Теъдоди кушташудагони заминларзаи Туркия ба 41 ҳазор нафар расид ва ҳамчунон дар ҳоли афзоиш аст. Давлат ваъдаи бозсозии сареъ ва эминро медиҳад. Видеоҳои ҳам аз изҳороти Урдуғон дар иртибот бо сохтмонҳои эмин даст ба даст мешавад.
Рӯзномаи “Ҳуррият” (Hürriyet) ва телевизион давлатии “ТРТ” ба нақл аз Мурат Курум, вазири шаҳрсозӣ ва муҳити зисти Туркия гузориш доданд қарор аст ба зудӣ сохтмонҳои маскунии муқовим дар баробари зилзила сохта шавад, ки бештар аз се ё чаҳор табақа нахоҳанд буд.
Курум аз тарҳи ҷомеъ ё як “мастер план” сӯҳбат карда, ки қарор аст ҳамроҳ бо коршиносон роҳандозӣ шавад. Дар ин тарҳ имкони сукунат дар манотиқи номуносиб вуҷуд нахоҳад дошт.
Ба гузориши “Ҳуррият”, барномарезии амалиёти сохтмонӣ дар минтақаи зилзилазада бояд тайи ду то се моҳи оянда такмил шавад. Ба гуфтаи вазири шаҳрсозии Туркия аввалин амалиёти сохтмонӣ бояд аз авоили моҳи оянда (10 рӯзи дигар) оғоз шавад.
Ҳамзамон бо эъломи барномаи давлат барои эҳдосу бозсозии биноҳои зиддизилзила корбарони интернет дар Туркия бо бознашр кардани даҳҳо твит ва видеои қадимии Урдуғон, раисҷумҳури Туркия ёдоварӣ карданд, ки ӯ қаблан низ ваъдаҳои бозсозӣ дода ва аз нақзи муқаррароти сохтусоз огоҳ будааст.
Урдуғон дар твиттии дигар аз соли 2013, ки ҳазоронбор ба иштирок гузошта шуда мегӯяд: “сохтмонҳо инсонҳоро мекушанд, на зилзила. Мо бояд ёд бигирем бо зилзила зиндагӣ кунем ва иқдомоти муносибро анҷом диҳем.”
Ба гуфтаи коршиносон, адами риояти стандартҳои сохтмонӣ метавонад тавзеҳдиҳандаи омори фавқулода болои қурбониён дар минтақаи зилзилазадаи Туркия бошад.
Юнус Сазар раиси маркази муқобила бо ҳаводиси ғайри мутарқбаи Туркия “Офод” мегуяд теъдоди қурбониён рӯзи якшанбе 17 феврал аз марзи 41 ҳазор нафар гузашт ва дар Сурия ин рақам ҳудуди 5 ҳазору 900 нафар будааст.
Имдодгарони фаъолиятҳои худро мутаваққиф накарданд ва тавонистанд як зану шавҳар ва фарзандашонро баъд аз 296 соат аз зери овори хонае дар Антакиё берун бикашанд. Фарзанди 12 солаи ин хонавода ба рағми кумакҳои пизишкӣ натавонист зинда бимонд. Марди наҷотёфта гуфтааст барои зинда мондан идрори худро нӯшидааст. Ду фарзанди дигари ӯ вале зери овор ҷон бохтанд.
Таҳқиқоти додситонии Туркия дар робита бо паймонкорон ва афроди муртабит бо сохтмонҳои тахрибшуда бар асари зилзила низ идома дорад.
Хабаргузории Анатолу гузориш додааст дар маҷмӯъи 400 нафар ба нақзи муқаррароти сохтмонӣ дар резиши сохтмонҳо гумонбар ҳастанд, ки 120 нафар аз онон дастгир шуданд.
Воҳид Киришчӣ ,вазири кишоварзӣ ва ҷангалдори Туркия эълом кард, минтақаи осебдида дар зилзила 103 ҳазор километри мураббаъ масоҳат ва 13 ним миллион нафар ҷамъият дорад, ки ҳудуди 17 дарсад аз кулли ҷамъияти Туркияро шомил мешавад.