Раисҷумҳури Белорус гуфт, ки аъзои гурӯҳи шибҳинизомии Вагнер хостори эъзом ба марзҳои ғарбии ин кишвар бо Лаҳистон ҳастанд.
Александр Лукашенко, раисҷумҳури Белорус пас аз дидор бо Владимир Путин, ҳамтои руси худ дар Санкт-петербург, гуфт, ки аъзои гурӯҳи шибҳинизомии Вагнер хостори эъзом ба марзҳои ғарбии ин кишвар бо Лаҳистон ҳастанд.
Лукашанко изҳор дошт: аъзои Вагнер боиси эҷоди афсурдагӣ (стресс) шудаанд. Онҳо хостори рафтан ба Ғарб ҳастанд. Мегӯянд, ки бояд ба як гардиш ба Варшава ва Жешув биравем. Аммо ман бар асоси тасмими аз пеш гирифташуда онҳоро дар маркази Белорус нигаҳ доштаам.
Раисҷумҳури Белорус ҳамчунин бо тарҳи ин иддао, ки артиши Укроин шумори зиёде аз нерӯҳои худро аз даст додааст, афзуд: бар асоси пешбиниҳои суратгирифта дар Амрико, пас аз оғози зиддиҳамлаи Укроин, 26 ҳазор низомии ин кишвар кушта шудаанд.
Аз сӯи дигар Владимир Путин, раисҷумҳури Русия низ бо баёни ин ки артиши Укроин тайи ҳафтаҳои ахир мутаҳаммили беш аз 26 ҳазор талафот шудааст, иддао кард: зиддиҳамлае оғоз шуд, аммо бо шикаст ҳамроҳ буд.