Рубрики Хабарҳо

Натиҷаи як таҳқиқ: Камтар аз 5 ҳазор қадам дар рӯз барои солим мондан кофӣ аст

Муддатҳост, ки гуфта мешавад даҳ ҳазор қадам пиёдаравӣ дар рӯз адади ҷодуие аст, ки барои таносуби андом ва саломат ба он ниёз доред, аммо як мутолиаи ҷадид нишон медиҳад, ки камтар аз панҷ ҳазор қадам ҳам мумкин аст барои дидани фоидаи он кофӣ бошад. 

Таҷзия ва таҳлили як баррасӣ бар рӯйи беш аз 226 ҳазор нафар дар саросари ҷаҳон нишон дод, ки чаҳор ҳазор қадам барои шурӯъи коҳиши хатари марги зудрас ба ҳар далел кофӣ аст. 

Каме беш аз 2300 қадам ҳам барои саломати қалб ва уруқи хунӣ кофӣ аст. 

Ба гуфтаи муҳаққиқон, ҳарчи бештар ин корро анҷом диҳед, мутаваҷҷеҳи музояди саломатии бештаре мешавед. 

Ҳар ҳазор қадами бештар аз чаҳор ҳазор қадам то бист ҳазор қадам то 15 дарсад хатари марги зудрасро коҳиш медиҳад. 

Тиме аз донишгоҳи пизишкии Лудз дар Лаҳистон ва донишкадаи пизишкии донишгоҳи Ҷон Ҳопкинз дар Иёлоти муттаҳида дарёфтанд, ки пиёдаравӣ барои ҳама ҷинсиятҳо ва синҳо сарфи назар аз маҳалли зиндагии онҳо муфид аст. 

Бо ин ҳол, бештарин фоида дар миёни афроди зери 60 сол мушоҳида шуд. 

Профессор Мосич Боноч, аз донишгоҳи Лудз гуфтааст дар ҳоле, ки теъдоди доруҳои пешрафта барои дармон дар ҳоли афзоиш аст, аммо онҳо танҳо роҳи ҳал нестанд. 

Ӯ гуфт: “ман мӯътақидам, ки мо бояд ҳамеша таъкид кунем, ки тағйироти сабуки зиндагӣ, аз ҷумла режаи ғизоӣ ва варзиш, ки қаҳрамони аслии таҳқиқи мо буд, мумкин аст ҳадди ақал ба ҳамон андоза ё ҳатто бештар дар коҳиши хатароти қалбии уруқӣ ва афзоиши тӯли умр муассир бошад.” 

Бар асоси додаҳои Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ, фаъолияти бадани нокофӣ омили се миллиону дусад ҳазор марг дар сол аст яъне чаҳорумин иллати шоеъи марг дар саросари ҷаҳон. 

Ҳони Фоин, мурабби хусусии варзиш ва мурабби ширкати Barry’s Global Fitness, бар мушкилоти ношӣ аз нишастани беш аз ҳадд таъкид мекунад. 

Ӯ ба ВВС гуфтааст: “нишастани беш аз ҳадд метавонад метаболизми шуморо кунд кунад ва бар рушд ва қудрати мушакҳои бадан таъсир бигузорад, ки ин амр ба навбати худ метавонад боиси дард шавад.” 

Нишастани тӯлонимуддат низ метавонад боиси анвоъи мушкилоти камар шавад, мо инро дар мавриди афроде, ки машоғили идорӣ доранд, мутаваҷҷеҳ мешавем, ки пушти онҳо доиман дар вазъияти фишурдае қарор мегирад, ки боис мешавад баъдан дар идомаи зиндагияшон мушкилоти бисёр бештаре барои онҳо эҷод шавад. 

Ҳани Фоин, ҳамчунин аҳамияти гармо дар фаъолиятҳои ғайр варзиширо тавзеҳ медиҳад, ки ба номи Неат (Neat) низ шинохта мешавад, “ки ба иборати содда ҳар коре аст, ки мо анҷом медиҳем ва энерги масраф мекунад ва калорӣ месӯзонад”. 

Ӯ гуфт: “корҳое монанди истодан, ҳамл кардани борхалтаи харид, шустани замин, қадам задан дар ҳини сӯҳбат кардан бо телефон, ҳама чизҳои кӯчаке ҳастанд, ки моро фаъолтар мекунанд ва ба мо кумак мекунанд то калориро ба таври муассиртаре бисӯзонем.” 

Хонум Фоин мегӯяд, ки агарчи изофа кардани пиёдаравии муназзам ба зиндагиатон мумкин аст душвор ба назар бирасад, аммо вақте пайи саломатӣ дар миён аст, бардоштани ин қадамҳо натиҷаи олӣ дар пай дорад. 

Ӯ мегӯяд: “пиёдаравӣ метавонад фишори хуни шуморо коҳиш диҳад, мушакҳои шуморо барои муҳофизат аз устухонҳо тақвият кунад, метавонад сатҳи энержиро афзоиш диҳад ва ҳамчунин ба шумо эндорфин бидиҳад ва метавонад ба шумо дар ҳифзи вазни мутаносиб дар канори ғизои солим кумак кунад. 

Фоидаи дигар иборат аст аз афзоиши саломати равонии шумо.” 

Вай изофа кард, ки пиёдаравӣ барои “тақрибан ҳама” муносиб аст, зеро фишори каме бар рӯйи буғумҳо ва мушакҳо дорад.

Тавсияҳои муҳимми як мураббии хусусии варзиш барои пиёдаравӣ 

Ба ҷойи рафтан бо автобус ё мошин то истгоҳ, пиёдаравӣ кунед; 

Агар пушти миз кор мекунед, ёдовариҳои соатӣ барои баланд шудан ва ҳаракат дар атрофи худ танзим кунед; 

Агар бордор ҳастед, пиёдаравӣ беҳтарин навъи варзиш аст; 

Рӯзона 30 дақиқа пиёдаравӣ кунед ва ба подкаст гӯш диҳед;

Бо дӯстонатон дар порк ё ҷангал қадам бизанед ва агар саг доред бо сагатон қадам бизанед;

Аз қадамҳои кам шурӯъ кунед. Метавонед бо 10 дақиқа пиёдаравӣ аз истгоҳ то маҳалли коратон шурӯъ кунед ва ба роҳатӣ то 20 дақиқа пиёдаравӣ дар порк идома диҳед ва дар ниҳоят ба 30 дақиқа пиёдаравӣ дар атрофи шаҳр бирасед.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *