Рубрики Хабарҳо

Ҳамлаи нерӯҳои исроилӣ ба Ҷенин дасти кам 8 кушта бар ҷой гузошт

Нерӯҳои исроилӣ рӯзи душанбе дар яке аз бузургтарин амалиёти худ дар Каронаи Бохтарӣ тайи 20 соли гузашта, шаҳри Ҷенинро бо ҳамалоти паҳподӣ мавриди ҳамла қарор доданд, ки мунҷар ба кушта шудани дасти кам ҳашт фаластинӣ шуд. 

Садои тирандозӣ ва инфиҷор дар тӯли рӯз аз ин шаҳр воқеъ дар Каронаи Бохтарӣ шунида мешуд ва даргириҳои шадиде байни нерӯҳои исроилӣ ва муҷоҳидини тайпи Ҷенин дар ин минтақа дар ҷараён буд. 

Вазорати беҳдошти ташкилоти худгардони Фаластин эълом кард, ки 8 нафар дар ин ҳамалот кушта ва беш аз 50 нафар низ захмӣ шудаанд. Як марди дигар ҳам дар Рамаллоҳ бо шиллики гулӯла ба сар дар як боздоштгоҳ кушта шуд. 

Илова бар Фаластин, давлатҳои Миср ва Урдун ҳамчунин Созмони конфронси исломӣ, ҳамлаи Исроил ба Ҷенинро маҳкум кардаанд. 

Беш аз як сол аст, ки ҳамалоти артиши Исроил ба шаҳрҳое чун Ҷенин ба амри оддӣ табдил шуда ва бо вуҷуди интиқодоти байналмилалӣ давлати Нетаняҳу ба ин раванд идома медиҳад. 

Шаҳрдории Ҷенин мегӯяд, ки амалиёти нерӯҳои исроилӣ, бо булдозер ва бо ҳамла ба ҷодаҳои урдугоҳи фаластинён ва қатъи обу барқ оғоз шудааст. 

Вазорати хориҷаи Амрико дар вокуниш ба ин ҳамалот таъкид кард, ки иттифоқотро аз наздик думбол мекунад. Як сухангӯи ин вазоратхона низ гуфт, ки дар назар гирифтани тамоми иқдомоти эҳтиётии мумкин, барои ҷилавгирӣ аз талафоти ғайринизомиён амри зарурӣ аст. 

Сухангӯи артиши Исроил гуфтааст то замоне, ки ниёз бошад, амалиёти сарбозони исроилӣ идома меёбад. 

Ӯ афзуд: “нерӯҳои мо метавонанд барои муддати тӯлонӣ дар ин минтақа бимонанд. Ин мумкин аст соатҳо ва ҳатто рӯзҳо тӯл бикашад. Мо рӯйи расидан ба аҳдофи худ мутамаркиз ҳастем.”

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *