Рубрики Хабарҳо

Файзинисо Воҳидова озод шуд

Файзинисо Воҳидова, ки субҳи имрӯз дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боздошт ва нигоҳдорӣ мешуд, озод шуда, ба хонааш баргаштааст.

Ӯ зимни пахши як баёния аз ҳамаи онҳое, ки дар боздошташ бетараф набудаанд, изҳори миннатдорӣ намуда, гуфтааст, ки дар додгоҳ аз ҳуқуқаш дифо хоҳад кард. Матни баёнияи хонум Воҳидова ба шакли зер аст:

Аз ҳамаи дӯстони ғамхору дилсӯзам дар ин фазои маҷозӣ миннатдорам, ки аз як зани оддии мусалмони тоҷик, ки на ба сиёсат кор дораму на даъвои вазифаю мансаб, пуштибонӣ намудед! Ахиран, баъди баҳсҳои тӯлонӣ маро озод карданд. Бале, бале озод намуданд. Чунки расман, аз лиҳози қонун ман боздоштшуда будам, зеро аз се соат зиёд доштан ва мавҷудияти маҳдудият худ боздошт мебошад. Ман озод набудам. Чӣ хеле, ки Радиои Озодӣ навиштааст. Як далели боздошт ин аст, ки бинобар намнокии зиёд дар бинои гузаргоҳи сарҳадӣ, хоҳиш намудам, ки кормандони мақомоти амниятро дар берун мунтазир шавам ва ё ҳадди ақал дар дохили худрав нишинам, аммо иҷоза надоданд. Ин аст озодӣ ба фикри Радиои Озодӣ? Ман суханро ба дарозо намекашам, чунки аллакай ба чанд расонаҳои ватанию хоричӣ сӯҳбат кардам ва муфассал метавонед дар гурӯҳи “Ахбор” хонед. Танҳо, гуфтаниам, ки идомаи баҳс акнун байни ВКД ва РКДАМ сурат хоҳад гирифт. Баъди ин, идомаи баҳс дар додгоҳ. Ҳар кадоме аз ин мақомот ҳақ мебароянд, аз онҳо ва ҳуқуқи худам дифо хоҳам кард. Бори дигар аз ҳамаи Шумо дӯстони азиз муташаккирам! Бо эҳтиром.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *