Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса рӯзи душанбе дар ҷараёни нишасти конфронси сафирон дар Париж, нисбат ба уфули қудрати Ғарб ва ба вижа “хатари тазъифи Аврупо” ҳушдор дод.
Ӯ гуфт: “бар ин боварам, ки умури байналмилалӣ дар ҳоли печидатар шудан аст ва ба думболи он хатари тазъифи Ғарб ва ба шакли вижа аврупоии мо вуҷуд дорад.”
Ӯ афзуд, ки “бояд дар ин замина шаффоф бошем бидуни ин ки беҳад ба моҷаро бадбин шавем”.
Макрон дар мавзӯъи заъфи Ғарб ба нукоте ишора кард ва гуфт: “нахуст ин ки мо шоҳиди коҳиши айнии ҷамъият, сарвати тавлидшуда ва саҳмамон дар тиҷорати ҷаҳонӣ ҳастем. Ин масъала нисбат ба он чи дар ҷараёни буҳрони 2008 то 2010 дида шуд, равшантар аст. Ин моҷаро натиҷаи зуҳури қудратҳои бузурги байналмилалӣ аст, ки худро бар назми байналмилалӣ таҳмил мекунанд ва ба думболи буҳрони энержӣ тақвият шудааст. Зеро Аврупо дасти кам дар кӯтоҳмуддат тавлидкунандаи сӯхтҳои ихроҷшаванда нест.”