Рубрики Хабарҳо

“Пешравии назаррас”: фарқи воридоту содироти Тоҷикистон 4 баробар шуд

Дар ҳоле, ки ҳукумати Тоҷикистон аз пешрафти иқтисод, сохти “корхонаву иншооти зиёд”, афзоиши истеҳсолоту ҷои корӣ ва дигар «пешравиҳои назаррас» лоф мезанад, фарқи воридот ва содироти кишвар ба 4 баробар(!) расидааст. Қаблан ин таносуб вобаста аз сол аз 2,5 то 3,3 баробарро ташкил медод.

Тибқи додаҳои Агентии омор, дар чормоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми додугирифти молии Тоҷикистон бо хориҷ 2,1 млрд долларро ташкил дода, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 67,2 млн доллар камтар мебошад. 

Дар ҳамин ҳол коҳиши аслӣ дар ҳаҷми гардиши молу маҳсулот асосан ба содирот рабт гирифта, ки аз се як ҳисаи он аз даст рафтааст. Тоҷикистон дар ин давра дар ҳаҷми 430,5 млн доллар содирот дошта, ки гуфта мешавад нисбати чормоҳаи аввали соли гузашта 214 млн доллар ё 33,2% камтар аст. 

Тоҷикистон асосан маҳсулоти хому нимахом ва минералӣ (ки барқ низ шомили он аст) содирот мекунад ва камшавии чашмраси содироти онҳо фарқи содироту воридотро ба сатҳи рекордӣ расонидааст. 

Омор дар чормоҳаи аввал аз коҳиши содироти пахта, нерӯи барқ ва алюминий ҳикоят мекунад. Дар натиҷа ҳаҷми гардиши мол бо Узбекистон, ки яке аз харидорони аслии пахта ва барқи Тоҷикистон маҳсуб мешуд ва солҳои охир тиҷорат бо ин ҳамсоякишвар бо суръат боло мерафт, якбора 25,7 дарсад коҳиш ёфтааст.  

Дар натиҷаи коҳиши содирот, воридот ҳам, ки бахше аз маблағаш аз ҳисоби содирот таъмин мешавад (бахши аслиаш аз ҳисоби пули муҳоҷирон таъмин мешавад) 9,5% ё дар ҳаҷми 146,6 млн. доллар коҳиш ёфтааст. 

Ҳаҷми воридот дар ин муддат ҳудуди 1,7 млрд долларро ташкил додда, ки дар натиҷа тавозуни манфии савдои хориҷӣ ба 1,3 млрд доллар расид. Фарқ байни содироту воридот чаҳор баробар аст. 

Дар ҳоле, ки дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ Тоҷикистон бо 102 кишвари дунё додугирифти молӣ анҷом дода, наздики аз се як ҳиссаи ин муомилот (512 млн доллар) бо Русия иҷро шуда ва ин кишвар шарики асосии тиҷории Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Дар мавқеъи дувум Чин бо маблағи 458 млн доллар қарор дорад. Аммо борҳо омори мақомоти чинӣ нишон додаанд, ки ҳаҷми додугирифт бо ин кишвар чанд баробар аз он аст, ки мақомоти Тоҷикистон гузориш медиҳанд.   

Қазоқистон бо 319 млн доллар дар мавқеъи савуми шарикони тиҷории Тоҷикистон қарор дорад, аммо ҳаҷми тиҷорат бо ин кишвар дар чормоҳаи аввали соли ҷорӣ 15,1% коҳиш ёфтааст.

Додугирифт бо Ӯзбекистон баъди коҳиши якбораи 25,7-дарсадӣ ба 130 млн доллар поин омада, аммо ин кишвар ҳамоно дар чаҳорумин шарики тиҷории Тоҷикистон аст. Баъди он Туркия бо 125 млн доллар рӯйхати панҷгонаи аввалро поён медиҳад. 

Ин панҷгона бахши аъзами тиҷорати хориҷии Тоҷикистонро шакл медиҳад — беш аз 75 дарсад. 25 дарсади боқимонда ба 97 кишвари дигар рост мегирад. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *