Ҳавопаймои “Boeing 787-8 Dreamliner”, ки Тоҷикистон ба 92 миллион доллар аз Мексика харид ва боиси вокунишҳои зиёд дар дохилу хориҷ шуд, субҳи 15 май ба Душанбе расид. Дар ин бора Радиои Озодӣ бо истиноба ба твитти Боб Ален, як масъули ширкати Nomadic Aviation Group аз шаҳри Сан- Бернардинои аёлати Аризонаи Амрико хабар медиҳад
Боб Ален бо нашри акс аз дохили ҳавопаймо аз оғози парвоз ба Тоҷикистон хабар дод.
Ҳукумати Мексика рӯзи 21-уми апрел эълон кард, ки ҳавопаймои раиси ҷумҳури ин кишварро ба ҳукумати Тоҷикистон фурӯхтааст. Ин навъи ҳавопаймоҳо асосан барои раҳбарони давлатҳо аст ва ё сарватмандоне, ки ҳавопаймои хусусӣ мехаранд. Онро ҳукумати Мексика соли 2012 гирифта буд.
Лопез Обрадор, раиси ҷумҳури Мексика, дар Твиттер хабар дод, ки ҳавопаймои «Boeing 787 Dreamliner»-ро ба арзиши 92 миллион доллар фурӯхтанд, ҳарчанд арзиши аслиаш 218 миллион доллар аст.
Ин хабар боис ба вокунишҳои зиёд дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон шуд, дар ҳоле ки раиси ҷумҳури Мексика гуфт, бо пули ҳавопаймо дар аёлатҳои фақири Герреро ва Оаксака бемористон хоҳанд сохт.
Ҳавопаймои раиси ҷумҳури Мексика аз соли 2020 дар ангар, маҳалли нигаҳдории ҳавопаймоҳо, «мехобид» ва дар ин муддат фурӯхтанаш чандон осон набуд.
Дар соли 2019 кӯшиш карда буданд, онро ба 130 миллион доллар бидиҳанд, аммо харидор наёфт. Ҳукуматдорони Мексика мехостанд, ҳавопаймои президентро ҳатто дар лотерея гузоранд.