Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон даст доштани маъмурони фаъол ва собиқи вазорати тобеъаш дар ҷиноятҳои рабудан ва қатли устоди донишгоҳ Исмоилҷон Раҳмонов ва муовини аввали раиси «Ориёнбонк» Шуҳрат Исматуллоев тасдиқ кард. Дар ҳамин ҳол, Раҳимзода бо вуҷуди тасдиқи ҷинояти тобеъонаш дар зимни нишасти хабарии имрӯзаш номе аз он се маъмури пулис набурд.
Қаблан мақомоти Молдова гуфта буданд, Рустам Ашӯров, шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар фурудгоҳи Кишинёев ду маъмурро кушт, собиқ корманди милиса будааст. Инчунин Радиои Озодӣ қаблан бо истинод ба манобеъаш навишта буд, Дилшод Саидмуродов, муллақаб ба «Дилшоди СБ» ҳам корманди пешини Вазорати корҳои дохилӣ буд.
Вазири корҳои дохилӣ имрӯз, 11 август дар ҳузури хабарнигорон аз он тавсиф кард, ки қазияи Шуҳрат Исматуллоев «дар муддати кутоҳ ошкор шуда, ба қатл расонидани Исматуллоев пурра исбот шудааст», аммо тафсилоти бештар надод.
Рамазон Раҳимзода дар посух ба пурсиши хабарнигорон, ки хабарҳо дар бораи паноҳ бурдани Дилшод Саидмуродзода дар пойгоҳҳои гуруҳи «Вагнер»-ро беасос хонд, вале дар бораи макони эҳтимолии ин гумонбар дар рабудани муовини раиси «Ориёнбонк» чизе нагуфт.
Шуҳрат Исматуллоев соати 8-и шоми 23-уми июн дар кӯчаи Закариёи Розии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт аз ҷониби афроди номаълум рабуда шуд. Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, гумонбарон Исматуллоевро шиканҷа карда ба қатл расондаанд ва баъдан ҷасадашро ба дарё партофтанд. Ба иттилои додситонӣ, дар рабудани Шуҳрат Исматуллоев 15 нафар даст доштанд, ки 13 нафарашон боздошт шудааст.
Рамазон Раҳимзода қазияи пурсарусадои рабуда ва куштани Исмоилҷон Раҳмонов, муаллими Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз сӯи Акмал Юсуфзода, ёвари сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД, маъруф ба “УБОП”-ро шарҳ дод.
Ӯ тасдиқ кард, ки Юсуфзода корманди ВКД буд, “аз ваколатҳои мансабӣ сӯйистифода накардааст ва ҳодиса дар пайи муноқишаи оилавӣ ба миён омадааст”.
Вазир аз ироаи бештари маълумот худдорӣ кард ва ваъда дод, ки пас аз анҷоми тафтишот, тавзеҳи бештар хоҳад дод.