Сайид Козим Мусавӣ, раиси кулли додгустарии устони Форси Эрон тайи нишасте дар Шероз гуфтааст, ки шумори афроди боздоштшуда дар иртибот бо ҳамлаи мусаллаҳона ба “ҳарами Шоҳчароғ” ба 20 нафар расидааст.
Ба гузориши хабаргузории “Меҳр”, Мусавӣ дар ин бора изҳор доштааст: теъдоде аз дастгиршудагон дар устони Форс ва теъдоде низ дар дигар устонҳо будаанд, ки ҳамагӣ барои идомаи таҳқиқот ба устони Форс мунтақил мешаванд. Дар охирин марҳала, ки ба итмом низ расидааст, 20 нафар дастгир шудаанд. Дар воқеъ ҳар касе, ки кӯчактарин нақше дар устон ва хориҷ аз устон бо ҳодиса дошт, дастгир шудааст.
Раис кулл додгустарии устони Форс ҳамчунин дар бора муттаҳами аслии ин парванда низ гуфт: террористи ҳодисаи Шоҳчароғ ҳудуди 25 сол син дорад ва тоҷик аст ба ҳеҷ ваҷҳ ҳам аз коре, ки кардааст пушаймон нест. Дар воқеъ ин қадар мағзи ин шахсро шустушӯ додаанд, ки бо таваҷҷуҳ ба ин ки ҳеҷ ояндае ҳам надорад, боз ҳам пушаймон нест.
Ин мақоми қазоӣ бо баён ин ки иттиҳоми муттаҳами аслӣ то ҳафта баъд содир хоҳад шуд, афзуд: парвандаи мазкур аз ин пас дар ихтиёри мақоми қазоӣ аст.