(Бахши дуввум қисми аввал)
Зиндагонӣ ва ҳаёти Паёмбари Худо (с) пас аз мушарраф шудан ба мақоми рисолат, ба ду бахш тақсим мешавад, ки иборатанд аз:
Даврони Маккӣ, ки сездаҳ солро дар бар мегирад
Даврони Маданӣ, ки иборат аз даҳ сол мебошад
Дар ин бахш талош мешавад ҳодисаҳо ва воқеъаҳои муҳимеро аз ҳаёти Паёмбари Худо (с), ки дар мудlати сездаҳ соли қабл аз ҳиҷрат ба вуқӯъ пайвастаанд, пешкаши хонандагони азиз гардонем.
Ғори Ҳиро макони нузули ваҳй
Расули Худо (с) пеш аз он ки ба паёмбарӣ аз ҷониби Худованд интихоб шавад, мебоист омодагии лозимро барои бардоштани ин амонати Илоҳӣ дошта бошад. Агарчӣ аз хурдсолӣ зери сояи лутфи Илоҳӣ, ба хотири он ки дар оянда битавонад бори сангини амонати Илоҳиро ба душ бигирад тарбият мешуд, вале бо наздик шудани замони баъсат зарурати бештар ба он эҳсос мешуд ва бояд як марҳила ва мактаби махсуси дигареро мегузашт, то ҳамаҷониба ва комилан омодаи пазириши ин масулияти сангин мешуд. Азин хотир тадбири Илоҳӣ бар ин шуд, ки Расули Худо мудати се сол рӯй ба хилват биёврад ва ба дур аз саргармиҳо ва машғулиятҳо заминӣ, ҳаёҳуйи зиндагонии башарӣ ва андешаҳои одамиён, вақти худро бо ибодати Худо ва бо андеша ва тафаккур атрофи ҷаҳони ҳастӣ ва офаридгораш бигузаронад. Расули Худо (с) ғори Ҳироро барои хилватгузинӣ интихоб карда буданд ва ҳаргоҳе фурсат даст медод ба онҷо мерафтанд ва шабҳову рӯзҳои зиёдеро ба ибодат ва тафаккуру тааммул, сипарӣ мекарданд ва гоҳе муддати як моҳро дар он ғор мегузарониданд. Ин хилватнишинӣ идома дошт то он замон, ки фариштаи ваҳй аз роҳ расид ва муждаи Илоҳиро барои он Ҳазрат расонид.
Фариштаи ваҳй ҳамроҳ бо паёми илоҳӣ ба суроғи Муҳаммад (с) меояд
Вақте (с) чиҳил соли умр Расули Худо(с) пурра шуд, нишонаҳо ва осори паёмбарӣ, барои он ҳазрат ва дар вуҷуди ӯ пайдо шудан гирифтанд. Ҳаргоҳ барои хилват ба берун аз Макка мерафт, сангҳо ва дарахтон бар он ҳазрат салом мегуфтанд, вақте саломро мешунид давру бари худро нигоҳ мекард, вале ҷуз сангҳо ва дарахтон чизеро намедид. Ҳар хобе, ки медиданд он хоб ба монанди равшании субҳ таҳаққуқ пайдо мекард. Бар ҳамин минвол шаш моҳ гузашт, то ин ки саранҷом, шомгоҳи душанбе бистуякуми рамазон, мутобиқ бо даҳуми августи соли 610-и милодӣ, замоне, ки Расули Худо (с) чиҳил солу шаш моҳ доштанд, Ҷабраили амин бо ояҳое аз сураи Алақ, аз роҳ расид.
Фариштаи ваҳй ба назди Паёмбари Худо (с) омада гуфт: “Бихон!” Паёмбар гуфтанд: “ Ман хондан наметавонам.” Ҷабраил ӯро дар бағал гирифта чунон фишор медиҳад, ки бе тоб мешавад, онгоҳ раҳояш намуда мегуяд: “ Бихон ба номи Парвардигорат, ки офарид! Инсонро аз хуни бастае офарид. Бихон ва Парвардигорат беҳтарини беҳтаринҳост! Зоте, ки ба воситаи қалам таълим дод. Ба инсон он чиро омӯхт, ки намедонист. “
Расули Худо аз он чӣ ба вуқуъ пайваста буд, бисёр ошуфта шуд, қалбашон ба шидат метапид, бо шитоб худашро назди ҳамсари меҳрабонаш Хадиҷа (р) расонида, мегуфт: “Пӯшонедам! Пӯшонедам! “ Он ҳазратро бо чизе пӯшониданд, баъди он ки ҳарос ва ваҳшаташ бартараф шуд, аз Хадиҷа (р) пурсид: “Бар сари ман чӣ омадааст? Маро чӣ шудааст? “ Моҷарои бар сараш омадаро барои ҳамсараш таъриф карда, гуфт: “ Бе ҳад тарсидам ва нигарони ҳоли худ ҳастам” Хадиҷа гуфт: “На, ҳаргиз! Ба Худо савганд! Худованд ҳеҷгоҳ туро танҳо нахоҳад гузошт! Зеро ту пайванди хешовандиро пос медорӣ, бори нотавононро бар душ мекашӣ, ба муҳтоҷон ёрӣ мерасонӣ, меҳмонро гиромӣ медорӣ, ва дар роҳи ҳақ мардумонро кумак мекунӣ! “
Хадиҷа (р) муносиб дид, дар ин амри муҳим аз писари амакаш Варақа писари Навфал, ки шахсе донишманд буд, кумак бигирад. Ҳамроҳи Расули Худо (с) назди ӯ рафтанд. Ҳазрат он чиро дида буд ба Варақа нақл кард. Варақа фармуд: Ҳамонтавр, ки Номуси акбар (Ҷабраил) бо паёми Илоҳӣ назди Мӯсо (с) меомад, имрӯз паёми Худоро барои шумо овардааст. Аммо қавмат даъвати шуморо такзиб намуда, аз шаҳри Макка берунат хоҳанд кард ва бо ту душмани хоҳанд пардохт. Агар Худованд барои ман то он замон фурсат бидиҳад, аз шумо пуштибонӣ хоҳам кард. Вале чанде нагузашта буд, ки Варақа аз дунё гузашт. Хазрати Хадиҷа (р) ва Варақа аввалин нафароне ба шумор мераванд, ки Расули Худоро тасдиқ намуда ба паёмбарии ӯ имон оварданд.
Бо хотири бартараф шудани ваҳшат ва ҳароси даруние, ки барои Расули Худо (с) пеш омада буд, ваҳй чанд мудат мутаваққиф шуд, то ду бора дар вуҷуди он ҳазрат иштиёқи омадни ваҳй пайдо шавад. Ҳамин ки тарсу ваҳшат аз он ҳазрат бартараф шуда рӯҳаш ором гирифт, ва ҳолати шавқу интизорӣ барои он ҳазрат пеш омад, Ҷабраил (а) дубора бо паёми Илоҳӣ суроғи он ҳазрат омад ва пас аз ин ваҳй то муддати 23 сол қатъ нагардид.
Расули Худо (с) дастур мегирад мардумро ба сӯи худо бихонад
Баъди чанд муддат канда шудани ваҳй, Ҷабраил (а) бо ояҳое аз аввали сураи “Мудассир”, ҳангоме, ки Расули Худо аз ғори Ҳиро бармегашт, назди ӯ омад. Дар ин оятҳо Худованд ба Расули Худо (с) дастур медиҳад: “ Эй ҷома бар сар кашида! Бархез ва мардумро (ба сӯи Худо бихон ва онҳоро) бим бидеҳ! Ва Парардигоратро ба бузургӣ ёд кун! Ва ҷомаи хешро покиза дор! Ва худро аз олудагиҳо пок гардон!” Пас аз нозил шудани ин оёт, Расули Худо (с) барои даъвати мардум ба сӯи Худованд ба по хост.
Дар он замон қавму қабилаи он ҳазрат ҷуз пайравии кӯркӯрона аз ойини обову аҷдодашон, ки бутпарастиву васаният буд, динеро қабул намекарданд, бо далелу бурҳон ҳам коре надоштанд. Дар заминаҳои ахлоқӣ низ ғайр аз ғайрати ҷоҳилона ва ҳаммияту ифтихороти беасос, чизе намедонистанд. Дар баробари мушкилоти иҷтимоъӣ роҳи ҳалле ҷуз зӯру шамшер намешинохтанд. Аз ин хотир, мебоист Расули Худо (с) дар даъваташ аз ҳикмат кор бигирад ва дар оғоз якбора, ногаҳонӣ ва ошкоро шурӯъ ба даъват накунад. Балки ҳикмат тақозо мекард, ки дар чунин вазъият ва бо чунин мардумоне як муддат даъвати пинҳонӣ дошта дошад.
Аввалин нафароне,ки ба даъвати Расули Худо (с) лабайк гуфтанд
Дар ин марҳила Расули Худо (с) Исломро ба бастагони наздик ва дӯстонаш арза намуд, инчунин нафароне, ки аз онон умеде дошт ва ононро мешинохт ва онҳо ҳам нисбати Расули Худо шинохти комил доштанд ва дар ростгӯӣ ва ростқавлии ӯ шакку тардиде надоштанд, ба Ислом фаро хонд. Дар ин марҳила аз даъвати Паёмбар (с) ҷамоате ба ислом мушараф шуданд, ки дар таърих ба “Собиқини авалин” (мусалмонони пештоз) шинохта шудаанд.
Дар садри онон Ҳамсари гиромии Расули Худо (с) Хадиҷа (р) ва бардаи озодшудаи вай Зайд ибни Ҳориса, Алӣ ибн Абитолиб, дӯсти содиқаш Абубакри Сиддиқ қарор доранд, ки аз авалинҳо шуда дини Исломро қабул карданд. Дар рӯзҳои нахустини даъват ба Ислом тавассути Абубакр (р) нафарони зиёде ба Ислом мушарраф шуданд, ки иборатанд аз: Усмон ибни Афон, Зубайр ибни Аввом, Абдурраҳмон ибни Авф, Саъд ибни Абиваққос ва Талҳа ибни Убайдуллоҳ ислом оварданд. Ин ҳашт нафар нахустин пешравони Ислом мебошанд.
Бар ҳамин минвол даъват идома пайдо мекард ва нафарони зиёде ба ойини ҷадид ворид мешуданд. Соҳиби Раҳиқу-л-махтум адади мусалмонеро, ки ба унвони собиқини аввалин, шӯҳрат ёфтаанд як саду сӣ нафар гуфтааст.
Дар ин марҳила аз даъвати Расули Худо (с) он ҳазрат бо истифода аз каломи Илоҳӣ, ҷавониби мухталифи тавҳид ва яктопарастиро барои пайравонаш баён мекард, мусалмононро ба тазкия ва поксозии нафсу рӯҳ ташвиқ менамуд, онҳоро ба сӯи ахлоқҳои писандида мехонд, биҳишт ва дӯзахро барои онон тавсиф намуда, бо панду андарз дили мусалмононро равшан ва рӯҳашонро тағзия мекард. Дар ин марҳила амру наҳй ва ибодате ҷуз намоз, барои мусалмонон машрӯъ нашуда буд. Аввалин ибодате, ки мусалмонон дар Макка ва ибтидои Ислом анҷом медоданд, вузӯ ва намоз буд. Ибни Ҳишом овардааст, ки Паёмбари Худо(с) ва ёронаш ҳангоме, ки вақти намоз дохил мешуд, ба дарраҳои атрофи Макка рафта дар пинҳонӣ ва дур аз чашми мардум, намозашонро адо мекарданд.
Расули Худо(с) се сол бар ҳамин шакл даъвати худро идома медод ва дар маҷлисҳо ва маҳфилҳо ва байни мардум ба даъвати ошкоро намепардохт. Бо ин вуҷуд қурайшиён аз пайдо шудани ойини ҷадиде дар Макка огоҳ шуда буданд ва мардум дар мавриди Ислом дар маҳофилҳяшон сухан мегуфтанд, баъзе аз мардум дар баробари он меистоданд ва нисбати баъзе аз мусалмонон дастдарозӣ ва зулм мекарданд.
Паёмбар дастур мегирад мардумро ошкоро ба сӯи Худо бихонад
Баъд аз он ки Расули Худо (с) тавонист ҷамъе аз мусалмононро бар меҳвари бародарӣ ва ҳамёрӣ атрофи худ ҷамъ намуда, онҳро бар пояҳои ақидатӣ, ибодӣ ва ахлоқӣ тарбият намояд, то битавонанд бахше аз масулияти даъват ба Исломро ба душ бигиранд, Худованд он ҳазратро дастур дод то даъваташро ошкоро ва дар маҳофил ва маҷомеъи умӯмӣ ба роҳ андозад.
Аввалин ояҳое, ки дар ин хусус аз ҷониби Худованд нозил гардид, чунин буданд: “ Пас он чиро, ки бадон маъмур шудаи ошкор кун ва аз мушрикон рӯй бартоб!” Сураи Ҳиҷр ояти 94
Боз фармуд: “ Ва (ибтидо) хешовандони наздикатро ҳушдор бидеҳ ва нисбат ба мӯъминоне, ки пайравӣ ту мешаванд, бисёр меҳрубон ва мутавозеъ бош! “ сураи Шуъаро ояти 214, 215
Пас аз нозил шудани ин оятҳо, Паёмбари Худо нахустин шуда хонаводаи Банни Ҳошимро, ки хешовандони наздикаш буданд ба хонаи худ даъват кард, ки онҳо дар маҷмӯъ чиҳилу панҷ нафар буданд. Аммо пеш аз он ки Расули Худо ба сухан пардозад, Абулаҳаб пешдастӣ карда ӯро ба дингурезӣ мутаҳҳам намуда, ҳушдор дод, ки қабилаи ту тавони муқобила бо ин ҳама қабилаҳои арабро надорад, ман ҳақ дорам аз ту бозхост кунам ва монеъи ту шавам. Агар боз ҳам бар афкор ва ақидаҳоят пофишорӣ намоӣ, даргирӣ бо ту барои Банни Ҳошим таҳаммулаш сабуктар аз он аст, ки ҳама қабилаҳои Қурайш бар сари ту бирезанд. То кунун касеро надидам, ки барои фарзандони падараш бадтар аз он чизе, ки ту овардаӣ биёварад! Баъди шунидани суханони Абулаҳаб, Расули Худо (с) дар он маҷлис чизе нагуфтанд.
Бори дигар онҳоро даъват карда баъд аз хамду санои Худованд ва гувоҳӣ бар ягонагии Ӯ, хитоб ба онҳо гуфтанд: “Роҳнамои корвон ҳеҷгоҳ бар корвониёни худ дурӯғ намегӯяд! Ман фиристодаи Худои якто ба сӯи шумо махсус ва барои тамои мардум дар умум ҳастам. Саввганд ба Худо! Ҳамагии шумо хоҳед мурд, ҳамонгуна, ки мехобед ва ҳамагӣ барангехта хоҳед шуд ҳамонгуна, ки бедор мешавед! Дар баробари ҳар он чӣ мекунед подош хоҳед гирифт ва саранҷом вориди биҳишт ва ё дохили дӯзах хоҳед шуд! “
Инҷо буд, ки Абутолиб омодагии комили худро дар ҳимоят ва пуштибонӣ аз Расули Худо эълон кард ва фармуд дар ҳама ҳолат аз ту пуштибонӣ хоҳам кард. Аммо боз Абулаҳаб ба мухолифат бархоста, инро як расвои хонд ва аз онҷо будагон дархост кард, пеш аз он ки дигарон ба сари ӯ бирезанд шумо бояд пеши роҳашро бигиред.
Даъват аз болои кӯҳи Сафо
Расули Худо доманаи даъвати худро васеътар намуда, рӯзе бар кӯҳи Сафо боло шуду як як қабоили Қурайшро ном гирифта, ҳушдор ва бим дод. Садои Паёмбарро қариб ҳамагӣ аҳли Макка мешуниданд, ҷумлагӣ ба сӯи он ҳазрат шитофтанд, ҳар касе худ ҳозир нашуд намоянаде фиристод. Вақте ҳама гирд омаданд, Паёмбари Худо гуфт: “Агар бигӯям лашкаре бар доманаи кӯҳ қасди ҳамла бар шуморо дорад , маро бовар хоҳед кард!?” Ҳамагӣ гуфтанд: “ Ҳатман, чун сухани дурӯғе аз ту нашунидаем.” Онгоҳ ҳамаи ҳозиринро ба сӯи ҳақ ва ҳақиқат даъват намуд, гоҳ ба таври умум ва гоҳе бо зикри номи қабила ва афрод ононро нисбат ба азоби илоҳӣ ҳушдор медод. Вақте маҷлис ба поён расид, ҳамагӣ пароканда шуданд ва ҳеҷ касе, ҷуз Абулаҳаб эътирозе накард. Абулаҳаб дар муқобили Паёмбар истода, бо ҳамоқати зиёд гуфт: “ Ҳалок шавӣ, оё ба хотири ин моро дар ин ҷо гирд овардаӣ!” Баъдан дар ҷавоб ба густохии Абулаҳаб, сураи “Таббат” нозил гардид.
Пас аз ин Расули Худо (с) дар ҳама маҷолис ва маҳофил мардумро ошкоро даъват карда, китоби Худоро барои онон тиловат менамуд ва дар пеши чашми мардум ба ибодат мепардохт. Дини Ислом ба тадриҷ дар байни аҳолии Макка густариш пайдо мекард ва сафи мусалмонон рӯз ба рӯз зиёд мешуд. Қурайш аз дидани ин саҳнаҳо парешонхотир гашта буданд, аз ин хотир даст ба кор шуда, дар муқобили дини ислом бо тамоми ҳастиашон истоданд.
Давом дорад