Рубрики Хабарҳо

Русҳо садди НБО “Каховка”-ро тарконданд. Хатари зери об мондани чанд шаҳр (Навор)

Сооте қабл артиши Русия садди Нерӯгоҳи барқӣ-обии “Каховка”, воқеъ дар вилояти Херсони Русияро тарконданд. Сатҳи об дар дарёи Днепр бо шиддат боло меравад ва хатари зери об мондани чандин маҳалли сукунат ба вуҷуд омадааст.

Нимашабии имрӯз, 6 июн садди “Каховка”, ки аз тарафи нерӯҳои Русия ишғол шудааст, тарконда шуд. Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ танҳо як таркиш рух дода, аммо баъди тахриб шуднаи сохтори садд, қисмҳои дигари он бо суръат дар ҳоли фурӯ рехтан ҳастанд.

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин чаласаи оҷили Шӯрои амнияти кишварашро фаро хондааст. Маъмурияти шаҳри Херсон, ки дар поёноби садд қарор дорад, ба кӯчонидани он маҳалҳое аз шаҳр, ки хатари зери об монданашон вуҷуд дорад, шурӯъ кардааст. Бархе аз қисматҳои ин шаҳрро аллакай об зер кардааст.

Шааҳраки Каховка ҳам, ки аз тарафи нерӯҳои рус истило шудааст, бо суръат зери об меравад.   

Тахриби садди Каховка ба бехатарии Нерӯгоҳи атомии Запороже низ таҳдид мекунад. Реакторҳои ин нерӯгоҳ тавассутиоби садди Каховка хунуконида мешаванд. Поён рафтани сатҳи об дар садд метавонад ин нерӯгоҳро бидуни об гузорад.

Ин хабар такмил мешавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *