Тавре маълум гардид, субҳи 26 июн парвандаи ҷиноӣ оид ба ташкили шӯриши мусаллаҳона (моддаи 279-и Кодекси ҷиноӣ), ки шахси асосиаш муассиси ширкати хусусии ҷангии Вагнер Евгений Пригожин буд, қатъ карда нашудааст ва тафтишотро мақомоти федеролии амнияти Русия (ФСБ) идома дорад.
Нашрияи бо истинод ба гуфтаи як манбааш дар Вазорати дифоъи Русия навишт, ки ба эҳтимоли зиёд, аз низомиёни кунунии Вагнер дархост карда мешавад, ки дар сохторҳои қудратии мавҷудаи Вазорати дифоъ ва Гвардияи миллӣ ба таври инфиродӣ худро сабти ном кунанд ва ширкати Вагнер минбаъд бо ин ҳоли ҳозирааш вуҷуд нахоҳад дошт. Ба роҳбарияти он, ки штаби округи ҳарбии ҷанубиро забт карда, ба суи пойтахт сафар карда буд, боварӣ намондааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия шоми 24 июн ба расонаҳо гуфта буд, ки ҷанговарони ширкати ҷангии Вагнер ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд ва муассиси ширкат Евгений Пригожин ба Белорусия рафт. Парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ қатъ карда мешавад.