Рубрики Хабарҳо

5 соли зиндон барои “фаъолият” дар Одноклассники

Фарҳод Муҳаммадиев, сокини 23-солаи Душанберо барои паҳн кардан ва писандидани маводҳои “Салафия” дар шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” аз тарафи додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба 5 соли зиндон маҳкум гардид.

Додситонии кулли Тоҷикистон, иттилоъ додааст Муҳаммадиев моҳи марти соли 2017 дар “Одноклассники”, бо номи мустаори “Ахы Брат Бародар” саҳифа боз карда, ба гуруҳҳои “Суннат” ва “Аҳли Суннат ва ҷамоат” пайвастааст.

“Бо номи мустаори “Ахы Брат Бародар” дар сомонаи “Одноклассники” зиёда аз 352 адад навиштаҷоти ташкилкунандагони иттиҳодияи экстремистии динии “Салафия” бо номҳои “Муҳаммад ибни Абдулваҳоб”, «Шайх Ибни Таймия”, «Ибни Усаймин”, «Шайх Албонӣ”, «Шайх Муҳаммад аш-Шавқонӣ”, «Абдулазиз ибни Боз”, «Солеҳ ал-Фаузан” ва “Солеҳ ал-Шайх”-ро ба шумораи зиёди истифодабарандагони ин сомона паҳн намудааст”, — иттилоъ додааст додситонӣ.

Бори аввал нест, ки корбарони интернет дар Тоҷикистон барои “лайк” маҳкум ба зиндон мешаванд. Қаблан додгоҳи вилояти Хатлон сокини ин вилоят Алиҷон Шариповро, ки навори баромади Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва Абдуҳалим Назарзодаро (Ҳоҷӣ Ҳалим) бознашр карда буд, ба 9.5 соли зиндон маҳкум кард.

Вакилони парлумони Тоҷикистон рӯзи 13-июн тағйирот ба моддаи 179-и Кодекси ҷиноии кишварро қабул карданд, ки тибқи он барои ҳар корбари шабакаҳои иҷтимоӣ хатари зиндон шудан барои “лайк” таҳдид мекунад.

Баъди он дар Тоҷикистон – “Даъвати оммавӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ва “сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ” тавассути интернет ҷурм шинохта мешавад.

Бознашр кардани маводи “хусусияти террористидошта” ё ҳатто писандидани онҳо метавонад чун “сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ”. “Маводи хусусияти террористидошта” бошад метавонад дилхоҳ навиштаи мухолифине, ки дар Тоҷикистон террорист эълон шудаанд, талаққӣ шавад.

Вакилон аз ворид кардани ибораи “ё шабакаи интернет”  ба банди дувуми ин моддаи 179 КҶ ҶТ ҷонибдорӣ карданд ва минбаъд  содир кардани ҷинояти дар ин модда зикршуда тариқи шабакаи Интернет ҳам ҷиноят эътироф мешавад.

Тибқи ин моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ҷазо дар шакли ҳабс ба муҳлати аз 10 то 15 сол дар назар гирифта шудааст. Дар шарҳи “сафедкунии оммавии терроризм” дар Кодекси ҷиноӣ гуфта мешавад, “зери мафҳуми сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ тарғибу ташвиқи оммавӣ дар бораи эътироф намудани дурустии мафкура ва таҷрибаи терроризм, таклифи тақлид ва дастгирии он фаҳмида мешавад”.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *