Майор ва фармондеҳи як бахши марзбонӣ дар ноҳияи Ишкошим кушта шуда, ҷасадашро ба пайвандонаш додаанд.
Ин хабарро Радиои Озодӣ имрӯз 3 феврал нашр кард. Аммо бино ба хабар Ҷасади Бахтовар Хоҷамаликови 29-сола, майор ва фармондеҳи як бахши марзбонӣ дар ноҳияи Ишкошимро рӯзи 12-уми декабри соли гузашта ба наздиконаш дар ноҳияи Айнӣ супурдаанд.
Ниёзмалик Хоҷамаликов, падари афсар, ба Радиои Озодӣ гуфтааст, мақомот сабаби марги ӯро дар садама “беэҳтиётии як сарбоз номидаанд, ки ҳангоми ба қафо рондани мошин фармондеҳи худро зер кардааст.”
Ба гуфтаи падари марзбон, писараш зери чархи мошин монда, дилаш кафидааст.
Бахтовар Хоҷамаликов як бахши марзбониро дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон фармондеҳӣ мекард. Аз ӯ чаҳор кӯдак мондааст.
То нашри ин хабар мақомот дар ин бора ягон маълумот гузориш надодаанд.