Раҳбарони Гурӯҳи 7 муташаккил аз Олмон, Фаронса, Италия, Ҷопон, Бритониё, Иёлоти муттаҳида ва Канада дирӯз панҷшанбе 18 май дар шаҳри Ҳиросимаи Ҷопон гирди ҳам омаданд то дар ҷараёни нишастҳое, ки ба таври расмӣ аз имрӯз оғоз хоҳад шуд, мавзеъи муттаҳидтар дар қиболи Русия ва Чин гиранд.
Яке аз мавзӯъҳои меҳварии ин нишаст, ки ҳудуди 15 моҳ пас аз оғози ҳамалоти низомии Русия ба Укроин баргузор мешавад, ташкили як ҷабҳаи муттаҳид алайҳи Русия ва баррасии охирин таҳаввулот дар майдони набард аст ва бинобар ба эъломи Ҷейк Селливан, мушовири амнияти миллии Амрико, қарор аст Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин низ аз тариқи видеоконфронс дар ин нишаст ширкат кунад.
Илова бар раҳбарони ҳафт кишвари узв, бо даъвати Фумио Кисида нахуствазири Ҷопон, раҳбарони ҳашт кишвари дигар аз ҷумла иқтисодҳои бузурги навзуҳури Ҳинд ва Бразилия низ ба ин нишаст даъват шудаанд, то бо мушорикати онҳо, дар бораи ташдиди таҳримҳои Русия ва чигунагии мубориза бо шеваҳои давр задани таҳримҳо тавассути Маскав гуфтугӯ кунанд; Шеваҳое, ки ба Владимир Путин иҷоза додааст мошини ҷангии худро таъмини молӣ кунад.
Дунёе бидуни силоҳи ҳастаӣ?
Ин нишаст дар ҳоле баргузор мешавад, ки фаъолиятҳои низомии Чин дар обҳои байналмилалӣ ҳамчунин партобҳои мукаррари мушакҳои баллистики тавассути Кореяи шимолӣ бар нигарониҳо афзудааст.
Таҳдидҳои мукаррари Кремл мабнӣ бар ҳаракати ҷанги Укроин ба самти як даргирии ҳастаӣ низ ба сароҳат тавассути раҳбарони Гурӯҳи 7 маҳкум ва аз сӯи бархе нозирон ба унвони талоше барои мутазалзил кардани азми аврупоиҳо ва амрикоиҳо тафсир шудааст.
Ба ҳамин далел эҳтимол меравад дар ҷараёни боздиди барномарезӣ шудаи раҳбарони ширкаткунанда дар ин нишаст аз парк-музейи “Ёдбуди сулҳ” дар Ҳиросима, бори дигар ба ин таҳдидҳо ишора шавад.
Нахуствазири Ҷопон ҳамчунин моил аст, ки дар ҷараёни ин маросим, меҳмонони худ ба вижа Бритониё, Фаронса ва Иёлоти муттаҳидаро, ки маҷмӯъан дорои ҳазорон кулоҳаки ҳастаӣ ҳастанд, ташвиқ кунад то мутааҳҳид ба шаффофият дар эъломи вазъияти захоири худ, ҳамчунин коҳиши зарродхонаҳояшон шаванд.
Агарчи пеш аз ин низ бисёре аз раҳбарони низомӣ ва раисҳои пешини давлатҳо, аз ҳама қудратҳои ҳастаӣ хоста буданд, ки музокироти ҷиддӣ бо ҳадафи контроли таслиҳотро оғоз кунанд, аммо дар вазъияти ташдиди танишҳо ба вижа бо Русия, Кореяи шимолӣ ва Чин, умеди чандоне барои пешрафт дар ин замина дар ҷараёни нишасти Гурӯҳи 7 вуҷуд надорад.
Ин “як G-7-и зидди чинӣ нест”
Дар канори буҳрони Укроин ва ҳамалоти Русия, бахши бузурги дигаре аз гуфтугӯҳои ин нишаст ба мавзӯъи Чин ва чигунаги муҳофизати кишварҳо аз худ дар баробари боҷгириҳои иқтисодии Пекин ва ҷоҳталабиҳои низомии он ихтисос дорад.
Тамоюли Чин барои коргирӣ аз монеъаҳои тиҷорӣ бо ҳадафи муқобила бо дигар кишварҳо боис шуда, ки нигарониҳои зиёде дар бораи эҷоди мушкилот дар занҷираҳои тавлид ва таъмин ба вуҷуд ояд ва аз назари Ҷек Селливан, мушовири амнияти миллии Иёлоти муттаҳида интизор меравад, ки кишварҳои ширкаткунанда дар нишасти Ҳиросима, барои ғалаба бар ихтилофоти фароатлантикӣ бо ҳадафи гирифтани як мавзеъи воҳид дар қиболи давлати Си Ҷинпин тасмимгирӣ кунанд.
Бо ин вуҷуд, кишварҳои аврупоӣ ба вижа Фаронса ва Олмон таъкид доранд, ки ҳар хел ҳамоҳангӣ дар ин бора ба маънои қатъи равобит бо Чин нест ва ба ҳамин далел Кохи Элиз пеш аз баргузории нишасти Ҳиросима эълом кард, ки ин нишаст “як G-7-и зиддичинӣ нест”.
Иҷлоси сарони Гурӯҳи ҳафт ба мизбонии Ҳиросима, расман имрӯз ҷумъа оғоз мешавад ва ба муддати се рӯз низ идома хоҳад дошт, ҳарчанд дидори мақомот ҳамакнун дар ҷараён аст. Аз ҷумла дидорҳои нахуствазири Ҷопон бо Ҷо Байден раисҷумҳури Амрико, Риши Сунак ва Ҷорҷа Мелони нахуствазирони Бритониё ва Италия.