Расонаҳои аврупоӣ менависанд, мақомоти Испания чаҳор ҳолати сирояти коронавирусро дар байни шербачаҳо дар боғи ҳайвоноти Барселона маълум кардаанд. Моҳи апрел, дар Ню Йорк низ дар чор сар палангу се сар шерҳо коронавирус ошкор шуда буд.
Баъди мушоҳдаи ҳолатҳои монанд ба зуком, тибқи натиҷаҳои санҷиш, вирус дар чор шер ва ду корманди боғи ҳайвонот ошкор карда шуд.
«Беморӣ дар шерҳо сабук буд ва онҳо бомуваффақият табобат карда шуданд» гуфт як масъули боғи ҳайвонот.
Ҳеҷ як ҳайвони дигар бо шер тамос нагирифтааст, то муайян кунанд, ки сироят аз куҷо шурӯъ шудааст.