11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Кабирӣ дар бораи ин ки ҳаргиз узви Комсомол набуд, аммо мехост ба ҷанги Афғонистон биравад

Дуктур Аззом Тамимӣ, журналисти маъруфи араб дар шабакаи моҳвораии “Ал-Ҳивор”, ки бо забони арабӣ пахш мешавад ва бисёр сербинанда ҳам ҳаст, мусоҳибае муфассал бо раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ баргузор кард.

Дар ин мусоҳиба, ки аз чаҳор бахш иборат буд, баҳсҳое матраҳ шуданд, ки қисмате аз онҳо дар расонаҳои тоҷикӣ ва ҳатто русӣ, ки бештари тоҷикон аз он ҳам истифода мекунанд, матраҳ нашуда буд. Аз ҷумла ин ки Муҳиддин Кабирӣ ҳаргиз узви “Комсомол” набудааст, ин ки мехоста бо хоҳиши худ ба ҷанги Афғонистон биравад ва ин ки дар артиш ҳалқаи дарси исломӣ ташкил крада буд. 

“Паём” тасмим гирифт тарҷумаи комили ин мусоҳибаро дар 6 то 8 қисм пешкаши хонандагонаш созад. Барои онҳое, ки арабиро медонанд, навори ин мсоҳиба низ гузошта мешавад. 

Аззом Тамимӣ: Дуруд ба Шумо дуктур Муҳиддин Кабирӣ!

Муҳиддин Кабирӣ: Дуруд ба Шумо ҷаноби дуктур!

А.Т.: Бори охир кай дар Тоҷикистон будед?

М.К.: Тақрибан 7 солу ду моҳ пеш.

А.Т.: Худо кунад ватанатон (аз чанги диктотур) озод шаваду шумо бо сари баланд баргардед.

М.К.: Омин, Худо хоҳад.

А.Т.: Суҳбатро бо Шумо аз замони кӯдакиятон шурӯъ мекунем. Шумо соли 1965 ба дунё омадаед ва он замон Тоҷикистон ҷузъи Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Аз фазои он замон чӣ чизро ба ёд меоред? Аз фазои хона, мааҳалла ва дар умум зиндагӣ чӣ гуна буд он замон?

М.К.: Ба номи Худовнади Бахшандаи Меҳрубон. Сароғоз аз Шумо сипосгузорам барои даъват ва ин мулоқот. Ва инчунин агар калима ва истилоҳеро бо забони арабӣ пайдо накардам ва ё нодуруст истифода кардам пӯзиш мехоҳам, чун солҳост бо забони арабӣ гуфтугӯ накардам.

А.Т.: На, забони арабиятон хеле зебо ва равон аст.

М.К.: Сипосгузорам. Бале, ман дар деҳаи Қасамдара ба дунё омадаам. Ва ин деҳа дар қисмати шарқии пойтахт — шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Дар мавриди номи деҳа ривоятҳои гуногун вуҷуд дорад. Аммо аз ҷиҳати маъно “Қасам” ин ҳамон маънои “қасам” ба забони арабист ва аммо “дара” ба забони форси-тоҷикӣ “водӣ” ё ҳамон роҳ ва масоҳате, ки байни ду доманаи кӯҳ ҷойгир аст, мебошад. 

Аммо дар мавриди номи ин дара (чӣ гунае, ки қаблан гуфтам, ривоятҳои гуногун омадааст) аз ҷумла, ҳамон гунае, ки мо аз падарону бузургсолонамон шунида будем, ки мегуфтанд, дар замонҳои пештар қабилаҳои туркнажод дар фаслҳои тобистон бо галаи чорпоёнашон ба ин дара меомадаанд. Ва байни мардуми бумӣ, яъне бобоҳои мо ва ин мердум кашмакашу низоъҳое сурат мегирифтааст.  

А.Т.: Онҳо аз куҷо меомаданд?

М.К.: Аз минтақаҳои дурдаст. Чун қабилаҳои туркнажод мардуми кӯчманчӣ буданд ва ҳамеша макони будубошашонро тағйир дода меистоданд.

А.Т.: Яъне Шумо туркнажод нестед?

М.К.: На, на, мо тоҷикон аз қавмҳои қадимаи иронӣ, яъне ирониёни асил ҳастем, ки он замон ин минтақа ба номи Эрон Шарқӣ ва ё Хуросон маъруф буд.

Хулоса, нақл мешавад, ки падарони мо дар ниҳоят бо ҳам ъаҳд мекунанд, ки дигар намегузоранд ҳеч қавми бегонае ба ин дара биёяд ва барои мондан ба пои ъаҳди худ қасам ёд мекунанд.

А.Т.: Мисли ъаҳдномае мешавад…

М.К.: Бале, ба ҳамин маъно, ки аз ин минтақа бояд ҳимоят карда шавад ва номи деҳа низ вобаста ба ин муносибат ба номи Қасамдара ёд мешавад. Ва деҳаи мо дар замони шӯравӣ як деҳаи оддӣ буд. 

Бо вуҷуди он ки Иттиҳоди Шӯравӣ аз нигоҳи саноатӣ давлати пешрафта маҳсуб мешуд, аммо ба деҳаи мо барқ солҳои 60-ум расид. Ба ёдам замоне ки бори аввал ба мактаб рафтам, китобҳои дарсии мо ҳама кӯҳна ва беранг буданд. Ва аввалин китоби ранга китоби алифбоӣ русӣ буд. То ҳол ба ёдам ҳаст, ки мо он замон дар деҳа ин китобро дар даст гирифта мегаштем ва мехостем ба мардум нишон бидҳем, ки мо акнун китоби ранга дорем.

А.Т.: Шигифтовар буд.

М.К.: Бале, хеле шигифтовар буд.  Дар ҳоле, ки солҳои 60-ум Иттиҳоди Шӯравӣ қавитарин давлатҳои дунё ба шумор мерафт. Чун он замон кайҳонро шикофта ба моҳ баромада буд. Аммо бо вуҷуди ин пешрафтҳо, баъзе деҳаҳое вуҷуд дошт, ки мардмумашон қариб дар замонҳои қадим зиндагӣ мекарданд. Яъне фарқ байни як шаҳр аз деҳа хеле хеле зиёд буд.

Ҳамин тавр мо дар деҳае ба воя расидем, ки мардумаш диндор ва муҳофизакор буд. Ба ёдам ҳаст, ки қабл аз он ки ба мактаби давлатӣ биравем, падарам – Худо раҳматаш кунад, моро дар хона пинҳонӣ аз Қуръон ва ҳуруфи арабӣ ва форсӣ таълим медод.

А.Т.: Дар он замон таълимоти исломӣ аз нигоҳи қонун мамнӯъ буд? 

У: Бале, мамнӯъ буд. Тибқи идеологияи комунистӣ ба шакли умум тамоми адён, аз ҷумла ислом “афюни мардум” ва мамнӯъ эълон шуда буд ва мебоист бо он мубориза бурда шавад.

А.Т.: Дин афюни мардум аст”, ин шиори комунистон буд.

М.К.: Бале, ҳамин тавр буд. Вале бо вуҷуди ин, на танҳо дар деҳаи мо, балки ба таври умум мардуми тоҷик пойбанд ба дин ва тақлид аз гузаштагон буданд. Он замон мардум дар сояи комунистӣ ҳам бошанд, фазои хона ва ҷомеа динӣ ва исломӣ буд. 

Хонаводаи мо диндор ва қариб ба равиш ва афкори суфӣ буд. Яъне, бобо ва падарам аз ҳалқаҳои сӯфӣ берун шуда буданд ва мо низ дар ҳамин фазои диндор ва суфимаоб тарбият ёфтем.

А.Т.: Таҳсилоти ибтидоии Шумо дар деаҳатон буд?

М.К.: Бале, таҳсилоти ибтидоиям дар деҳа буд ва баъд аз хатми синфи 8 ба колеҷи иқтисодӣ дохил шудам, ки дар як шаҳраки хӯрде байни деҳаи мо ва пойтахт ҷойгир буд.

А.Т.: Яъне, ин ба монанди мактаби миёнаи касбӣ аст? 

М.К.: Бале, тақрибан ҳамин аст. Яъне шахсе, ки онҷо дохил шавад, тахассусеро меомӯзад. Ва ман дар он колеҷи иқтисодӣ пас аз шомил шудан се сол таҳсил карда, риштаи иқтисоди кишоварзиро ба поён расонда, дипломи онро гирифтам. Ва пас аз хатми он муддати як сол, ки тақрибан 18 сол доштам дар қисми кишоварзии ҳукуматӣ кор кардам, ки он замон бо номи “Колхоз” маъруф буд. Ва баъд аз он ба хидмати артиш рафтам ва дар Гурҷистон, Украина ва Русия адои хидмат кардам. 

Инҷо мехоҳам як чизро бигӯям, ки ҳар ҷавоне дар замони иттиҳоди шӯравӣ хоҳ он тоҷик бошад, хоҳ узбек ва хоҳ рус бояд се марҳила ва ё ҳаддиақал ду марҳиларо тай мекард. Тамоми кӯдакон дар он замон ба як низом ва ё созмоне вуҷуд дошт бо номи “Пионер”, ки бояд шомил мешуданд. Ва сари синаи ҳар кӯдак нишони Ленинро мегузоштанд.

А.Т.: Яъне, он замон талош мекарданд, кӯдаконро аз хӯрдӣ ҳамчун комунист тарибият кунанд?

М.К.: Бале, чунин буд. 

Ва баъд аз ин марҳила агар умри кӯдак ба 14 мерасид, ба созмони дигаре буд бо номи Созмони комунистони ҷавон — “Комсомол” бояд шомил мешуданд. Ман аввалин бор бо худам фикр кардам, ки ба созмони комунистии ҷавонон шомил шавам ё не. Манро на падарам, на модарам ва на бародарам нагуфтанд, ки ба он бипайвандам. Дар асл имкон надошт, ки касе аз пайвастан ба ин созмон сарпечӣ кунад. Ин андеша ба сарам зад, ки оё вориди он шавам ва ё на. 

А.Т.: Шумо ҳаққи ихтиёри напайвастан доштед?

М.К.: Он замон ҷавонон ва кӯдакон барои гирифтани акси лозимӣ ба шаҳр мерафтанд, то барояшон корти узвият ба ин муассисаро содир кунанд.

Дар ҳамон рӯзе, ки мебоист ман ба шаҳр барои акс гирифтан равам, аммо ба дигарҷо рафтам. Аз рафтан барои аксгирӣ сарпечӣ кардам.

А.Т.: Фирор кардед?

М.К.: Бале, тақрибан ҳамингуна шуд. Чун дар дилам як духӯрагӣ вуҷуд дошт. 

Як чизро мехоҳам инҷо бигӯям, ки ман аз хурдӣ китоб мехондам, албатта, дар замони шӯравӣ китобҳои динии зиёд вуҷуд надошт. Болотарин китоби диние, ки он замон дар байни қишри диндор дастарс мешуд, китобе бо номи “Чаҳоркитоб” буд, ки дар он бештар ривоятҳо ва қиссаҳое зикр шудааст, ки ҳоло дарк кардем аксари онҳо носаҳеҳ ва хурофте беш набудаанд. 

А.Т.: Он китоб ба забони форсӣ буд?

М.К.: Бале, китоб ба забони форсӣ буд ва он дар хонаҳо пинҳонӣ тадрис мешуд. 

А.Т.: Чаро? Муаллифи он кӣ буд?

М.К.: Он аз чаҳор китоб иборат аст, ки дутои он ба наср навишта шуда ва дутои дигар бо назм. Мегӯянд, яке аз онҳо моли Аттори Нишопурӣ аст. Китоб дар умум хуб аст, дар қисме аз он ҳикматҳо оварда шудааст ва қисме дигар аз масоили фиқҳи ҳанафӣ иборат мебошад. Вале дар он инчунин қиссаҳо ва хурофот низ зикр шудааст.

А.Т.: Яъне як чизи ба ҳам омехта.

М.К.: Бале. Лекин намегӯям ман аз ин китоб мутаассир шудаам. Шояд китобҳои дигаре ҳам ба монанди китобҳои ғарбӣ, аврупоӣ ва амрикоӣ вуҷуд дошт ва ҳатто ду китоби арабӣ, ки аз нависандагон ва адибони Миср буданду ба тоҷикӣ ва ё ба русӣ тарҷума шуда буданд, онҳоро низ хонда будам.

А.Т.: Ин китобҳо пинҳонӣ ба кишвари Шумо ворид мешуданд?

М.К.: На, на, дар Иттиҳоди Шӯравӣ Маскав барои тарҷумаи баъзе китобҳо иҷозат медод. Чун ҳукумати комунистӣ фикр мекард, адибоне ба монанди Ҷон Рид ва Жюл Верн, нависандаи фаронсавӣ афкорашон афкори чапгароён буд. 

А.Т.: Агар чунин бошанд монеъе набуд.

М.К.: Бале, барои ин гуна афкор монеъе набуд. Масалан, баъзе филмҳои ғарбӣ низ ба ҳамин андеша тарҷума мешуданд. Ва Иттиҳоди Шӯравӣ фикр мекард, афкори инҳо зидди буржуазӣ ва империалистӣ аст. Аммо шахс метавонист чизе бигирад. Шояд ман нисбат ба китобҳои фикрии исломие, ки он замон вуҷуд дошт, аз ин гуна китобҳо мутаассир шуда бошам. 

А.Т.: Лекин барои шумо дар он замон китобҳои фикрии исломии муосир дастрас набуд?

М.К.: На, ин китобҳо баъдтар дастрас шуданд, дар даҳаи 70-ум ва ҳатто дар оғози даҳаи 80-ум ҳам ин гуна китобҳо вуҷуд надошт.

А.Т.: Яъне дертар ворид шуданд.

М.К.: Бале, аниқтараш дар замони Горбачёв ворид шуданд.

А.Т.: Яъне, баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ?

М.К.: Қабл аз пошхӯрии ИШ. Замоне ки садоҳои озодихоҳӣ оғоз шуда буд.

А.Т.: Ин ба он маъност, ки андешаи напазируфтани идеологияи комунистӣ дар Шумо, аввалан аз таълимоти хонагӣ ва баъдан аз он китобҳои дастрасе, ки мутолиа мекардед, шакл гирифтааст, дуруст?

М.К.: Албатта, таълимоти хонагӣ, аз ҷумла тарбият ва афкореро, ки аз падар ва модарам – Худо раҳматаш кунад, мегирифтам, дар ҷои аввал меистад. Ва баъдан он китобҳое, ки мутолиа мекардам бар андешаи ман асар гузоштааст.

Ниҳоятан ман (барои аксгирӣ ва пайвастан ба узвияти созмони Комсомол) нарафтам. Ва дар замони адои хидмати ҳарбӣ касе намедонист, ки ман узви Созмони комунистони ҷаовон нестам. Аслан касе фикрашро намекард, шахсе вуҷуд дошта бошад, ки дар ин созмон узв набошад.

А.Т.: Онҳо фикр мекарданд, ки модом Шумо ба артиш пайвастед, аллакай узви ин созмон ҳастед?

М.К.: Бале, ин табиӣ буд. Баъд аз як сол як масъули “Комсомол” дар баталйони мо, ки чечен буд ва бо ҳам алоқаи хубе доштем ва ман ҳам сарбози хубе будам, ба ман гуфт, пас аз чанд муддат муҳлати хидмати ман ба охир мерасад ва ман меравам, чӣ назар дорӣ, ки ту масъули “Комсомол” дар баталйон ба ҷои ман бошӣ? 

Дар ҷавоб гумфат, ки на, ин имкон надорад, зеро ман узви ин созмон нестам. Ман ин суханро ба хотири он ки ӯ мусалмон ва аҳли Чичен аст гуфтам. Ва барояш тавзеҳ додам, ки ман мусалмонам ва узви ин созмон нестам. Ӯ бо ҳайрат гуфт, чӣ гуна ту узви “Комсомол” нестӣ? Оё имкон дорад касе дар Иддиҳоди Шӯравӣ ва дар ин синну соли ту узви ин созмон набошад? Гуфтам, бале, ман узв нестам. Гуфт, аллакай хеле дер шуд. Ман аллакай асноди туро ба ниҳодҳои болоӣ фиристодам. Имрӯз ё пагоҳ онро тасдиқ мекунанд ва посух меояд. Акнун ту хомӯш бош ва ба касе аз ин қазия нагӯ. Чун муддати хидмати ту ҳам як сол боқӣ мондааст ва меравӣ. Ва агар касе огоҳ шавад, бароят мушкилӣ эҷод мешавад.

Бубинед, ин буд низоми Иттиҳоди Шӯравӣ, ки як нафар ба мартабаҳои олӣ мерасад, вале ба идеологияи мавҷуда муътақид нест. Ин ҳамон низоми бюрократияест дар ҳамаҷо.

А.Т.: Фикр мекунам, айнан ҳамин ҳолат дар Горбачёв рух дод. 

М.К.: Шояд.

А.Т.: Яъне, ҳамин ки ӯ даст ба бозсозӣ (перестройка) зад, маънои онро дошт, ки ӯ ба идеологияи комунистӣ бовар надошт.

М.К.: Бубинед ҷаноби дуктур, инқилоб аз дохили ҳизби Комунистӣ ба вуҷуд омада буд. Он инқилоб на аз тарафи либералҳо ва на аз тарафи исломиҳо, балки аз дохили худи ҳамин ҳизб буд. 

А.Т.: Манзурам ин аст, ки ӯ узви ин ҳизб дониста мешуд, вале шояд ба идеологияи онҳо қонеъ нашуда буд. 

М.К.: Дуруст аст. Робитаи ман бо ҳизби комунистӣ ба ҳамин шакл буд.  

А.Т.: Оё Шумо масъули ин созмон шудед?

М.К.: Бале, бале.

А.Т.: Муддати як сол?

М.К.: Бале

А.Т.: Мушкилоте пеш наомад?

М.К.: На, ҳеч мушкиле пеш наомад. Аслан касе намедонист, ки ман раиси ин созмон шудаам, вале узви он нестам. Ин буд аз шигифтиҳои Иттиҳоди Шӯравӣ.

А.Т.: Дар он замон чанд сол доштед?

М.К.: 19 сол доштам.

А.Т.: Ин қабл аз марҳилаи донишгоҳӣ буд?

М.К.: Бале.

А.Т.: Яъне, низом дар шумо чунин буд, ки қабл аз дохилшавӣ ба донишгоҳ аввал ба хидмати сарбозӣ мерафтед?

М.К.: Бале, қабл аз донишгоҳ чунин низом буд. Ин тақрибан соли 1983 буд, яъне ҳамон солҳое, ки Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон меҷангид. Ман агарчи на узви Ҳизби комунист будам ва на узви Созмони ҷавонон, вале андешаҳои ватанпарастӣ доштам. Дар оғоз фикр мекардам ҷанг дар Афғонистон бар зидди Амрико аст.

А.Т.: Оё Шумо шахсан дар ҷанг ширкат кардед?

М.К.: На, ман вақте дар хидмати сарбозӣ будам, пурсиданд, ки кӣ мехоҳад бо хоҳиши худаш ба ҷанг ба Афғонистон биравад? Ман дар ҳол гуфтам, меравам ва сабти ном кардам.

А.Т.: Мехостед дар ҷанг бо хоҳиши худатон ширкат кунед?

М.К.: Бале. Чун ҳисси ватанпарастӣ доштам, меандешидам, ки ман ҳамчун як сокини Иддиҳоди Шӯравӣ ва тоҷик ҳастам ва дар Афғонистон ҳазорҳо ҷавони тоҷик меҷангиданд. Ва ин воқеа ба соли аввали сарбозии ман рост омада буд.

А.Т.: Яъне, Иттиҳоди Шӯравӣ мегуфт, ки ҷанг дар Афғонистон ин тавтиаи Амрико бар зидди ИШ аст? 

М.К.: Оре, мегуфтанд, агар ИШ дар ин ҷанг ворид нашавад, давоми як ҳафта ва ё камтар аз он Амрико вориди Афғонитстон хоҳад шуд. Аммо, вақте баъд аз як сол баъзе аз сарбозон аз Афғонистон баргаштанд ва мо ҳам бархе онҳоро дар беморхонаҳо ва маконҳои дигар вохӯрдем, асли қазияи Афғонистонро бароямон қисса мекарданд, ки дар онҷо чӣ мегузарад.

Бори аввал ҳақиқати ҷанги Афғонистонро мо аз забони сарбозони рус ва мусалмононе, ки дар ҷанг ширкат карда буданд, шунидем. 

А.Т.: Дар ҷанги Афғонистон дар сафи артиши Иттиҳоди Шӯравӣ мусалмонон зиёд ширкат када буданд?

М.К.: Дар онҷо ҳатто гардонҳо (баталйон)-и махсуси мусалмонон, аз ҷумла тоҷикон таъсис дода шуда буд. Чун забони тоҷикӣ ва форсӣ-дарии Афғонистон ба ҳам хеле шабеҳанд ва ҳамдигарро ба хубӣ мефаҳманд. Ва тақрибан 80 дарсади мутарҷимони Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон тоҷикон буданд. Ҳатто баъдтар бархе аз мақомдорони волои артиши ИШ дар Афғонистон, ки тоҷик буданд, ҷузъи ҳаракати мо гаштанд. Аз ҷумла, яке аз онҳо устод Муҳаммадлӣ Ҳаит аст, ки ҳоло дар зиндон ба сар мебарад ва умрбод маҳкум шудааст. Ӯ яке аз фармондеҳони бузурги артиши ИШ дар Афғонистон буд ва дӯсти Аҳмадшоҳ Масъуд ҳам буд. Боре ӯ Аҳмадшоҳ Масъудро аз як амалиёте, ки бояд бар зиддаш дар Панҷшер анҷом мешуд, огоҳ сохта буд. Бо ин кораш Аҳмадшоҳ Масъудро аз марг наҷот додааст. Ҳатто Аҳмадшоҳ Масъуд дар ёддоштҳояш инро навиштааст, ки як фармондеҳи тоҷик бо ин ном ӯро аз амалиёти мазкур огоҳ сохта ва ҷонашро наҷот додааст.

А.Т.: Аҳмадшоҳ Масъуд тоҷик буд, дуруст?

М.К.: Бале, ӯ тоҷик буд. Бурҳониддин Раббонӣ ҳам тоҷик буд. Ва мо чун ҳақиқати ҷанги Афғонистонро аз забони сарбозон ва фармондеҳони артиши ИШ бори аввал шунидем, дар афкор ва андешаи ман тағйир ба вуҷуд омад. 

А.Т.: Ҳақиқатро дарк кардед…

М.К.: Бале. Ин ҳолат дар соли дуюми сарбозии ман буд. Пас аз ин воқеъа ман назди фармондеҳи артиш рафтам ва гуфтам, ки ман дар ҷанги Афғонистон иштирок намекунам ва ҳаминҷо мемонам. Барои нарафтан ба ҷанг аллакай мо роҳҳоро пайдо карда будем.

Ин оғози як инқилоби фикрӣ барои ман буд, яъне миёнаҳои даҳаи 80-уми (асри гузашта). Ва вақте ман аз сарбозӣ баргаштам, ки ба соли аввали ҳукуматдории Горбачёв рост меомад. 

А.Т.: Охирҳои даҳаи 80 буд?

М.К.:  Бале.

А.Т.: Яъне дар ин вақт аллакай ҷанги Афғонистон ба охир расида буд. 

М.К.: Бале, артиши ИШ аз Афғонистон баромад ва Горбачёв ба сари қудрат омада буду барномаи бозсозияшро оғоз карда буд.

А.Т.: Намедонам, ба ман дар ин бора мувофиқ ҳастед ё на, шакке нест, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ворид шудани ИШ-ро ба Афғонистон ғанимат шуморид ва ҳатто онро ба ҷанги амрикоӣ ва русӣ табдил дод, яъне дар як марҳилае воридшавии Амрико ба Афғонистон ба хотири чашмони зебои афғонҳо набуд.

М.К.: На, ҳаргиз. 

А.Т.: Балки хостанд ИШ дар буҳрон ғарқ шавад ва ин амал боиси нотавонии ин ҳукумат бигардад ва дар ниҳоят ба шикасташ бианҷомад. 

М.К.: Раҳбарияти Амрико дар он замон ва ҳатто то кунун дар бораи ин ҷанг менависанд. Онҳо ҳам ҳаминро мегӯянд. Мегӯяд, ин як ҷанги сарде бар зидди ИШ буд ва ҳамаи ин бо нақша амалӣ шуда буд. Дар ҳақиқат Амрико муҷоҳидонро дар Афғонистон кумаки зиёд кардааст. Инҷо намегӯем, ки ин ҷанги рӯ ба рӯи ИШ бо Амрико буд, вале ҷанги онҳо ҷанги ниёбатӣ буд.

А.Т.: Ҷанги ниёбатӣ ҳам ҷанги ҳақиқӣ аст ва паёмадҳо ва натиҷаи он ҳамон мешавад, ки дар ҷангҳои воқеӣ рух медиҳад.

М.К.: Бубинед бародари азиз, инҷо як суоли усулӣ матраҳ мешавад, ки яъне, дар тамоми олами ислом ва махсусан дар минтақаи мо аксари мардум фикр мекунанд, ки як давлати кӯчак бояд ва ҳатман тобеи як давлати бузург бошад. Яъне ё зери ИШ бошад ва ё Амрико.

А.Т.: Яъне зери султаи чунин давлат бошад.

М.К.: Бале, аз нигоҳи фикрӣ, фарҳангӣ, артиш ва иқтисод бояд дастнигари он бошад. Албатта, ман ба ин андеша розӣ нестам. Агарчи ин андеша (розӣ набудан) каме романтикӣ менамояд, вале ман бар ин боварам, ки ҳар давлат ва миллате, ки набошад метавонад мустақил бошад бидуни ин ки пайрави як давлати абарқудрате гардад.

Аммо ағлаби мардум чунин меандешанд, ки на, дар ин замони мо тобеъ нашудан ба як кишвари абарқудрат имкон надорад ва ҷуз интихоби бародари бузург дигар ҳеч роҳе надорем.

А.Т.: Яъне бояд мушаххас бошад, ки бо кӣ ҳастӣ? Иттифоқан, ин андеша ба таҳлили мардум дар бораи рӯйдодҳои сиёсӣ таъсири худро расондааст.

М.К.: Албатта.

А.Т.: Агар як воқеъаи сиёсие дар як маконе рух бидиҳад, дар ҳол бояд табақабандӣ шавад. Ва бояд мавқеи шумо рӯшан бошад, ё бо шарқӣ ҳастед ва ё бо ғарбӣ.

М.К.: Бале. Ин андеша на танҳо дар ҷузъе аз миллати мусалмон таъсир расондааст, балки ин андеша дар мардуми минтақаи мо ҳам ба комунистон ва ҳам мусалмонан ва ҳам ба либиралҳо таъсир расондааст. Ин хеле як андешаи аҷиб аст. Шояд сабаб ин бошад, ки чун мо миллати кӯчак ҳастем ва чунин меандешем. Вале таҷрибаҳое ҳам вуҷуд дорад, ки миллатҳои кӯчак дар фазои мушкиле, ба монанди гурҷиҳо, ки алъон мустақил ҳастанд. Бо вуҷуди он ки дар як минтақаи сахте ҷойгир аст, вале боз ҳам тавонистанд мустақил бошанд. Дар ин авохир баъзе кишварҳо дар минтақаи мо барои истиқлоли худ талош доранд. Вале боз ҳам баъзе мардум мегӯянд, на, мо бояд ё бо Чин, ё бо Русия ва ё бо Амрико бошем.

Вале суоли асосӣ ҳам ин аст, ки агар ҳеч интихобе ба ҷуз ҳамроҳ будан бо “бародари бузург”-ро надошта бошем, пас кӣ беҳтар аст, ки ҳамроҳи ӯ бошем? Яъне, дигар ҳеч имконе ҷуз ихтиёр надошта бошем, оё Чинро интихоб мекунем, ё Русия, ё Амрико ва Аврупоро?

Давлатҳои бузург дар минтақа, мисли Туркия ва Эрон он шуҷоъатро надоранд, ки ба мардуми минтақа бигӯянд, мо ҳастем он “бародари бузург”-и шумо ҳастем. Дар ҳақиқат онҳоро ин шуҷоъат намерасад. Агарчи баъзан талош мекунанд, вале дар ин робита Амрико ва акнун Чин, ки кам кам дар ин бора мегӯяд ва Русия ин шуҷоъатро доранд. 

Ва шахсан ман бар ин назарам, ки агар дар бораи талоши расидан ба истиқлол ҳамчун давлат ва миллат ноком шавем, бояд касеро интихоб кунем, ки бароямон як ояндаи беҳтареро доданӣ мехоҳад. На аз нигоҳи меъёрҳои эдиологӣ, балки як қудрате бошад, ки барои мо ояндаи беҳтареро замонат бидиҳад. То ҳол ман посухи дақиқеро надорам, ки кадом давлат аз ин нигоҳ беҳтар аст, миллатҳо бояд худашон дар ин бора фикр кунанд.

А.Т.:Ин як мушкилӣ ва буҳронест, ки ҳама дар он ғутавар шудаанд. Биёед дар ин бора пас аз танаффуси кӯтоҳ бо ҳам муфассалтар баҳс кунем.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *