Categories Хабарҳо

Туркия дар тақсими ғаллаҳо ҳам таъсиргузор шуданист

Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия бо Владимир Путин, ҳамтои русии худ перомуни равобити дуҷониба ва масоили минтақаӣ аз ҷумла ҷанг дар Укроин ва Русия телефонӣ гуфтугӯ кард. 

Ба гузориши маркази иртибототи раёсатҷумҳурии Туркия, Урдуғон ва Путин дар ин тамоси телефонӣ иқдоми табдил шудани ғаллаи Русия ба орд дар Туркия ва ирсоли он ба кишварҳои ниёзманди Африқоро мавриди баҳс қарор доданд.

Гуфтанист, бо шурӯъи ҷанги Русияву Укроин, ки роҳи содироти ғалладона аз Укроин, савумин истеҳсолкунандаи гандум дар ҷаҳон баста шуд. Туркия дар ҳамкорӣ бо СММ дар кушодани ин роҳ саҳим буд ва тақрибан контроли содироти ғаллаи Укроинро ба даст гирифт.  Русия дувумин истеҳсолкунандаи ғандум дар ҷаҳон аст.

Зоҳиран Туркия баъди табдил шудан ба хаби асосии тақсими газ дар минтақа, мехоҳад дар тақсими ғалла таъсиргузор бошад.

Тибқи гузориши фавқ, Урдуғон тайи тамоси телефонӣ бо Путин гуфт: омодаем барои таъмини сулҳ миёни Русия ва Укроин нақши миёнҷигарӣ ифо кунем.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *