Додситонии кулли Тоҷикистон аз боздошти боз як гумонбари дигар дар рабудану қатлии Шуҳрат Исматуллоев, муовини собиқи раиси “Ориёнбонк” . Тибқи гуфтаи ин ниҳод, гумонбар дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудааст.
Аз ин гумонбар Бахтовар Сафарови 28-сола ном бурда мешавад, ки қаблан барои содир намудани муомилоти ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор маҳкум шудааст.
Манбаъ мегӯяд, Бахтовар Сафаров як рӯз пас аз рабуда ва кушта шудани Шуҳрат Исматуллоев — 24 июни соли 2023 тавассути кишварҳои ҳамсоя ба Туркия фирор карда буд. Аз кишвари ҳамсоя мушаххасан ном бурда намешавад.
“Дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои фаврӣ-тафтишотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар аъзои дигари гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ марбут ба рабудан ва куштори муовини аввали роҳбари ҶСК “Ориёнбонк” Исматуллоев Шуҳрат Абдуғафорович – шаҳрванд Сафаров Бахтовар Назарович, соли таваллудаш 5 марти 1995 (қаблан барои содир намудани муомилоти ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор маҳкум шудааст), дар ҳудуди Ҷумҳурии Туркия дастгир ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода шуд”, — омадааст дар хабарномаи Додситонии кул.
Ин ниҳод гуфтааст, то ҳол дар доираи тафтишот шахсияти роҳбар ва 15 аъзои гуруҳи муташаккил муайян карда шуда, 13 нафари онҳо дастгир ва ба ҳабс гирифта шудаанд.
“Амалиётҳои фаврӣ-тафтишотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар баҳри дарёфт ва ба ҷавобгарӣ кашидани аъзои боқимондаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ идома доранд”, — гуфтааст Додситонии кул.
Қаблан Додситонии кулли Тоҷикистон , ки Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк”-ро як гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, иборат аз 10 нафар дуздида, то соати 03:00, бо истифода аз электрошокер, автофен ва дигар таҷҳизот шиканҷа карда, ба қатл расонидаанд.