Ассошейтед Пресс ба нақл аз генерали артиши Афғонистон гуфтааст Русия барои ҳар низомии собиқи Афғонистон, ки пешниҳоди ин кишварро барои ширкат дар ҷанг Укроин мепазирд, моҳона 1500 доллар мепардозад.
Ин хабаргузорӣ таъйид карда, ки Маскав дар ҳоли истихдоми командосҳои артиши собиқи афғон барои эъзом ба ҷанги Укроин аст.
Ассошейтед Пресс гуфтааст, ки бо суқути ҷумҳурият ва тасаллути Толибон дар Афғонистон, шуморе аз низомиёни афғон ба кишварҳои ҳамсоя гурехтанд ва шуморе низ дар дохили кишвар гир монданд. Толибон ба рағми эъломи афви умумӣ, ҳамчунон ба боздошт, қатл ва шиканҷаи низомиёни пешин идома додаанд.
Абдураъуф Арғандюл, як генерали артиши собиқ бо ишора ба низомиёни пешини афғон, ки ба Эрон паноҳ бурдаанд, ба Ассошейтед Пресс гуфт: «онҳо намехоҳанд ба ҷанг бираванд, аммо чорае надоранд. Онҳо аз ман мепурсанд, ба ман роҳи ҳал бидеҳ. Чӣ кор бояд бикунем? Агар ба Афғонистон баргардем, Толибон моро хоҳанд кушт.»
Қаблан, “Афғонистон интернейшнал” ба нақл аз шуморе аз неруҳои амниятии пешини афғон гузориш дод, ки Ҷумҳурии Исломӣ дар ҳоли сабти номи низомиёни афғон дар Эрон барои истифода аз онҳо дар ҷанги Укроин аст. Манобеъ гуфтаанд, ки ба низомиёни собиқи афғон ваъдаи шаҳрвандии Русия ва маош хуб дар ивази ҳузур дар ҷанги Укроин дода шудааст.
Ҳайбатуллоҳ Ализӣ, раиси пешини ситоди артиши Афғонистон гуфтааст, ки ин талошҳо ба кумаки як фармондеҳи пешини неруҳои вижаи артиш, ки дар Русия зиндагӣ мекард ва ба забон русӣ мусаллат аст, сурат мегирад.
Ализи афзуда, ки бештари талошҳои сарбозгирии Русия аз низомиёни пешини афғон дар Теҳрон ва Машҳад мутамаркиз аст.
Бародари як низомии пешин, ки пешниҳоди Русия мабни бар рафтан ба ҷанги Укроинро пазируфтааст, ба Ассошейтед Пресс гуфтааст, ки таҳдидоти мавҷуди Толибон рад кардани ин хостро барои бародараш душвор кард.
Ӯ афзуда, ки бародараш то се моҳ пас аз Толибон пинҳон буд ва дар хонаҳои ақрабояшон махфиёна зиндагӣ мекард. Ў тасреҳ кардв, ки тасмими пазируфтани пешниҳоди Русия барои ин низомии пешин осон набуда, вале чорае ҷуз ин надоштааст.
Мушаххас нест, ки чӣ теъдод аз низомиёни пешин пешниҳоди Русияро пазируфтаанд, вале дар ин гузориш гуфта шудааст, ки ҳудуди 400 низомии афғон дигар дар ҳоли баррасии дархостҳое, ки аз тариқи паёмрасони ватсап дарёфт мекунанд, ҳастанд.
Ин дар ҳолест, ки ба тозагӣ Энд Проис, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико гуфт, ки Иёлоти муттаҳида аз гузоришҳо дар мавриди истихдоми низомиёни пешини афғон огоҳ аст, аммо наметавонад онро таъйид кунад. Ў афзуд, ки Кремл васеъан ба думболи ҷазби ҷангҷуён аст то дар «Укроин биҷанганд ва кушта шаванд.»
Ҳафтаи пеш маҷаллаи Форен Полиси низ дар гузорише гуфт, ки Русия командосҳои артиши собиқи Афғонистонро барои ҷанги Укроин истихдом мекунад.
Гуфта мешавад, ки ҳудуди 20 то 30 ҳазор нафар аз неруҳои гурӯҳҳои хосси Афғонистон аз замони вогузории қудрат ба Толибон дар Афғонистон ҷо мондаанд.
Ҳазорон сарбози артиши собиқи Афғонистон ба сӯи кишварҳои ҳамсоя ва минтақа гурехтанд зеро Толибон афроди вафодор ба давлати пешинро боздошт карда ва садҳо танро куштаанд.