Рубрики Хабарҳо

Раҳматуллои Раҷаб

Аҳли хонаводаи Раҳматуллои Раҷаб, яке аз роҳбарони зиндонии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар саҳфаҳои иҷтимоӣ хабар медиҳанд, ки  тайи рӯзҳои охир вазъи саломатии ӯ тамоман  нохуб аст. Ҳоло дар маҳбаси №1-и Душанбе қарор дорад ва ҳарорати танаш аз 38-39 пойин намефарояд, вале Раҳматуллои Раҷабро то ҳол барои табобат ба қисми тиббӣ нагузарондаанд. Нилуфари Раҷаб, духтари сиёсатмадори зиндонӣ мегӯяд, ки  доруву дармони лозимиро мерасонад, аммо дар беморхона таҳти наазорати табибон буданаш хеле зарурат дорад. 

Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб 5-уми июни соли 1958 дар деҳаи Такназарии ноҳияи Файзобод ба дунё омада, соли 1982 Донишкадаи омӯзгории Душанбе ва соли 1990 риштаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро ғоибона хатм кардааст.

Раҳматуллои Раҷаб дар замони Шӯравӣ дар кумитаи омори Тоҷикистон кор мекард. Ӯ соли 1990 ба ҷунбиши Растохез пайваст ва соли 1992 муовини мудири барномаҳои  Телевизиони мардумии Тоҷикистон — таъйин шуд.

Ӯ солҳои 1994-1996 сармуҳосиби Иттиҳодияи давлатии кооперативии ГКО «Роҳсоз”, сипас солҳои 1999-2004 дар созмони имдодии «Mission East” фаъолият карда, солҳои 2005-2006 дар нашрияи «Миллат” кор кардааст. Раҳматуллои Раҷаб солҳои 2006-2007 дар чопхонаи Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди  «Рафиграф” ба ҳайси ҷонишини мудир кор карда, сипас дар ҲНИТ ба кори ҳизбӣ гузашт

Ӯ ҳамчун корманди Шӯъбаи кадрҳо ва омӯзиши сиёсии ҲНИТ фаъолият намуда, аз соли 2006 корманди Шӯъбаи интихоботӣ ва соли 2007 раиси Шӯъбаи интихоботии ҲНИТ буд, соли 2010 узви Раёсати Олии  ҲНИТ шуд ва соли 2013 раиси ноҳияҳои тобеи марказӣ дар ҲНИТ интихоб шуд.

Раҳматуллои Раҷаб 16-уми сентябри соли 2015 ҳамроҳи 12 тани дигар аз роҳбарони ҲНИТ дастгир шуд ва моҳи июни соли 2016 бо ҳукми Додгоҳии олии Тоҷикистон ба 28 соли зиндон маҳкум шуд. Раҳматуллои Раҷаб ҳоло дар колонияи низомаш сангин дар Муассисаи ислоҳотии ЯС №3 дроб 1-Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ адои ҳукм мекунад. 

Оиладору соҳиби 5 фарзанд аст. 

Аз зиндони низомаш сангин фақат рӯзҳои сешанбеву ҷумъа ҳаққи зангзадан ба аҳли  оилаашро дорад.  Ӯ дар маҳбас аз чандин беморӣ азият мекашад, вале мақомоти Сарраёсати муассисаҳои ислоҳии вазорати адлия дархости хонаводаашро  барои анҷоми томография ва рентген  рад кардаанд. 

Дар айни шуйӯъи бемории ҳамагири куруно аз ин вирус низ чаандин зиндониён сироят ёфта буданд, ки дар қаторашон Раҳматуллои Раҷаб ҳам буд. Аз ин бемори расо як моҳ азият кашида, баъдан шифо ёфт. Ҳоло 61 сол дорад ва идомаи ҷазои ҷиноиро дар қатори дигар зиндониёни сиёсӣ  дар зиндон ба сар мекунад.  

Соима Саидӣ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *