҷо Байден рӯзи сешанбе артиши Русияро ба “наслкушӣ” дар Укроин муттаҳам кард ва барои аввалин бор аз ин истилоҳ барои тавсифи вазъияти кишвар мавриди таҳоҷум аз сӯи Маскав истифода кард.
Раисҷумҳури Амрико дар ҷараёни сафаре ба Айова тайи суханоне, ки ба муқобила бо таваррум ихтисос дошт, хитоб ба шаҳрвандони кишвараш гуфт: “Будҷаи хонаводаи шумо, тавоноии шумо барои пур кардани бензини худраватон, ҳеҷ кадом аз инҳо набояд ба эълони ҷанг ва наслкушии диктаторӣ дар он сӯи ҷаҳон бастагӣ дошта бошад.”
12.04.2022 23:49
Бритониё дастгирии чеҳраи оппозитсиони Кремл ва мухолифи ҷанги Укроинро маҳкум кард
Лиз Трасс, раиси дипломосии Бритониё зимни маҳкум кардани дастгирии Владимир Кара-Мурза, чеҳраи мухолифи Кремл, ки аз ҳамла ба Укроин интиқод карда буд ин иқдомро навъе бархурд бо “ангезаи сиёсӣ” арзёбӣ кард.
Трасс бо интишори твитте тасреҳ кард: “Режими Путин ба талошҳои худ барои сокит кардани афроде, ки алайҳи таҳоҷуми ғайриқонунии ин кишвар ба Укроин мавзеъгирӣ мекунанд, идома медиҳад.”
Вай сипас “маҳкумият бо ангезаи сиёсӣ алайҳи Кара-Мурза”-ро маҳкум кард ва хостори озодии фаврии ин чеҳраи оппозитсиони давлати Русия шуд.
Вакили Владимир Кара-Мурза ба хабаргузории Фаронса гуфт, ки муваккилаш пас аз дастгирӣ ба далели “итоат накардан аз полис” ба 15 рӯзи ҳабс маҳкум шудааст.
12.04.2022 23:19
Укроин аз дастгирии яке аз наздикони фирории Владимир Путин хабар дод
Мақомоти укроинии эълом карданд, Виктор Медведчук, намоянда ва тоҷири укроинӣ, ки аз вай ба унвони фарди наздик ба Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ном бурда мешавадро дастгир кардаанд.
Ин тоҷири укроинӣ, ки аз замони оғози ҳамлаи Русия гуреза ва нопадид шуда буд ба гуфтаи Киев дар пайи “амалиёти вижа” дастгир шудааст.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин дар каналтелеграми худ зимни таъйиди ин хабар ёдовар шуд, ки ин фарди гуреза “ба лутфи талоши маъмурони сервисҳои амниятӣ ва тайи як амалиёти вижа” дастгир шудааст.
Виктор Медведчук аз оғози таҳоҷуми низомии Русия ба хоки Укроин дар рӯзи бисту чаҳоруми феврали гузашта дар ҳабси хонагӣ қарор дошт аммо чанд рӯз пас аз он фирорӣ ва нопадид шуда буд.
12.04.2022 22:08
Созмон манъи силоҳҳои кимиёвӣ аз иттиҳомоти матраҳ дар Мариупол нигарон аст
Созмон манъи таслиҳоти кимиёвӣ рӯзи сешанбе нисбат ба иддаоҳои матраҳ дар хусуси эҳтимоли истифода аз силоҳҳои кимиёвӣ дар шаҳри муҳосирашудаи Мариупол дар ҷануби шарқи Укроин ибрози нигаронӣ кард.
Ин Созмон бо интишори иттилоияе эълом кард: “Дабирхонаи Созмони манъи таслиҳоти кимиёвӣ нигарони гузоришҳои таъйиднашудаи ахир дар хусуси истифода аз силоҳҳои кимиёвӣ дар Мариупол аст, ки тайи 24 соати гузашта дар расонаҳо матраҳ шудааст.
Дар идомаи ин иттилоия омадааст: Дабирхонаи фаннии Созмони манъи силоҳҳои кимиёвӣ ба назорат бар вазъият ва тамос бо кишварҳои зеррабти узв идома хоҳад дод.
12.04.2022 22:10
Блинкен Русияро ба баррасии эҳтимолии истифода аз “маводи химиёвӣ” дар Мариупол муттаҳам кард
Иёлоти муттаҳида рӯзи сешанбе муддаӣ шуд, ки “иттилооти мувассақе” ба даст оварда, ки эҳтимоли истифодаи Русия аз “маводи химиёвӣ” дар ҳамла барои тасарруфи шаҳри Мариупол дар ҷануби шарқии Укроинро матраҳ мекунад.
Антони Блинкен, вазири умури хориҷаи Амрико, ки дар ҳузури хабарнигорон сухан мегуфт дар идома тасреҳ кард: “Мо ин иттилоотро бо Укроин ба иштирок мегузорем ва бо шарикони худ дар тамос ҳастем то ҳушдор диҳем, ки он чи дар ҳоли ҳозир дар ҳоли рӯй додан аст мавзӯӣ бисёр нигаронкунандааст.”
Раиси дипломосии Иёлоти муттаҳида дар айни ҳол таъкид кард, ки қодир ба таъйиди иттиҳомҳое нест, ки нишон медиҳад нерӯҳои Русия пештар аз силоҳҳои кимиёвӣ дар Мариуполро истфода кардаанд.
12.04.2022 20:48
Созмони милали муттаҳид барои ҷилавгирӣ аз қаҳтӣ ба ибтикори Иттиҳодияи Аврупо мепайвандад
Созмони милали муттаҳид се ниҳоди зермаҷмӯаи худро барои мубориза бо қаҳтӣ дар пайи вуқӯъи ҷанг дар Укроин басиҷ карда ва онҳо бо як ибтикори аврупоӣ ҳамроҳ кардааст.
Барномаи ҷаҳонии ғизо, Созмони Харбор ва кишоварзии милали муттаҳид FAW ва сандуқи байналмилалӣ тавсеаи кишоварзии се ниҳоди зери маҷмӯаи Созмони муттаҳид ҳастанд, ки қарор аст дар ин росто бо ҳадафи коҳиши табаоти буҳрони ғизоии ношӣ аз ҷанг дар Укроин бо тарҳи аврупоии мавсум ба “мазраа” ҳамкорӣ кунанд.
Вазирони кашоварзӣ ва умури хориҷаи Фаронса, кишвари мубтакири ин тарҳ рӯзи сешанбе ба ҳамроҳи Ян Янисоч, комиссари Иттиҳодияи Аврупо дар Рим бо намояндагони ин се ниҳод дидор карданд, ки ҳар як “мувофиқати худро барои ҳимоят аз ин ибтикори фаронсавӣ мавриди таъйид қарор доданд.
Ҳадаф аз иҷрои ин барнома, ки поёни моҳи март аз сӯйи бисту ҳафт кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо роҳандозӣ шуд ҳифзи пешниҳоди ҷаҳонии ғизо бо қимате дастрас, аз тариқи коромадтар кардани бозорҳои кишоварзӣ ва зимни ҳимоят аз тавлид дар Укроин бо вуҷуди ҷанг дар ин кишвар эълом шудааст.
12.04.2022 20:23
Ҳудуди 21 ҳазор ғайринизомӣ дар Мариупол кушта шудаанд
Шаҳрдори Мариупол муддаӣ аст, ки бар асоси охирин баровардҳо, аз замони оғози таҳоҷуми Русия дар 24 феврал то кунун ҳудуди 21 ҳазор ғайри низомӣ дар ин шаҳри бандарӣ воқеъ дар ҷануби Укроин кушта шудаанд.
Вадим Бойченко, ки дар ҷараёни як гуфтугӯии телевизионӣ сухан мегуфт, афзуд, ки муҳосибаи дақиқи талафот ба далели даргириҳои хиёбонӣ дар шаҳр печидааст.
12.04.2022 19:23
Раисҷумҳури Олмон: Барои ҳузури ман дар Киев тамоюле вуҷуд надошт
Франк-Валтер Штайнмайер, раисҷумҳури Олмон, ки ба хотири равобити солҳои ахир бо Русия мавриди интиқод қарор гирифта буд, аз адами истиқбол дар Киев барои сафар ба пойтахти Укроин сухан гуфтааст.
Вай дар ин хусус ба сароҳат гуфтааст, ки пештар пешниҳод дода буд бо сарони дигар кишварҳо ба Укроин биравад аммо аз сӯи Киев мавриди пазириш воқеъ нашуд.
Ин сафар қарор буд бо руасои ҷумҳури Полша ва кишварҳои ҳавзаи Балтика анҷом шавад. Раисҷумҳури Олмон, ки дар ҷараён боздид аз Варшава сухан мегуфт, афзуд: “Ман омодаи анҷоми он сафар будам, аммо зоҳиран дар Киев мавриди истиқбол қарор нагирифт. Нуктае, ки бояд ба он таваҷҷуҳ дошт.”
12.04.2022 19:10
Раёсатҷумҳурии Укроин музокирот бо Маскавро “бисёр душвор” хонд
Михаил Падоляк, мушовири раёсатҷумҳурии Укроин рӯзи сешанбе музокирот бо Маскав барои тавофуқи сулҳро “бисёр душвор” хонд.
Суханони мақоми Укроин дар хусусии душвории музокирот бо Маскав дар ҳоле эрод мешавад, ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия низ рӯзи сешанбе аз “адами инсиҷом” ва набуди ҳамгароӣ миёни укроиниҳо ба унвони монеъ дар роҳи дастёбӣ ба тавофуқ ном бурда буд.
Михаил Падоляк дар паёме барои матбуот ва расонаҳои кишвараш ибрози тассуф кард, ки “тарафи русӣ ба тактикҳои суннатӣ фишори умумӣ бар раванди музокирот, ба вижа аз тариқи бархе изҳори назарҳо” идома медиҳад.
12.04.2022 19:45
Шаҳрдори Буча: То кунун 403 ҷасад аз қурбониёни куштори артиши Русия пайдо шудааст
Шаҳрдори Буча, воқеъ дар шимолу ғарбии Киев, мегӯяд, ки масъулони шаҳрӣ то кунун ҷасади 403 фардеро, ки ба гуфта онҳо тавассути нерӯҳои русӣ кушта шудаанд, пайдо кардаанд.
Анатолий Федорук ҳамчунин тайи суханоне таъкид кард кард, ки ҳанӯз замони муносибе барои бозгашти сокинон ба шаҳр пас аз хурӯҷи нерӯҳои Русия дар поёни моҳ март нест.
Ин омор дар ҳоле ироа мешавад, ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия рӯзи сешанбе дар суханоне куштору қатли оми ғайри низомиён дар шаҳри Бучаро “ҷаълӣ” хонд.