Имрӯз Чин расман ба сохтмони биноҳои парлумон ва ҳукумати Тоҷикистон оғоз кард. Барои ин сохтмон ҳамсоякишвар 1,5 миллард юан (217 миллион доллар) ҷудо кардааст.
Маросими гузоштани санги асоси ин маҷмаъа бо ширкати раисҷумҳури Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, сарвазири Чин Ли Кетсян, ки барои ширкат дар нишасти СҲШ ба Душанбе омадааст, раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров, сарвазир Қоҳир Расулзода, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур Раҳмон Озода Эмомалӣ ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ баргузор шуд.
Дафтари матбуотии раисҷумҳур эълон крадааст, “сохтмони биноҳо дар доираи ҳамкории судманди Тоҷикистону Чин, дар асоси дастгирии беғаразонаи молиявии ин кишвари дӯсту ҳамсоя бо маблағи 1,5 миллиард юани хитоӣ амалӣ карда мешавад”.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои Парлумон дар шафати хиёбони Рӯдакӣ бунёд шуда, дар қисми пеши он гулгашт бо фаввораҳо, роҳу пайроҳаҳо ба нақша гирифта шудааст.
Баландии бинои асосӣ 49,7 метр, бо назардошти гунбаз — 70 метрро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии бинои Парлумон 42 ҳазору 874 метри мураббаъ мебошад.
Дар ошёнаҳои бинои Парлумон толори маҷлисҳои якҷоя барои 1500 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳҳои палатаи болоӣ ва поёнӣ ҳар кадоме бо 250 ҷойи нишаст, толори қабули меҳмонони олиқадр, маркази технология ва коммуникатсияҳои иттилоотӣ, маркази тиббӣ, китобхона, толор барои конфронсҳои матбуотӣ бо 350 ҷойи нишаст ва дигар ҳуҷраҳои корӣ ва ёрирасон ҷойгир карда шудааст.
Бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми марказии шаҳри Душанбе, дар ҳудуди хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Исмоили Сомонӣ ҷойгир мешавад
Масоҳати қитъаи замини Маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 10,27 гектарро ташкил дода, дар он бинои 15 ошёнаи Ҳукумат, ду бинои 13 ошёнагии идораҳои назди Ҳукумат, гулгашт бо роҳу пайроҳаҳо бунёд мегардад.
Дар ошёнаҳои бинои Ҳукумат толор барои ҷаласаҳои ҳукумат бо 150 ҷойи нишаст, толорҳои дорои 50 ва 80 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои корӣ, толори калон бо 1000 ҷойи нишаст, 3 маҷлисгоҳ, ҳуҷраҳои қабули шаҳрвандон, матбаа, бойгонӣ, ошхона ва дигар ҳуҷраҳо сохта мешавад. Баландии умумии бинои марказӣ 91,5 метрро ташкил медиҳад.
Оғози сохтмони бузурги бинои парлумону ҳукумат дар ҳолест, ки ин тасмими мақомот мавҷи интиқоди мардум дар шабакаҳои иҷтимоиро ба бор овардааст. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва коршиносон мегӯянд, ки бо ин маблағ мешуд садҳо корхонаи хурд бино ва ҳазорон нафарро бо ҷои кор таъмин кард.