Фаронса дар вокуниш ба ташдиди таниш миёни Юнону Туркия бар сари манобеъ гази Медитарона (Баҳри Миёназамин) ҳузури низомии худро дар шарқи Медитарона афзоиш дод. Туркия, Юнон ва Фаронса узви НАТО ҳастанд. Олмон барои рафъи таниш байни аъзои НАТО миёнҷигарӣ кардааст.
Дафтари раисҷумҳури Фаронса эълом кард пас аз гуфтугӯи телефонӣ миёнӣ Эммануел Макрун, раисҷумҳур Фаронса бо Кириакос Митсутокис, нахуствазири Юнон тасмим гирифта шуд, ки ҳузури нерӯҳои Фаронса дар шарқи Медитарона афзоиш пайдо кунад.
Раисҷумҳури Фаронса дар бораи «иқдомоти якҷонибаи Туркия» дар иктишофи газ дар шарқи Медитарона ибрози нигаронӣ карда ва аз Туркия хост фаъолиятҳои иктишофии худро мутаваққиф кунад, то имкони гуфтугӯй сулҳомез фароҳам ояд.
Макрун ҳамчунин гуфтааст, ки афзоиши ҳузури нерӯҳои фаронсавӣ дар шарқӣ Медитарона «муваққат» ва фақат ба далел «назорат бар авзоъ» анҷом мегирад.
Туркия аммо ба шиддат бо ҳузури Фаронса дар шарқи Медитарона мухолифат кардааст.
Таниш бар сари масъалаи Қибрис ва қаламравҳои обии дарёи Ижа ва шарқи Медитарона иттифоқи тозае нест ва даҳаҳо идома доштааст аммо даври тозаи ин ташаннуҷҳо бештар бо оғози ҳаффориҳои Туркия дар обҳои атрофи ҷазоири мутааллиқ ба Юнон оғоз шуд. Мақомоти Туркия гуфтанд гарчи ҷазоире монанди ҷазираи Кирт ва Родос дорои обҳои сарзаминӣ ҳастанд, аммо минтақа иқтисодии инҳисорӣ надоранд.
Юнон талош мекунад аз аҳроми Иттиҳодия Аврупо барои фишори бештар ба Туркия истифода кунад ва вазирони хориҷаи ин иттиҳодияро ба нишасти изтирорӣ дар охири моҳи август фаро хондааст то дар бораи авзоъи Медитарона ройзанӣ кунанд.
Туркия аммо бештар аз НАТО барои рафъи ихтилофоти худ бо Юнон баҳрабардорӣ кардааст.
Ихтилофи Фаронса ва Туркия ба вижа замоне ба авҷ расид, ки Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия ҳудуди як сол пеш аз ҳамтои фаронсавии худ Эммануел Макрун ба далели изҳороташ перомуни НАТО интиқод кард.
Урдуғон хитоб ба Макрун таъкид кард: “Макрун аз марги мағзии НАТО хабар дод. Макруни азиз, ибтидо мағзи худро баррасӣ кун, зеро ин гуна изҳорот фақат барои касоне монанди ту муносиб аст, ки дучори марги мағзӣ шудаанд».
Урдуғон ин суханонро дар вокуниш ба изҳороти Макрун баён кард, ки дар мусоҳиба бо нашрияи «Экономист» аз вазъияти Паймони Атлантики шимолӣ (НАТО) интиқод карда буд. Ў дар ин мусоҳиба гуфт: “ончи мо имрӯз шоҳид он ҳастем, марги мағзи НАТО аст”.
Макрун дар ин мусоҳиба аз Туркия интиқод карда буд, ки ба унвони узви НАТО амалкарди «ҳамоҳангнашуда ва таҳоҷумҷуёна» аз худ нишон додааст.
Суханони тунди Макрун ва истифода аз «вожаҳои тунд» ӯ дар бораи НАТО дар он замон сабаби интиқоди бархе аз сарони ин паймон шуда буд.
Ангело Меркел, садри аъзами Олмон дар бораи интиқодҳои Макрун гуфт: “чунин ҳамлае зарурат надорад, ҳатто агар мо мушкилоте дошта бошем ва ҳатто агар маҷбур бошем пас аз баҳсу ҷадал бо ҳам ба тафоҳум бирасем.”
Олмон талош мекунад дар муноқиша байни Юнон ва Туркия нақши миёнҷиро бар ӯҳда бигирад