Рубрики Хабарҳо

Таҳрими 14 бонки ироқӣ ба далели пулшуӣ ва интиқоли доллар ба Эрон

“Вол стрит жорнал” аз таҳрими 14 бонки ироқӣ ба далели муомилаи долларӣ бо Эрон хабар додааст. Амрико ҳадаф аз ин таҳримҳоро мамониъат аз пулшуӣ ва интиқоли доллар ба Эрон ва дигар кишварҳои таҳримшудаи Ховари Миёна эълом кардааст. 

Рӯзномаи “Вол стрит жорнал” рӯзи чаҳоршанбе 19 июл ба нақл аз мақомоти амрикоӣ гузориш дод, ки ин кишвар бар муомилоти долларии 14 бонки ироқӣ мамнуъиятҳои нав ҷорӣ кардааст. Ин гузориш меофзояд вазорати хазинадории Амрико ва “Бонки федерали резерви Ню-Йорк” 14 бонки ироқиро ба гумони пулшуӣ барои ҳукумати Ҷумҳури исломӣ ва интиқоли арз ба Эрон таҳрим мекунанд. 

Ба гузориши “Вол стрит жорнал”, ҷорисозии таҳримҳои нав нишондиҳандаи ташдиди иҷрои таҳримҳо алайҳи Эрон аст ва танҳо чанд моҳ пас аз он сурат мегирад, ки давлати Байден қасди коҳиши танишҳо бо Теҳронро дошт. Пеш аз ин Вазорати хазонадорӣ муҷаввизи пардохти 2,5 миллиард евро баробар бо ҳудуди 2,8 миллиард долларро ба манзури пардохти қарзҳои давлати Ироқ барои воридоти барқу гази Эрон содир карда буд. 

Рӯзи сешанбе хабаргузории “Рейтерз” аз мувофиқати Энтони Блинкен, вазири умури хориҷаи Иёлоти муттаҳида бо таваққуфи нави 120 рӯзаи таҳримҳо хабар дод, ки ба Ироқ иҷоза медиҳад қарзҳои худро аз барқи харидоришуда аз Эрон пардохт кунад. 

Агарчи то ҳол, баёнияе аз сӯи Вазорати хазонадории Иёлоти муттаҳида ва ё мақомоти расмии Ироқ дар ин хусус содир нашудааст аммо “Вол стрит жорнал”, ҳадаф аз таҳрими 14 бонки ироқиро мамониъат аз пулшуӣ ва ҳамчунин ҷилавгирӣ аз интиқоли доллари Амрико ба Эрон ва дигар кишварҳои таҳримшудаи Ховари миёнаӣ эълом кардааст. 

Бархе аз коршиносон эҳтимол медиҳанд, ки ҷорисозии таҳримҳои нави Амрико дар равобити Бағдод ва Вашингтон таниш эҷод кунад ва дар айни ҳол, пайёмадҳое барои арзиши динори Ироқ ва вазъияти маишати мардуми ин кишвар дошта бошад. 

Аммо бар асоси ин гузориш, дороии 14 бонки таҳримшудаи ахир маҷмӯъан танҳо 1,29 дарсад аз кулли дороиҳои бонкии кишвари Ироқро шомил мешавад ва мақомоти амрикоӣ бар ин боваранд, ки ин таҳримҳо таъсири шадиде бар рӯйи мардуми Ироқ нахоҳад дошт, зеро 46 бонки дигари ин кишвар таҳти таъсири ин даста аз таҳримҳои долларӣ қарор намегиранд. 

Ба навиштаи “Вол стрит жорнал”, мақомоти амрикоӣ бо баррасиҳои бештар мутаваҷҷеҳи анҷоми пулшуӣ дар ин бонкҳо шуданд ва дарёфтанд, ки ин бонкҳо тарокуниҳои (транзаксияҳои) сохтагӣ доштаанд ва аз ин рӯ ин эҳтимолро тарҳ кардаанд, ки мумкин аст афроди таҳти таҳрими Амрико тарафи ҳисоби ин тарокунишҳои бонкии сохтагӣ буда бошанд. 

Ин рӯзнома ба нақл аз як мақоми аршади амрикоӣ навишта, ки Амрико далоили маҳкаме дар ихтиёр дорад, ки ин амволи пулшуишуда мумкин аст ба ашхосе манфиъат бирасонад, ки таҳти таҳрим қарор доранд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *