Ҳукумати Тоҷикистон дастур додааст, ки барои дарёфти квотаи гандум аз Русия дар шакли тавозуни индикативӣ бидуни боҷи гумрукӣ чораҳо андешад.
Дар ин бора дар Нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда ҷиҳати пешгирии таъсири хатарҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ гуфта шудааст.
Беш аз 90 дарсади воридоти гандум ба Тоҷикистон аз Қазоқистон ворид мешавад. Бино ба маълумоти Агентии омор, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ ҳамагӣ ҳудуди 203 ҳазор тонна гандум ба маблағи беш аз 60 миллион доллар ворид шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,6% ва аз рӯи арзиш бошад 12,7% зиёд аст.
Талаботи Точикистон ба гандум аз 2 миллион тонна зиёд аст, аз ин рӯ кишвари мо ба миқдори 1 миллиону 200 ҳазор тонна онро хариданӣ аст.
Дар робита ба ҷорӣ шудани квота дар Қазоқистон барои содироти гандум, Тоҷикистон ба хариди ғаллаи Русия майл зоҳир кардааст.
Аз соли 2013 ба ин сӯ Тоҷикистон маҳсулоти нафтии Русияро тибқи механизм дар шакли баланси индикативӣ қабул мекунад, ҳамин тавр, қабули ғалла низ дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки дар Қазоқистон то 15 июн дар содироти ғалла (1 миллион тонна) ва орд (300 ҳазор тонна) маҳдудият ҷорӣ шудааст.