Илон Маск гуфтааст, ки шабакаи иҷтимоии Икс (Х), ки қаблан Твиттер номида мешуд, ҳазинаҳои қонуни ҳар касеро, ки ба далели фаъолият дар ин расонаи иҷтимоӣ аз тарафи корфармояш бо рафтори ноодилона мувоҷеҳ шуда, пардохт хоҳад кард.
Маск рӯзи якшанбе ба корбарони худ гуфт, ки кумакҳои молии ин шабакаи иҷтимоъӣ “ҳеҷ маҳдудите” нахоҳад дошт.
Ӯ аз корбарон хост, ки агар барои пост кардан ё лайк кардани чизе бо рафтори ноодилона мувоҷеҳ шуданд, “ба мо иттилоъ диҳанд.”
Ин расонаи иҷтимоӣ, ки қаблан Твиттер ном дошт, моҳи гузашта тағйири ном дод.
Маск худро ба унвони касе, ки ҳомии “озодии мутлақи баён” аст, тавсиф мекунад ва аз сиёсатҳои қаблии ин расонаи иҷтимоӣ дар мавридҳои таъдили мӯҳтаво, ба шиддат интиқод кардааст.
Маск замоне, ки дар апрели соли гузашта эълом кард, ки мудирияти Твиттерро бар ӯҳда гирифтааст, гуфт: “озодии баён бистари як демокрасии коромад аст ва Твиттер майдони шаҳри диҷитолӣ аст, ки дар он мавзӯъоти ҳаётӣ барои ояндаи башарият мавриди баҳс қарор мегирад.”
Ахиран, ширкати молики Твиттер эълом кард, ки аз як созмони зидди нафрат, ки дар гузориши таҳқиқоташ ин шабакаро мавриди интиқод қарор дода, шикоят кардааст.
Маркази муқобила бо нафрати диҷитол (CCDH) таҳқиқотеро анҷом дода буд, ки нишон медод нафрат ва иттилооти нодуруст “дар платформи таҳти моликияти Маск монанди оташсӯзӣ дар ҳоли густариш аст”.
Х маркази муқобила бо нафрати диҷитолро ба анҷоми “иқдомоти ғайриқонунӣ” барои “дастрасии нодуруст” ба додаҳои худ муттаҳам кард.
Аммо маркази муқобила бо нафрати диҷитол дар посухи Илон Маскро муттаҳам кард, ки саъй дорад ҳар касеро, ки аз ӯ интиқод мекунад, сокит кунад.
Маркази муқобила бо нафрати диҷитол як Созмони ғайридавлатӣ аст, ки дар мавриди нафратпароканӣ дар онлайн таҳқиқ ва мубориза мекунад.
Гузоришҳои ин марказ ба таври густурда дар матбуот аз ҷумла дар Би би си мавриди истинод қарор гирифтааст.
Домен Коллинз, намоянда аз Ҳизби муҳофизакор, дар ҳайати мудираи ин марказ дар Бритониё фаъолият мекунад.
Ӯ аз шикояти Илон Маск аз ин марказ ибрози шигифтӣ карда ва гуфта ин иқдом шабеҳи он аст, ки “як созмон бо манобеъи бисёр зиёд як созмони бисёр кӯчакро таҳдид мекунад.”
Дар Иёлоти муттаҳида ҳам Лори Трахан, Адам Шифф ва Шон Кастен, се узви Кунгираи ин кишвар, дар номае ба Маск навиштанд, ки ӯ бо тарҳи шикоят алайҳи Маркази муқобила бо нафрати диҷитол дар “таҳқиқоти бетарафона дар ҷиҳат манофеъи умумиро саркӯб мекунад”.
Тағйири номи Твиттер
Ҳудуди ду ҳафтаи пеш Линда Якарино, мудиръомили шабакаи иҷтимоии Твиттер аз логои ҷадиди ин шабакаи иҷтимоӣ рӯнамоӣ кард, ки як ҳарфи икс (Х)-и сафед рӯйи пасзаминаи мишкӣ аст ва ҷойгузини парандаи обии маъруфи Твиттер шуд.
Дар пайи он Илон Маск ҳам дар суханоне гуфт, ки ин тағйир хеле вақт пеш бояд рух медод.
Ин тағйир дар ҳоле сурат гирифт, ки парандаи обиранги Твиттер ба унвони намоди ин шабакаи иҷтимоӣ шӯҳрати байналмилалӣ доштааст.
Саволҳои зиёде дар мавриди андешае, ки пушти канор гузоштани яке аз маъруфтарин номҳо дар дунёи фанноварӣ ва куштани парандаи обӣ, ки намоди он буд, ба вуҷуд омадааст.
Линда Якарино, мудиръомили Твиттер, бо интишори як твит навишт ин шабакаи иҷтимоӣ бо баҳрагирӣ аз ҳуши маснуӣ, иртибот байни корбаронро мутаҳаввил хоҳад кард.
Хонум Якарино навишт: “Икс ояндаи таомул бидуни маҳдудияти мубтанӣ бар савт, тасвир, паёмрасонӣ ва пардохтҳои бонкӣ аст.”
Ба гуфтаи нозирони Илон Маск қасд дорад Твиттерро ба як абарабзорк (суперАп) шабеҳ ба Вичат дар Чин табдил кунад.
Абарабзоркҳо дар баъзе аз кишварҳои осиёӣ монанди Чин, Ҳинд ва Индонезия ба бахши ҷудоинопазири зиндагии рӯзонаи мардум табдил шудаанд ва илова бар иттилоърасонӣ дар заминаҳои дигари хадамотрасонӣ монанди пардохтҳои молӣ корбурд доранд.