Дар ҳоле, ки аз чанд рӯз пеш танишҳо бар марзҳои Лубнон ва Исроил соя афканда, Йоав Галлант, вазири дифоъи Исроил, тайи изҳороти шадидул-лаҳне ба шибҳинизомиёни Ҳизбуллоҳи Лубнон ҳушдор дод, ки агар ҷангеро алайҳи Тел-Авив оғоз кунанд, Исроил Лубнонро ба асри санг боз хоҳад гардонд.
Галлант сешанбе, 8 август дар нишасти матбуотӣ пас аз боздид аз марзҳои шимолӣ дар пайи ташдиди танишҳо ба думболи хаймазанӣ тавассути Ҳизбуллоҳ дар он сӯи марз дар хоки Лубнон, дар ишора ба раҳбари шибҳинизомиёни Ҳизбуллоҳ гуфт: “ба Ҳизбуллоҳ ва Ҳасан Насруллоҳ, ҳушдор медиҳам, ки иштибоҳ накунанд”.
Ба гузориши хабаргузории “Рейтерз”, вазири дифоъи Исроил, тайи изҳороти худ хитоб ба шибҳинизомиёни Ҳизбуллоҳи Лубнон гуфт: “иштибоҳ накунед. Мо ҷанг намехоҳем. Аммо омодаем то аз ғайринизомиён, сарбозон ва тамомияти арзии худ муҳофизат кунем.”
Ӯ ҳамчунин афзуд: “онҳо дар гузашта муртакиби иштибоҳоте шуданд ва хазинаҳои бисёр гарон низ пардохтаанд”.
Галлант иддао кард, ки дар сурати бурузи ҳар гуна таниш ё даргирӣ дар марзҳо, нерӯҳои исроилии таҳти амри ӯ Лубнонро ба асри санг боз хоҳанд гардонд.
Вай ҳамчунин таъкид кард, ки агар кишвараш ночор шавад дар ба коргирии тамоми тавони худ ва зарба задан ба Ҳизбуллоҳ ва ҳар ваҷаб аз хоки Лубнон тардид нахоҳад кард.
Вай бо баёни ин ки субҳи сешанбе, 8 август барои пайгирии ҳаводиси ахир аз марзи шимолӣ боздид ва бо фармондеҳони артиш дидор кардааст, афзуд: “мо фармондеҳони олӣ ва сарбозони мусаммам дорем”.
Вазири дифоъи Исроил ҳамчунин бо баёни ин ки артиши кишвараш медонад чи гуна аз шаҳрвандони исроилӣ аз ҳар назар муҳофизат кунад, дар идома гуфт: “душман бояд бифиҳмад, ки дар мавриди амнияти Исроил ҳама бо ҳам муттаҳид ҳастем”.
Аз замони ҷанги шадиде, ки байни ду тараф дар июли 2006 даргирифт, марзҳои Лубнон ва Исроил шоҳиди оромиши нисбӣ будааст, аммо рӯзҳо ва ҳафтаҳои гузашта шоҳиди афзоиши чашмгир ва сатҳи бесобиқае аз танишҳои байни ду тараф будааст.