Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз коҳиши сатҳ ва нобудии пиряхҳо дар кӯҳистонҳои кишвар ибрози нигаронӣ кард.
Дирӯз зимни суханронии худ дар 40-умин Конфронси байналмиллалии тағйироти иқлимӣ дар Париж, Эмомалӣ Раҳмон гуфт, зарфи 70 соли охир ҳудудан 35 дарсади пиряхҳои табиии Тоҷикистон аз байн рафтаанд.
Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон ин дар ҳолест, ки 60 дарсади захираҳои оби Осиёи Миёна дар қаламрави Тоҷикистон шакл мегирад.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар айни ҳол аз созмонҳои ҷаҳонӣ ба вижа Созмони Миллали мутаҳид ва Созмони ЮНЕСКО хост дар ҳалли мушкили манобеи обӣ ва пиряхҳо ба Тоҷикистон кумак кунанд.
Гуфтанист Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз рӯзи 4 ноябр дар сафари давраӣ дар ду кишвари аврупоии Швейтсария ва Фаронса ба сар мебарад.
Ин сафари тулонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон нахустин сафари ӯ ба кишварҳои аврупоӣ пас аз 3 сол аст.