Истихроҷи тилло дар Тоҷикистон 116 дарсад ва нуқра 187 дарсад афзоиш ёфтааст.
Вазорати Саноъат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон эълом кардааст, ки дар муқоиса бо бо соли 2016 имсол дар 10 моҳи соли ҷорӣ то кунун ихроҷи тилло дар кишварамон 116 дарсад ва нуқра 189,7 дарсад зиёд шудааст.
Ба гуфтаи ин ниҳоди ҳукуматӣ, афзоиш истихроҷи металҳои гаронбаҳо дар Тоҷикистон умдатан тавассути ширкатҳои муштараки «Зарафшон» ва «Апрелевка» ва ҳамчунин ширкат давлатии «Тиллои тоҷик» анҷом дода мешавад.
Дар соли 2016 дар Тоҷикистон 5 тонна тилло ва 3,2 тонна нуқра истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса ба соли гузашта 500 килограм тилло ва 200- кг нуқра бештар мебошад.
Инчунин истихроҷи дигар металҳои қиматбаҳо низ афзоиш ёфтааст:
- хокаи сурб-74,1ҳаз.тн.,ё ин,ки 5,5 ҳаз.тн.зиёд
- хокаи руҳ-152,1ҳаз.тн.ё ин, ки 35,1ҳаз.тн зиёд
- хокаи мис-24,2ҳаз.тн.ё ин,ки +14,0ҳаз.тн
- сурмаи металлӣ-2,5ҳаз.тн.ё ин, ки 769,1 тн зиёд нисбати ҳамин давраи соли 2016 истеҳсол намуданд
Интизор меравад, бо таваҷҷуҳ ба зарфиятҳои ҷадид, то сол 2022 тавлиди солонаи тилло дар кишварамон дар муқоиса бо соли 2012, 7 баробар афзоиш ёбад.
Ба иттилои манбаъ, “Дар ин давра “Ширкати саноатӣ-кӯҳии Тоҷикистону Хитой”, ҶДММ КМ “Зарафшон”, ҶДММ “Ширкати металлургии Анзоб”,ҶДММ КМ “Апрелевка”, “Корхонаи қазонии давлатии Тиллои Тоҷик» ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёдтар” карданд.
Корхонаҳои соҳа дар 10 моҳи соли 2017 ба маблағи 4,5 млрд.сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, суръати афзоиш назар ба ҳамин давраи соли 2016 154%-ро ташкил додааст. Ин афзоиш дар шакли пулӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1,57 млрд.сомонӣ мебошад.